Бахшҳо

Илҳом Ёқубов: “Ҷои Расулзода курсии нахуствазирӣ набуд”

Қоҳир Расулзода то замони омаданаш ба мақоми нахуствазири Тоҷикистон раҳбарии вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт. То ҳоло аксарият ӯро ба унвони раҳбари озодандеш ва ободкор мешиносанд. “Озодагон” аз соҳибназарон пурсид, оё Расулзода дар мақоми нахуствазир ҳам худро нишон дода метавонад?


Раҷаби МИРЗО, журналист:
“Қоҳир Расулзода аз соли 2000 дар майдони сиёсат пайдо шуд. Дар ин муддат ҳамчун вазири обу обёрӣ ва раиси вилояти Суғд худро хеле хуб нишон дод. Бахусус, ба унвони раиси вилояти Суғд фаъолият кардан мушкил буд. Мушкил аз он нуқтаи назар, ки он фазое, ки Қосим Қосимов сохта буд, онро шикастан ҷуръат мехосту Қоҳир Расулзода ин корро анҷом дод. Дар ин маврид назари мардумро ба худ дигар кард. Ӯ исбот кард, ки як шахси комилан дигар аст ва бо ҷуръат. Баробари ба курсии сарвазирӣ омадан, фикр намекунам, ки ӯ ҳамон хусусияти худро ҳифз карда тавонад. Чунки тибқи қонунгузории Тоҷикистон имкониятҳои сарвазир маҳдуд буда, дар бештар маврид имконияти муовини аввали нахуствазир васеътар аст. Фикр намекунам, ки бо ин низоми амалкунанда Қоҳир Расулзода чизеро иваз карда тавонад. Шояд иродаву имконияти ӯ барои идораи як вилоят, як вазорат кофӣ буд, то ӯ корҳои техникиро анҷом диҳад. Аммо дар курсии сарвазирӣ, ки ин бештар сиёсӣ ҳаст, бар он бовар нестам, ки Қоҳир Расулзода худро муаррифӣ карда тавонад. Агарчӣ ӯ мехоҳад, аммо қонунгузории мо дар ин маврид маҳдуд аст.”

Илҳомҷон ЁҚУБОВ, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд:
“Қоҳир Расулзода қабл аз дипломат будан, ҳамчун инсон хоксор ва ахлоқи намуна дошт. Давоми фаъолият дар вилоят мо дидем, ки вилоят чӣ гуна рушд кард. Ба симмати сарвазир таъин шуданашро ҳамчун сокини вилоят қабул надорам. Зеро дар кишвари мо нахуствазир имконияти васеъ надорад. Барои ҳамин, фикр мекунам, бо он ақлу заковат дар вилояти Суғд оқои Расулзода корҳои бештареро анҷом дода метавонист. Имкониятҳои сарвазир маҳдуд асту он иҷоза намедиҳад, то Қоҳир Расулзода ифои вазифа кунад. Аз ин хотир метавон гуфт, ки барои ин шахс сарвазирӣ намезебад.”

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, таҳлилгари сиёсӣ:
“Он вазифвае, ки Қоҳир Расулзода гирифт, хеле маҳдуд аст. Акнун ӯро лозим меояд, то дар доираи як чаҳорчӯба кор кунад. Фаъолият ва имконияташ маҳдуд мешавад. Новобаста аз он ки дар курсии нахуствазир чӣ гуна мутахассис менишинад, соҳиби ин курсӣ дар чаҳорчӯбаи муайян фаъолият хоҳад кард.”
Мӯҳр
Хуршед
Дар хакикат рохбарии Расулзода аз Косим косимов фаркияти зиёде дошт!Косимовро то хол мардуми вилояту мардуми шахр бо як хисси нафрат ёдовари мекунанд.Кортежи бадвохимаи вай аз президентхои баъзе давлатхои дунё бадвохиматар буд.Дар кучаи,ки хонаи у дар он чо буд,мардуми оддиро дошта мезаданд.Чи кадар бесару сомонихое мекарданд бародарони у.Ва хатто як даврае буд,ки бо рохбарии бародари у чафъар байни точикони масчох ва хучанд чанги байни махалли ташкил карда шогирдчахояш гурух гурух дар шахр масчоихоро лошта мезаданд...Ман хайронам барои чи президент ин шахси НОЛОИКЕ,ки вазорати кишоварзиро барбод дод то хол аз вазифа нагирифтаасту баръакс ба вазифааш гузошт!Баъди рохбар шудани ин шахси тамоман нолоик вазорати кашоварзи ба тамом дабдала шуда хатто картошкаю карамр ва дигар мевахоро мо аз хорич мехарем.Заминхои лалми тамом фурухта шуданд.

OZOD
zinda boshi rasulzoda.n.maschora bisyor yory mekard.tez tez khabar megirift/

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)