Ҳукумати Тоҷикистон баъд аз 16 ноябр ба истеъфо меравад
Ҳукумати Тоҷикистон тибқи қонунгузории кишвар баъд аз 16 ноябр, яъне пас аз маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон ба истеъфо хоҳад рафт.
Ин яке аз талаботи қонуни конститутсионии Тоҷикистон мебошад, ки баъд аз маросими савгандёдкунӣ ва ба фаъолият оғоз кардани президенти тозаинтихоб бояд амалӣ шавад. Маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон, ки дар интихоботи ахир бо 83,6 дарсади раъйи мардум бори чорум президент шуд, 16 ноябр, дар ҷаласаи муштараки ду палатаи парлумон, дар назар аст.
Истеъфои ҳукумат дар ҳоле дар назар аст, ки айни ҳол бисёре аз вазирону раҳбарони кумита ва идораҳои давлатӣ ба синни нафақа расидаанд. Ҳоло синни миёнаи аъзои ҳукумати Тоҷикистон 56 солро ташкил медиҳад. Бар асоси қонун дар кишвар синни нафақа барои мардҳо 63 ва занҳо 58 сол муайян шудааст. Айни замон панҷ узви ҳукумат алакай аз ҳадди муқарраргардидаи синни нафақа гузаштаанд. Муҳлати миёнаи будубоши аъзои ҳукумат дар вазифаҳои феълияшон 5 солро ташкил медиҳад. Аз рӯи муҳлати ишғоли вазифа, Шералӣ Хайруллоев, рекордсмен аст, ки 18 сол боз вазири дифои Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳайати ҳукумат ҳамагӣ 2 зан кор мекунад. 13 узв ё худ 61,4 дарсади аъзои ҳукумати феълӣ зодаи вилояти Хатлонанд. Аз ҷумла, 7 нафар ё 33,3 дарсад аз ноҳияи Данғара мебошанд. Вилояти Суғдро дар ҳукумати феълӣ 5 нафар намояндагӣ мекунанд, ки 23,8 дарсади аъзоро ташкил медиҳад. Аз ноҳияҳои тобеи марказ дар ҳайати ҳукумат 2 нафар (9,5%) ва аз вилояти Бадахшон 1 нафар (4,7%) кор мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |