Бахшҳо

Эшони Қиёмуддин: “Ёдоварӣ аз қатли Ҳусайн ба маънои пайравӣ аз шиа нест”

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, яке аз рӯҳониёни тоҷик, бар ин аст, ки баргузории маросими Ошӯро ё ёдоварӣ аз ин рӯз ба маънои пайравӣ аз мазҳаби ташайюъ нест.

Рӯзи Ошӯро, ки дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам аз он таҷлил карда мешавад, аз сӯи пайравони бархе аз мазоҳиб рӯзи мотам эълон шудааст. Қиёмуддини Ғозӣ, ки дар саҳифаи Фейсбуки хеш дар ин бора ибрози назар карда, мегӯяд, баргузории маросими Ошӯро ин маънои ёдоварӣ аз рӯзи ба қатл расидани Ҳусайн, набераи паёмбар (с) мебошад. Ӯ гуфтааст, “магар Ҳусайн аз бародарони шиа мебошад, ки Ошӯро аз онҳо бошад?! На Ҳусайн аз шиаҳо ҳасту на Ошӯро.”

Ба гуфтаи ин рӯҳонии тоҷик, маросими “Ошӯро” ҳам моли пайравони аҳли суннат ва ҳам ташайюъ мебошад: “Ҳусайн ва Ошӯро ҳам аз шиа ҳаст ва ҳам аз суннӣ. Гиря дар азои Ҳусайн, гиря ва ашк дар азои Расули Худо(с) маҳсуб мешавад. Чунки паёмбар (с) фармуданд: “Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайн.” Ин дар ҳолест, ки Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон дар мавриди маросими Ошӯро назари дигар дорад. Ӯ дар як суханронии худ дар намози ҷумъаи гузашта гуфта буд, "бар асоси мазҳаби Имом Абуҳанифа ва аҳли суннат ва ҷамоат дар рӯзҳои 9 ва 10 моҳи муҳаррам ҳеч гуна мотамгирию хушҳолӣ ва худзанию гиребончоккунӣ нест".

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват намуда буд, аз мотам ва хурсандӣ дар ин рӯз худдорӣ кунанд. "Ошӯро" аксаран аз ҷониби шиамазҳабҳо дар даҳаи аввали моҳи муҳаррам ба хотири ёдбуди қатли Имом Ҳусайн, набераи ҳазрати Муҳаммад (с) ва писари ҳазрати Алӣ (р) дар дашти Қарбало қайд карда мешавад. Дар ин рӯз бархе аз пайравони ин мазҳаб бо абзори оҳанин ба бадани худ зада, тани хешро хуншор менамоянд, ки баъзан мунҷар ба ҳалокати бархе аз ин ашхос низ мешавад. Моҳи муҳаррам тибқи солшумории мелодӣ рӯзи 4 ноябр фаро расид ва интизор меравад, маросими Ошӯро рӯзи нуҳуми моҳи муҳаррам баргузор гардад.
Мӯҳр
Салим
Ин Киёмиддини гози ба Эшони хам намеарзад,фарзандони вай хам инчунин худро эшонзода меноманду,корхое ки онхо кардаанд,аз корхои шайтони мебошанд.Эшонзодаги ба онхо хайф аст.

ХУДОВАНД ИЛМАТОНРО БОЗ ХАМ ЗИЁДА ГАРДОНАД ЭШОНИ КИЁМИДДИН РОС МЕГУЕД ЁДБУДИ КАТЛИ ХУСЕН ШИЪАГАРОИ НЕСТ КАСЕ МУХАММАД.(С) ДУСТ МЕДОРАД БОЯД АХЛУ ОИЛААШРО НИЗ ДУСТ ДОРАД САИДМУКАРАМ ИЛМ НАДОРАД ВАЙ ЧЕБАКИ КАЛОН ДОРАД

домуло
баноми худои мехрубон хар коре, ки окибаташ фитна байни мусалмонон аст накарданаш хубтар аст мочарои байни имом хусайн (р) ва язид низ аз чумлаи ин корхост касе ки гунахкор буд назди худои бузург чавобашро дод хочат ба кохи кухна бод додан.

muhamad
Ashon soli 92 mardumi tojika islom gufta jang andokhti boz shiay ahli sunat gufta jang andokhtani baroi hamin tajribaash shiaho istifoda burdestanash misli komunistho istifoda burdan bo digar dustonash misli nuri va turajonzodaho va saidumar husaini va maruf istaravshani ashoni sator makhsumi sator kabiri himatzoda va digar dinfurushonu vatanfurushon

Dinatam pul budast vatanatam shaitongari bas

vahdat
Chisabab ast inho shia shudan fakri moli boshad yoki fakri imoni hamashon rafta shiashuda gashtan podabarin malum shud inhoro az khorij kase roh nishon medodast khudashon ilmu fahmish nadoshtaan

Mardumi tojikro akhmak kardan dar zohir chimeguftan botinashon chibudast pulu mol jammekardastan

muhamad
tu barin inson khudo va rasul nafahmid ki umruz dar islom chize ziyodu kam kardestai ax khudo tars besavod


икромбой кизилов
ачаб мардумед шумо мусалмонон. Хам набераи Пайгамбари хешро барои нафси шуматон кушта авлодашро нобуд кардед ва хам худро дустони МУхаммад мешуморед ва умед доред дар он дунё шуморо аз гунохоятон шафоъат мекунад.... Харгиз.. котилони авлоди Пайамбар ва касони пайрави онхо бахшида намешаванд. кори Илохи бози ва худфиреби нест. хак ба чониби пайравони авлоди Пайамбар аст, на бап чониби душманони Пайамбар...

Бехтарин суханро бародар FREEDOM навиштааст. Шумо аз ин бародар пайрави намоед пушаймон нахохед шуд.

Чаро дар ошуро аз абубакр ибни али
умар ибни али ва г...
Ёдовари намишад???
Унохам ай пахлуи хусайн шахид шуда буданд.
Сабаб чист?

ОХИР ШИЪА ШУДАНИ ИН УСТОДИ БУЗУРГРО ХАММА МЕДОНАНД эШОНИ КИЁМИДДИН БО ТАМОМИ АХЛУ АВЛОДАШ МАЗХАБИ ШИЪАРО КАБУЛ КАРДААСТ ВА АЗ ИН МАЗХАБ ДИФОЪ ХАМ МЕКУНАД. МУТААССИФОНА БАЪЗЕ АЗ УЛАМОИ МО ЗАРХАРИД ШУДААНД ВА БО ЯК ОСОНИ МАЗХАБИ ХУДРО БО ПУЛУ МОЛ ФУРУХТАНД.

Сардор
Бовар кунед дар хамин Точикистони мо ягон ханафи намондаст ба худо ба ном ханафи хастанд вале хама мафкураи салафи доранд , ба чуз аз Турачонзодахо ва чанд тани дигар

ahmad,
Рустам,
mahmud,
Ассалому алайкум бародарони ахли ислом ман огози суханро ин тарз шуруъ мекунам:
Лаънат бар вахобихо ва салафихои хозира....
Ман шукри хазрати Худованди олам, ки хам аз илми ислом хабар дорам ва алхамдудиллох, ки ХАНАФИ мазхабам.
Касе аз шумо гуфт, ки эшони Киёмиддин аз авлоди пайгомбараст ва бояд, ки махсус ту бидони Абулахаб амаки пайгомбар буд, ки сураи "таббат" ба у нозил шудааст Бедил гуфтааст:
ОН КАС, КИ ФАХР БА АВЛОДУ АЧДОД МЕКУНАД,
ЧУН САГ БА УСТУХОН ДИЛИ ХУД ШОД МЕКУНАД.
Ва касе гуфт, ки ба кадри у илм надори чавоби ман ин, ки сад миллион хайфи илм хайф шудааст ва агар у илми комил медошт аввал вахобию шиъа намешуд ин Киемиддини гози бо хамрохи мулло Махмадшариф якчо буданд инро хам мо медонем.
Саволи бародари дигар, ки дар рузи мотам руза гирифтан бародар чихели мотам кадом мотам ин мотами шиъахо аст на аз Ханафи мазхабхо ё туро хам гипноз кардаанд чи мехохи рав мотам гир рав гиряву фигон кун рав худро занчиршап кун.
Ман намедонам, ки шумо чанд солаед лекин агар дар вакташ фитнагартхои инхоро медиди талхакаф мешуди.....

jamshed,
FREEDOM,
Салим,
Мазхаб фуруши баробари дин фурушист.....
Саломат бошед бародарони азиз Точикистон чои вахобихо ва шиъахо нест....


Эмом Хусайн дар Чаннатул Фирдавс хурсанд аст ва рохат дорад.Шумо чи ин кадар худатона сару рутона зада хуншор мекунед.

misr
Dar in ruz ruza megiri na motamu na zanjirzani va ruzi kablash ham ruza megiri sunat ast az korhoi bofta dur shaved hamaash bozi dar amoni movu shumost

Ashoni johil khon fahm bad sukhan gui aval ilm ast bad amal on vakt in gaphoro megufti mardum namefahmid digar damata gir

хусайн
Ислом аз панч мазхаб иборат аст,ин мисли панч бародар мебошад,яке аз дигаре бехтар нест ва ин имомони мазхаб шогирдони ягдигаранд.чои таасуф,ки хангоми бахсхо таасуботи мазхаби боло мегирад , на бахсхои илми-тоърихи ва дини...мо дар фанофари тафаккури карахт ва дин шикебои надорем...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)