Бахшҳо

“Ситора”-и тоҷик эътироф кард, ки зани саркардаи ҷиноии қазоқ будааст (ВИДЕО)

Ситора Назарова, сарояндаи тоҷиктабор, аз пайвандони Далер Назаров, ки айни ҳол дар Алмато умр ба сар мебарад, дар суҳбат бо рӯзномаи “Время” эътироф кардааст, ки замоне ҳамсари “Рижий Алмаз”, аз саркардагони олами ҷиноии Қазоқистон будааст, ки тобистони соли 1998 дар Барселона кушта шуд.

Назарова дар мусоҳибааш нақл кардааст, ки Тоҷикистонро ба далели ҷанги шаҳрвандӣ соли 1993 тарк карда, ба Маскав ва аз он ҷо ба Алмато омадаанд, чун дар Алмато ба бародараш, Парвиз Назаров кор пешниҳод намуданд.

Ӯ дар шарҳи рафтанаш аз Русия гуфтааст, дар шоубизнеси ин кишвар рушди корӣ тариқи ҳамхобагӣ бо масъулин ба даст меояд, ки инро хуш надорад. Ситора Назарова инчунин аз муносибати русиягиҳо ба тоҷикистониён интиқод намуда, изҳор доштааст, ки дар Русия дар симои ҳар тоҷик кӯчарӯбу гадоро мебинанд. Гарчанде ба гуфтаи ӯ муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз нигоҳи теъдод баъди Узбакистону Қирғизистон меистанд.

Ин сарояндаи тоҷиктабор изҳор доштааст, ки давоми 5,5 сол оиладор будааст ва баъдан шавҳарашро куштаанд. Ӯ гуфтааст, шавҳараш “Рижий Алмаз” ё худ саркардаи олами ҷиноии Қазоқистон дар солҳои 90-ум будааст, ки баъдан кушта шуд. Назарова таъкид намудааст, ки муддати дароз талош кардааст, аз муносибаташ бо “Рижий Алмаз” ёдоварӣ накунад, то таваҷҷуҳи душманонашро ҷалб накунад: “Аммо ман дар зиндагӣ имтиҳоноти мушкилеро аз сар гузарондаам, ки дигар намеарзад, аз чизе битарсам.”

Ситора Назарова таъкид намудааст, ки худро шаҳрванди ду кишвар, Тоҷикистону Қазоқистон меҳисобад. Дар Тоҷикистон таваллуд ва калон шудааст, аммо қисми зиёди ҳаёташро дар Қазоқистон ба сар бурдааст ва ин кишварро низ ватани худ ҳисобида нияти тарк кардани онро надорад.

Парвиз ва Ситора, хоҳару бародар, аз пайвандони Далер Назаров, аз номоварони мусиқии эстрадаи тоҷиканд. Парвизу Ситора дар шоу бизнеси Қазоқистон мақоми хос доранд ва бо таронаҳои худ дили ҳазорҳо нафарро тасхир кардаанд. Ҳар тарона ва ҳар клипи онҳоро тамошобини қазоқ гарм истиқбол мекунад.

Парвиз ва Ситора аслан дар алоҳидагӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, аммо чанд таронаи муштараки онҳо нуфузашонро афзуд. «Райҳон» (таронаи Андӣ), «Америка-Европа» аз сурудҳои муштараки Парвиз ва Ситораанд, ки аз истиқболи гарми мухлисон бархӯрдор шуданд. Ин ду суруд бо русӣ иҷро шудаанд, аммо ахиран дар шабакаи аввали телевизиони Русия суруди «Оре-оре»-ро бо тоҷикӣ хонданд.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Аввалан аз "Озодагон" хоҳиш мекунам шахсоне,ки нисбати Ватану миллат суханҳои қабеҳ менависанд,дар шарҳ ҷой надиҳед.Сониян барои шахсоне,ки нисбати Ситора суханҳои бад мегӯянд,гуфтаниям;Санъаткор,як тарғиботчии беҳтарини фарҳангу забони миллат аст!Бубинед,ки ҳангоми баромади Парвизу Ситора,тамошобинон-ситораҳои Руссия чи қадар кафкуби
мекунанд,ҳатто аз ҷой бармехезанд,ин нишонаи иззату ҳурмат аст.Барои чи мо-Тоҷикон,"Худкуши бегонапарасти"-ро бас намекунем?Агар дар ин барнома ягон ӯзбак ё қирғиз баромад мекард,чи қадар аҳсанҳову афсусҳо мешуд.Зинда бош,Ситора!Ҳамеша дурахшон бош!

офарин Ситора ва Парвиз хеле хуб!
Лекин аз кадом давлат ва миллат пеш ба саҳна баромаданашон эълон карда бошан? Баъзе ҳо мисли Рашид Рахимов худро тоҷик намегиран?

Суруш
Редаксияи азиз-мардуми-шарифи-помири-як-гунох-доранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)