Талбаков: Аввалин коре, ки мекунам, “Ҷаноби Олӣ”-ро мебардорам
Исмоил Талбаков, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати пирӯзиаш ба касе иҷоза нахоҳад дод, ки ӯро бо ибораи “Ҷаноби Олӣ” хитоб кунанд.
Оқои Талбаков дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз ҳамагон хоҳиш мекунад, агар дар интихоботи президентӣ ғолиб шавад ё худ дар ғайри ин сурат низ ӯро на “Ҷаноби Олӣ”, балки “Рафиқ Талбаков” ё “Рафиқ президент” садо кунанд. Ба андешаи ин муддаии курсии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, хитоб кардани ашхос бо ибораи “Ҷаноби Олӣ” ё худ вожаи “Ҷаноб” ин як навъи хушомадгӯӣ мебошад, ки ҳатто раисиҷумҳури вақт низ онро хуш надорад: “Ҳар вақт вожаи “Ҷаноби олӣ” гуфтӣ, алакай як лаганбардорӣ эҳсос мешавад. Ҳатто борҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз раҳбарони вазорату шаҳру навоҳии кишвар хоҳиш кардааст, ки ӯро Ҷаноби олӣ хитоб накунанд.”
Исмоил Талбаков изҳор медорад, принсипи асосии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ин баробарию бародарӣ ва рафоқат мебошад. Аз ин рӯ, ба андешаи ӯ, ҳангоме ки шахс ба мухотаби хуб, сарфи назар аз он ки калонсол ё хурд аст, аз вожаи “Рафиқ” истифода кунад, ин принсип иҷро шуда, як навъи бародарию баробарӣ ба миён меояд: “Яъне аз он шаҳодат медиҳад, ки ту он нафарро баробари худ медонӣ. Чун мо ҳама инсонем ва баробару бародарем. Боқӣ ҳама вазифаи хидматӣ, аз ҷумла вакилӣ ё президентӣ мебошад, ки мардум бар дӯши ту мегузоранд.”
Номзади Ҳизби комунисти Тоҷикистон ба мақоми президентӣ мегӯяд, дар гузашта мушоҳида нашудааст, ки боре раҳбари ҳизб ё худ давлатҳоро ҷаноби олӣ садо карда бошанд, балки рафиқ фалонӣ гуфта, хитоб менамуданд. Барои мисол: Рафиқ Сталин, рафиқ Ленин, рафиқ Чавес ва ғ..
Исмоил Талбаков меафзояд, то ҳол боре аз ибораи ҷаноби олӣ ё худ ҷаноб истифода накардааст, ҳатто дар вохӯрӣ ва хитоб бо раисиҷумҳури кишвар низ: “Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2006 дар интихоботи президентии Тоҷикистон ба рақибонаш ғолиб омад, моро сари миз даъват кард ва ман дар он вохӯрӣ низ чандин бор ба ӯ на Ҷаноби олӣ, балки Рафиқ Раҳмонов ё Эмомалӣ Шарипович хитоб кардаам.”
Исмоил Талбаков, ки айни ҳол вакили Маҷлиси Намояндагон ва муовини раиси Ҳизби коммунист мебошаду аз тарафи ин ҳизб номзад ба мақоми президентӣ дар интихобот пешбарӣ шудааст, барои бори дувум ба дарёфти курсии президентӣ вориди рақобат мешавад. Вай соли 2006 бо Эмомалӣ Раҳмон, Абдуҳалим Ғаффоров, Олим Бобев ва Амир Қароқулов вориди корзори интихоботи президентӣ шуда, аммо натавониста буд раъйи кофӣ ба даст биёварад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |