Бахшҳо

“Дар қадамот ҷонум, Ҷаноби Олӣ”. Нуқтаи авҷи таъриф ё ҳанӯз оғозаш? (ВИДЕО)

Ба назар мерасад, қолаби суханҳову шеърҳо дигар барои вассофони Эмомалӣ Раҳмон тангӣ мекунад. Онҳо сатҳи нави мадҳу сано - сурудхониро ихтиёр кардаанд. Аммо оё ин нуқтаи “пик” аст ё аз ин бештар чизе имкон дорад?


Таърифу тавсиф ва ҳамду санои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафарҳояш ба минтақаҳои кишвар ба авҷи аълояш расидааст. Тасаввур кардан душвор аст, ки аз ин бештар мардум чӣ гуна ва бо чӣ сифате президентро мадҳ мекунанд. Агар дар оғоз бо гуфтани “президенти муҳтарам”, “сарвари оқил”, “раҳбари хирадманд ва дурандеш” иктифо мекарданд, ором-ором фонди луғавии онҳо бо “шоҳи одил”, “шоҳи шоҳон” ғанӣ шуд. Кор то ҷое расид, ки вақте президент аз ягон хоҷагии деҳқонӣ дидан мекард, ҷумлаҳое монанд ба “бо шарофати Шумо ҳосили зиёд гифтем” низ чизи маъмулӣ гардид.



Ин гапи нав нест, ки мегӯянд, минтақаҳо барои пешвоз гирифтани президент ва тавсифу мадҳи ӯ гӯиё як навъ мусобиқа мекунанд. Аммо ба назар мерасад, онҳое ҳам ки дар як ҷамъомад дар ҳузури президент сухан мекунанд, новобаста аз ҷинсият ва синну сол сабқати пӯшидае доранд. Ҳар нафар мекӯшад, аз дигарон дида Эмомалӣ Раҳмонро бештару самимитар васф карда, сифоти зиёдеро ба ӯ пайванд бидиҳад.

Марди солманде мегӯяд, “вақте Шуморо мебинам, писаронамро фаромӯш мекунам”, толибаи мактаб бошад, буридани лентаи бинои иловагии мактаби миёнаро “иқдоми беназир” унвон мекунад. Онҳое, ки сафарҳои президент ба минтақаҳоро расонаӣ мекунанд, низ аз дигарон кам намеоянд. Мисле ки дар як нашрия навиштаанд: “мардуми ноҳияи Ванҷ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бо он гуна самимият ва маҳбубияте истиқбол гирифтанд, ки қалам дар тасвири ин ҳақиқати бисёр фараҳбахш оҷиз аст”.

Насби аксҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон сари ҳар қадам дар арафаи сафари президент ҳам ҷузъе аз маъракаи мадҳу сано аст (“Озодагон” як пажуҳиш ҳам анҷом дода ва дар ҳоли хотимаёбист, ки маълум мекунад, солона барои нашри аксҳои президент дар қаламрави ҷумҳурӣ чӣ маблағе масраф мешавад). “Сояи Худо” ва “пайғамбарсифат” ҳам ба барчаспҳои маъмулии сифати президент табдил ёфтаанд.

Шеърҳо-ку ҷои худаш. Агар Анварӣ ва Фаррухӣ зинда мебуданд, ба мадҳияҳои ҳампешаҳои муосирашон баҳои аъло мегузоштанд. Аммо ахиран маълум шуд, ки дигар қолаби суханҳову шеърҳо барои вассофони Эмомалӣ Раҳмон тангӣ мекунад. Вақте президент лентаи нақби “Чормағзак”-ро бурид ва тариқи мошин ба он сӯи нақб рафт, гуруҳи беш аз 10-нафарии занони доирабадаст президентро “дастаи сунбул” гуфтаву сурудхонӣ карданд. Дар таҷрибаи пешвозгириҳои ҷаноби Раҳмон бори аввал аз ин усул кор гирифта мешуд. Занҳои доирабадаст рубоиҳои халқӣ дар мавзӯи дӯстиро ба президент часпонидаву дар нақорот бо як овоз мехонданд, ки:

“Чакрӣ-чакрӣ гул астӣ,
Дастаи сунбул астӣ.
Дар қадамот ҷонум, Ҷаноби Олӣ,
Меҳмони мо ҳастӣ...”

Баъд аз чанд рӯз ин усул зуд маъмул шуд ва ҳангоми сафари раисиҷумҳур ба шаҳри Ваҳдат такрор ёфт. Ҳоло ба назар мерасад, мадҳу санои президент зимни пешвозгирӣ ба нуқтаи “пик” расидааст. Дигар душвор аст, фикр кардан, ки аз ин бештар чӣ мешавад?

НӮФАРН-4


PS: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Ин навишта назари шахсии муаллиф буда, 100% хакикат аст!

шариф
Шояд ба худи ЧО ин маъкул бошад? Агар не, пас чаро мадх карданро манъ намекунад? Дигар ин ки мадх намудан худ кори хуб нест. Мо точикон аз руи хамин мадх карданамон еч вакт пеш намеравем.
аз хама хохиш ки якдигарро мадх накунем.

Ватандуст
Тавсифи як шахси арзандаро метавон кабул кард. Вале агар он шахси тавсифшаванда донову окил бошад, худ он тавсифу таърифро намепазирад. Вале, барои кадом хидматхо мо раиси чумхурро тавсиф кунем? Барои ин ки Точикистон яке аз кашшоктарин, фасодзадатарин ва ноодилтарин давлати чахон аст?!!! Барои ин ки кариб 2 миллион точик дар Русияву дигар давлатхо гуломвор кор мекунад ва хеч давлат аз онхо химоя намекунад? Барои ин ки мардуми худро раиси чумхур ба худиву бегона чудо кард ва агар бечорахо каме кадам берун аз доираи конун гузоранд ва ё бехабар пишаки касеро пишт гуянд, дархол "суди одилонаи Точикистон" онхоро ба чандин сол аз озоди махрум мекунаду вале фарзанди мансабдорон чандин одам кушанд, касе ба онхо кордор намешавад. Яъне ба зур на суд хасту на милиса ва на конун... Хамааш ба бечора...Барои хамин сиёсатхои нодуруст мо раиси чумхурро таърифу тавсиф кунем?
Ба назар чунин мерасад, ки ин хама таърифу тавсифхои болохонадор ва бепоя чашми раиси чумхурро торик кардааст ва у хеч чизро намебинад ва ё маданияту фархангамон чунон паст шудааст, ки мо худро ба хар гуна пасти мезанем...

Мархамат
мо касеро мадх намекунем танхо чаноби олиро вакте уро нишон медиханд диккат дихед у чунон фахр мекунад, ки кариб ба ракс дарояд аммо боз камтар худро медорад мо бошем аз кори у мешармем чунки халкамон дар руссия дар азоб аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)