Бахшҳо
18 дек 2013 13:10Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Хешутаборчигӣ (непотизм) дар ҳукумати Тоҷикистон. Овоза ё воқеият?

Ҳумайрои БАХТИЁР

Ҳарчанд мухолифину коршиносон ва расонаҳо аз маҳалгароӣ ва хешутаборчигӣ (непотизм) дар ҳукумати Тоҷикистон зиёд гуфтаву навиштаанд, аммо ин бор низ Эмомалӣ Раҳмон натавонист, афроди наздики худро аз канораш биронад.

Дар ҳукумати наве, ки баъд аз адои савганди оқои Раҳмон ташкил шуд ва тағйироти кадрие, ки дар ниҳодҳои давлатӣ сурат гирифт, ба гуфтаи коршиносон, як гурӯҳи дигари наздикони президент роҳ ёфта, соҳиби мансабҳои калидӣ гардидаанд. Ин ҷо бештар аз Рустами Эмомалӣ, ки ба курсии раиси Хадамоти гумрук такя зад, ёдоварӣ мешавад.

Рустами Эмомалӣ танҳо фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон нест, ки соҳиби мақоми баланди давлатист. Дар баробари ӯ, Озода Раҳмонова низ мақоми расмӣ дорад ва муовини вазири умури хориҷист. Ҷамолиддин Нуралиев, домоди Эмомалӣ Раҳмон, низ ба ҳайси муовини вазири молияи Тоҷикистон кор мекунад. Давлаталӣ Саидов – муовини аввали нахуствазир, Бег Зуҳуров -- раиси Хадамоти алоқа, Амонулло Ҳукуматулло -- раиси Роҳи оҳан, Шералӣ Мирзо -- вазири дифоъ ва Бобоҷон Ҷамолзода -- фармондеҳи Горди миллӣ низ аз хешутаборони наздики Эмомалӣ Раҳмон дониста мешаванд.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, зиёд шудани наздикони Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумат ва вазифаҳои баланди давлатӣ ба ин маъност, ки “ҳукумат худро вобастаи мардум намедонад”. Ба таъкиди онҳо, ҳоло аксари тиҷоратҳои бузург низ ба аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад. Ин ҷо бештар аз Таҳмина Раҳмонова, духтар ва Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисиҷумҳур ном бурда мешавад. Иттилое, ки расман аз тарафи мақомот тасдиқ нашудааст.

Хешутаборчигӣ (непотизм) дар ҳукумати Тоҷикистон. Овоза ё воқеият?Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори тоҷик, афзоиши наздикони раисҷумҳур дар ҳукумат ва мақомҳои баланди расмиро ба манфиат намедонад. Вай мегӯяд, аксари онҳо на бо ҳадафи рушди бахши бар ӯҳда доштаашон, балки бештар барои ҷамъи сармоя кор мекунанд. “Вақте як ҳукумат аз тарафи мардум интихоб намешаваду аз овози мардум вобаста нест, он ҳукумат дар андешаи беҳтар кардани вазъи зисти мардумаш нахоҳад шуд”,-таъкид кард мусоҳиби мо. Абдуқаюми Қаюмзод мегӯяд, чунин тарзи кор хоси низом ё режимҳои худкома аст, ки бештар ба кадрҳои “худӣ” такя мешавад. “Ин навбат хешутабор ва наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳукумат зиёдтар шуданд. Яъне, ҳукумати Тоҷикистон назари мухолифину коршиносон, умуман ҷомеаро, ба эътибор нагирифт. Ин як ҳавобаландӣ, нописандии ҳукумат ва эътимоди зиёд ба нерӯи худ аст. Ин аст нишонаи ҳукумати худкома ва авторитарӣ”,-афзуд Қаюмзод.

Ин дар ҳолест, ки ба бовари Меъроҷиддин Ҳакимов, вакили Маҷлиси Намояндагон, ин ҳама сару садо атрофи ҷамъ шудани хешутабор ва афроди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон дар ҳукумати Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад. Ба қавли ин вакили парлумон, дар 43 фармони президент, ки аз тарафи Маҷлиси Олӣ тасдиқ шуд, ҳеч кадоме аз он мансабдорон хешутабори Эмомалӣ Раҳмон набуданд.

Меъроҷиддин Ҳакимов мегӯяд, дар интихоби кадрҳо дар Тоҷикистон авлавият ба таҷрибаи корӣ дода мешавад, на маҳаллу хешу табор: “Ин ҳама гапҳои кӯча ҳастанд. Ин сару садо аз сатҳу саводи эрод мегирифтаҳо гувоҳӣ медиҳад. Фарз кардем, як нафар мутахассиси хуб ҳаст, аммо робитаи хешутабрӣ бо президент дорад. Баъд чӣ? Аз ин гуна кадрҳо бояд истифода кард. Ба чунин шахсиятҳо бояд аз нуктаи назари фаъолият баҳо дод, на хешутаборӣ. Ин усул дар тамоми ҷаҳон таҷриба мешавад, на танҳо дар Тоҷикистон.”

Хешутаборчигӣ (непотизм) дар ҳукумати Тоҷикистон. Овоза ё воқеият?Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ба вазифаҳои калидӣ таъин кардани наздикони президент дар кишварҳои Осиёи Марказӣ анъана шудааст. Муллоҷонов мегӯяд, “бо чунин тасмимгириҳо ҳукумат исбот мекунад, ки чӣ мехоҳад. Агар ҳукумат дар андешаи рушди иқтисодиёт ва давлат бошад, пас, ба ин амал даст намезанад. Вале агар ин ҳукумат хоҳад, ки Тоҷикистон воқеан як кишвари ақибмонда бошад, таъини наздикон ба вазифаҳои калидӣ барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат мекунад.”

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 то ҳоло зимоми қудратро дар даст дорад ва бар асоси пирӯзияш дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ метавонад, ҳафт соли дигар ҳукумат биронад. Вай ҳоло 62-сола аст ва соҳиби 9 фарзанд – ду писар ва ҳафт духтар – мебошад. Оқои Раҳмон дар маросими адои савгандаш, ки 16 ноябри соли 2013 дар Кохи Сомон баргузор шуд, гуфт, барои рушди кишвар тамоми талошашро мекунад ва ҳатто омода аст, ҷони худро фидои ин Ватан кунад.
Мӯҳр
машок
бегона агар вафо кунад хеши манаст, ...

бегона агар вафо кунад хеши манаст, ...

золим
Нигох кунед ба окибати кори казофи,муборак,

Рахмдил
Озодагон навиштахои маро тагир надех ба ин хак надори... МАН ИН ТАВР НАНАВИШТАМ. Чавоб дех ё туям тарсончаки аз ту ин хел умед набуд

mehrojidin hakro gufti barodar.dushmanhoro kushti.

Афсус ки Хукумати мо худкома аст! танхо барои нафьи худ кор мекунвду халос . Халк дар инчо хеч ахамияте надорад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)