Бахшҳо

Рустами Эмомалӣ, писари президент -- раиси Хадамоти гумрук

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 30 ноябр раҳбари Хадамоти гумруки кишвар таъин гардида, дар ин мақом Гурез Зариповро иваз кард. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, оқои Зарипов бознишаста шудааст. Рустами Эмомалӣ то кунун ба ҳайси муовини раиси Хадамоти гумрук фаъолият дошт ва ҳоло ин мақом бар ӯҳдаи Ашӯралӣ Мирзоев гузошта шуд.

Рустами Эмомалӣ, ки 26 сол дорад ва дар ҳоли ҳозир ҷавонтарин соҳибмансаби тоҷик дониста мешавад, тақрибан шаш соли охир дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Вай бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намудааст. Соли 2009 дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон ва соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Рустами Эмомалӣ яке аз муассисони клуби футболи "Истиқлол" аст.

Вай фарзанди дувуми президенти Тоҷикистон аст, ки мақоми расмӣ дорад. Озода Раҳмонова, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло муовини вазири умури хориҷист. Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, соҳиби 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар – мебошад.
Мӯҳр
Точик
Шоди,
Дар кадом мухит калон шудааст? Мухити мошинсавори дар хиёбони Рудаки бо суръати 300 км/соат?

Рахмонов гумон мекунад, ки ба у ичоза хоханд дод, ки писарашро баъди худ сари кудрат биёрад.

бузурги ба акл аст на ба калонсоли аст

Мадвали
Акаи "Точик" нафахмидем, ки худут бо амири шабонаи Точикистон будаи. Хохиш сафсатагуиро аз номи халки точик бас кунед. Мардум дигар ба халахала ва инаш унаши шумо бовару эътимод надоранд. Кор кунеду нон ёфта хуред. Муфтхуро. Кори шумо ба Рустаму сухроб чи? Касе шавад ба ману ту чи агар худо хамин вазифара ба маву ту лоик надида бошад, чи кор кунем. Лезвакати кушодтар кунем.

Табрику офарин бар шумо Рустам. Шери нарвори кор карда баъзе холасифатора дахоншона бубанд.

Шоди,
Сипос, ки ба қалами банда таваҷҷӯҳ мекунӣ. Ҳар ҷо адлу иснсофу ҳақиқат ҳаст, ман ҳамонҷоам!

Норин
вой доде доде доде маладес ЧО

Гумрук
Харчи ки ин авлод аз хорич биёранд бору мошину дигар бе додани налог мегузарад вале вой ба холи точики сохибкори бечора! Чаро ягон нафари дигаррро дар ин сину сол вазифа намедиханд, чаноби олитон хамин аст?

масхара
аку бачаи 26-солара чиву вазириш чи!? тем более бачаи нозпарвари президента.

Мадвали,

Ту чидди фикр мекуни, ки бачаи президент шишта 8 соат кор мекунад? Иктисодиёро бачаву тагойбача пеш намебарад. Иктисодиётро мутахассисони варзида ва серкор пеш мебаранд.
Дар мавриди "кор кунед нон ёфта хуред", точикхо дар Россия кор кардестану нон хурдестан. Касе ба умеди шумо мадвалихо нест.

Чи тавре Шоири дарбори Бозор Собир ба калам мурочиат карда мегуяд Шаш ангуштам дар дастам ин мушти ман аст мушт дар пушти манаст тобиши сиесиаш хамин дия

Мачнун- яъне Девона
Акнун дида ист нархи гушт 100 сомони мешавад!

ба хамаи каментарий кардагон!!! Икада хамаи шумохон халки точик ба бахиливу душмани олуда хастед! Ба шумохон фаркш чи ки чихел кор мекунад? Дар чихел вазифа кор мекунад? Инхел одатхоятонро аз дил бароварда партоетон! Бахили карданки ояндаатон ба пеш намерад! Инро хуб дарк кунетон!

фаррух
Мадвали, бисер аклаки накун. Мумкин ту ягон чо кор накуни ягон одами бекорхуча бошиву аз сиесати хукумату пз халки сарсону саргардон. Падарт лаънат ояндара фикр кун. Хозир инхо як хел кардестан ки хамаашон фикри танхо худашонро кардестан.Бадахлоко. Дар давраи шурави дар Дангара як кадр набуд хама харсавор бо имруз хамаш басаводтарин шидан. Вазир. Сарвазир. Ин кор окибат надорад. Халки Кулоби бечораро ба консерт фандшон кардан. Ку вазифа ба Кулоби амика руз вазифа додан буд ягонташа навистанки аз шахри Кулоб, ки Кулоб 3-4 баробар аз Дангара калон аст. Кулоби Кулоби 2 сол пас номта фаромуш мекнан.

хабархон
яке мегуяд "вазирон пиранду дигар тавони кор надоранд ва барои чавонон рох нест", дигаре гумон дорад, ки дар таксимоти вазифа аз махал кор мегиранд, ахиран ба хулосае омаданд, ки "кудакро раис карданд". хикояи махсуми Горкий ба ёд меояд: "дар кучо инро дидед, аз ки инро шунидед. бобо равад пиёда, наберааш пиёда..."

аз номи орзу ва аз номи мардуми москав шуморо табрик мекунем бародари ахли ислом

Рустам алакай ба вазифаи рахбари гузашт аз футболбози, худо хохад апамон Озода паи Зарифира мекана баъди чанд муддат эълони вазири умури хоричии ЧТ таъин шуданаш аз эхтимол дур нест....

Сафар аз Дангара
Бахсхои Шуморо хондам, бародарон ман намефахмидам агар пирхоро вазифа тиянд меген пирай чавонара фазифа тиян меген чавонай, биёен чихеле, ки Чаноби Оли мега " Чавонон ояндаи чамъият" мохам Рустамчонро дасгири намоем. Баъд чунин гуфтанием, ки бародарон мохам агар дар кисамон аз 200сомони пул зиёд дашта бошем чи номаъкулихо мекунем, и мардак Шохзодааё ошаш шава. Барори кор тарзе кор намо, ки фахри миллат ва номбародори падарат боши. Камбудихои Гуреза чунон ислох намо, ки ягон хешу табораш дар ин соха намона чунки хаминхо ура падвадит кардиян. Барори кор Рустамчон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)