Бахшҳо
19 дек 2013 09:50Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ / Акс

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои наздик парвандаи Умар Шарифов, сокини 21-солаи Душанберо, ки дар садамаи шаби 9 октябри соли ҷорӣ муттаҳам мешавад, ба додгоҳ ирсол хоҳад кард. Ин садама дар маркази пойтахт рух дода, се кушта ва се маҷрӯҳ бар ҷой гузошта буд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, ба “Озодагон” гуфт, алайҳи Шарифов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, додгоҳ мӯйро аз хамир ҷудо хоҳад кард. Оқои Садриддинов вале нагуфт, оё Умар Шарифов, ки қаблан таҳти пайгард ё ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт шудааст, ё на.

Номи Умар Шарифов баъд аз як моҳи садамаи маргбори шаби 9 октябр, ки бо иштироки БМВ-и Расули 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло – раиси ширкати Роҳи оҳан рух дод, пайдо шуд. Мақомот дар аввали ин садама Асрор Ҳукумов ва баъдан Расули Амонуллоро айбдор карда, волидони ӯро мавриди бозпурсӣ қарор дода буданд. Вале баъдан модари Расул танҳо барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон 120 сомонӣ ҷарима шуда, пойи писари худро аз ин баҳс берун кашид.

Ҳоло мақомот мегӯянд, гунаҳкори аслии садамаи маргбор на Расул, балки Умар Шарифов аст, ки ба гуфтаи онҳо гӯиё дар сари фармони мошин буд. Ба қавли мақомот, “ҳоло нисбат ба Умар Шарифов тибқи моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (барои истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду нафар ё бештар аз он шудааст) боз шудааст.” Барои ин кор дар Кодекси ҷиноӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Умар пештар бар асоси моддаи 237, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне авбошӣ, маҳкум шудааст.


АКСҲОИ БЕШТАР АЗ САДАМАИ ШАБИ 9 ОКТЯБР:

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)

Расул халос шуд. Парвандаи Умар ба додгоҳ меравад (АКС)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
рохгузар
Ачаб давру замон.

Рахмдил
Рамазон Рахимов худуд расман гуфти ки нисбати расул парвандаи чинои боз шудааст. ин парвандая хурди чи. рахимов хамин милитсия полис шавад хам хамун мемонад. чи хеле мегуянд ХАР ХАМУНУ ХУРЧУМАШ ДИГАР.

jon
Salom Mardumi Tojik,

bovaram kuned digar az inba sharmandaaovar man dar soli 2013 namebinam. Kheshuu tabor odam kushad odamoi begonaa gunahkor meshavad? Hukumov bo baroi rasulakaa BMW kharidae hay kardaa gashtaee.

Sharmandaii maqomothoii mooo...

Рости гап аз хондани ин мақола умедам тамоман барбод рафт. Фикр кардам ки Ҷаноб хешу табораша даъват карда насиҳат мекунад. Лекин афсус ки ҳеҷ кас дар ғами халқ нест. Зиқ шудам. МАрдум кур нест, мардум беақл нест. Иншоллоҳ рузе мешавад, ки боз Амон Ҳукум ҳамон боз калушфурушии худро давом медиҳад. Худо бузург аст, иншоллоҳ мо такя ба худо мекунем. Парвардигор касоне, ки мардуми Тоҷикистона азоб медиҳад, худат саришта кун. Омин Озодагон чоп накуни ту ҳами ранги Амон ҳукуми

Умар Шарипов аз кучо пайдо шуд мегуед? У аз сар буд факат аз хама пинхон медоштанд. Чи хел сари руль 2 кас шуданаш мумкин мегуед? Охир фаромуш кардед, ки писари Хукумов ноболиг аст- У ДАР БАГАЛИ УМАР ШАРИПОВ ШИШТА БУД....:)

Точикаки кампул
Хукумов деловой будай ку!! Я бачаша а тьюрмаи россия канд, инаш чан каса кушт иншам канда баровард. Пул море ми???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)