Мошинҳои рабудашуда дар Олмон дар дасти атрофиёни Эмомалӣ Раҳмон?
Ҳудуди 200 мошине, ки дар Олмон дуздида шудааст, дар қаламрави Тоҷикистон пайдо гардидааст. Ин иттилоъро нашрияи олмонии Bild ба чоп расонда, гуфтааст, аксари ин мошинҳо, ки "БМВ"-янд, дар дасти хонавода ва афроди наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор доранд.
Bild мегӯяд, муфаттишони олмонӣ пайи ин мошинҳои дуздидашударо тавассути GPS дақиқ намудаанд. "Ҷониби Олмон бо нияти ҳамкорӣ ва бозгардондани ин мошинҳо ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат карда, вале посухи мусбат нагирифтааст",- навиштааст ин нашрия.
То ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин замина изҳори назар накардаанд. Вале ҳафтаи гузашта мақомоти Қирғизистон ду Range Rover-и садҳазор доллариро, ки дуздь буда, ба Тоҷикистон оварда мешуд, ошкор намуданд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |