Бахшҳо

VIDEO: Пирӯзии Мадина дар сабқати зебоии "Краса союза"

Мадина Олимшоева, ҷавондухтаре аз Тоҷикистон ғолиби сабқати “Зебои Иттиҳод-2013” гардидааст.

Олимшоева донишҷӯи Донишгоҳи шаҳри Санкт-Петербурги Русия буда, дар ин мусобиқаи зебоӣ яке аз кишварҳои собиқ Шӯравиро намояндагӣ намуд. Ин духтари тоҷик дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба дунё омада, орзу дорад, соҳаи ҷаҳонгардиро дар Ватан боло барад ва зебоии табиати Тоҷикистонро ба мардуми олам муаррифӣ кунад.

Макони дуюмро дар ин мусобиқа Ҷаҳон Амонова, шаҳрванди Туркманистон соҳиб шуда, ҷоизаи нуқраиро ба даст овардааст. Дар ин чорабинӣ довталабон ба саҳна бо чанд ороиши либос баромад кардаанд. Барои мисол, дар як бахши мусобиқа иштирокчиён ба саҳна бо либосҳои миллие, ки ифодагари 15 кишвари собиқ Иттиҳоди шуравӣ шомил буданд, ҳозир шудаанд.



Яке аз хусусиятҳои хоси дигари барномаи ин сабқат аз он иборат буд, ки иштирокчиён бояд дар нақши қаҳрамонҳои филми даврони Шӯравӣ баромад мекарданд. Мадина Олимшоева нақши шоҳдухтар Будур аз филми "Чароғи сеҳрноки Аловиддин"-ро бозидааст.

Сабқати зебоии “Зебои Иттиҳод-2013” бори дуюм аст, ки баргузор карда мешавад. Бори аввал он соли 2012 барпо шуда, ба 90-солагии таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ бахшида шуда буд. Имсол низ ин сабқат маҳз рӯзи 5 декабр, ки аз соли 1936 то 1997 ҳамчун рӯзи Сарқонун таҷлил карда мешуд, баргузор шуда, ба Рӯзи Сарқонуни Иттиҳоди Шӯравӣ бахшида шудааст.
Мӯҳр
Хуҷанд
офарин ба ҳама тоҷикистониён. табрик.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)