Даъвати генерали амният барои таҳрими интихоботи президентӣ
Генерал Оразшоҳ Пояндашоев, собиқ муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, бо пахши як муроҷиатнома аз мардуми Тоҷикистон хостааст, ба хотири ҳифзи шаъну шарафи худ аз ширкат дар интихоботи президентии 6-уми ноябр худдорӣ кунанд.
Пояндашоев, имрӯз, 1-уми ноябр, бо пахши як муроҷиатнома гуфтааст, ҳукумати феълӣ тайи беш аз 21 соли ҳукмронияш таъқиби мухолифину дигарандешонро пеша карда, ба хотири ғаразҳои шахсӣ аз роҳҳои ғайриқонунию ғайриконститутсионӣ кор мебарад.
Бо зикри ин собиқ генерали амният, ки айни ҳол дар Русия умр ба сар мебарад, аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват кардааст, дар интихоботи президентӣ ширкат накунанд.
Ин дар ҳолест, ки бегоҳи 31-уми октябр Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон интихоботи президентии 6-уми ноябрро таҳрим эълон кард. Ин ҳизб, ки рӯзи 31 октябр ҷаласаи навбатии Шӯрои сиёсии худро баргузор кард, мегӯяд, интихоботи президентии Тоҷикистон хилофи арзишҳои демократӣ, манофеи миллӣ ва ғайриқонунӣ буда, онро қабул надорад.
Аммо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ин иддаоро бепоя хонда, таъкид дорад, ки маъракаи интихобот дар кишвар дар доираи меъёрҳои байналмилалии демократӣ сурат гирифта истодааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |