Бахшҳо

Гулназар Келдӣ аз боварии Эмомалӣ Раҳмон "баромадааст"?

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) Гулназар Келдӣ -- шоири маъруфи тоҷикро аз феҳристи шахсони боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон берун кардааст.

КМИР мегӯяд, ин иқдом бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ ва номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, сурат гирифтааст. Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИР, ба “Озодагон” гуфт, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, Олим Салимзода – узви Маҷлиси Намояндагон ба ҷои Гулназар Келдӣ шахси боэътимоди ӯ таъин гардид.

Гуфта мешавад, Гулназар Келдӣ ба далелҳои хонаводагӣ наметавонад, ҳамчун шахси боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботӣ ширкат кунад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан номи Гулназар Келдӣ дар рӯйхати шахсони боэътимоди номзади ҲХДТ, Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷои аввал меистод. Дар маҷмӯъ, шахсони боэътимоди Раҳмон 15 нафарро ташкил дода, ба қатори онҳо Хурсанд Аъзамов, Назрӣ Офаридаев, Аҳмадҷони Раҳматзод, Абдулвоҳид Шамолов, Аъзам Ҳасанов, Нодир Одилов, Меҳриннисо Бобобекова, Эмомалӣ Насриддинов, Ашӯрбой Солиев, Муродулло Давлатов, Илҳомҷон Ҳамидов, Маҳмад Раҳимов, Шарифиддин Асомиддинзода ва Меҳрубон Мирзоева ворид гардидаанд.
Мӯҳр
Далер туро низ фаҳмидан мумкин ту низ додарам хатоги дори наход, ки мактаби миёна ва олиро хатм карда ҳарфи "Ёё"-ро (йо) нависи айб асб айб.... Гулназар ҳам як бадмаст аст охир кам нушад аз боварии Призидент намебаромад боқи ҳаматон саломат бошед.....

Фахр
Бародарони азиз. Назари тахкир ва ё санги маломат задан ба устод Насурдинов Эмомали аз руи адолат, яавонмарди ва инсоф нест чунки яке аз донандагони хуби илми хукук ва хамзамон декани яке аз муътабартарин факултетхои донишгохи чумхури мебошад ва хислати начиби дигари ин мард чавонмарди ва коршиносии у мебошад. Аз ин хотир пеш аз он ки мо дар мавриди сиёсати имрўзаи кишвар барои ибрози андешахои «дилсўзона» калам ба даст мегирем ва ё касеро санги маломат задани мешавем, бояд боре ба худ назар намоем, ки хамчун шахрванди ин чомеаи милли барои бехбуди ояндаи низоми сиёси, илми, фарханги, иктисоди ва ичтимоии он чи корро анчом додаем. Ба кавли шоир:
Табъат даме ки моили айби касон шавад,
Оина гир, к-аз сари инсоф нагзари.

ВаМо
ХАМИН ШОИРРО ДАР ДАМИ ПИРИАШ РУЗ НАМЕДИХЕД11111111111

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)