Бахшҳо
21 окт 2013 16:58Тоҷикистон / Акс / Видео

“Муллои ҷодугар”: Он зан маро маҷбур кард (ВИДЕО)

Нилуфари КАРИМ

Асадулло Иброҳимов, як рӯҳонии тоҷик, ки давоми як моҳи охир бо номи “муллои ҷодугар” маъруф аст, имрӯз, 21-уми октябр дар мурофиаи додгоҳӣ худро қисман айбдор донистааст. Ӯ дар зӯроварии хусусияти шаҳвонидошта ва фиреби духтарон, ки гӯиё тавассути дуохонӣ соҳиби фарзанду шавҳар мегарданд, муттаҳам мешавад.

Дар ин бора ба “Озодагон” Исмоил Давлатов, додраси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, раисикунандаи мурофиаи Иброҳимов хабар дода афзуд, айбдоршаванда худро қисман айбдор донист. Иброҳимов гуфтааст, он наворе, ки ахиран дар расонаҳо пахш гардидааст, он хонум ӯро маҷбур кардааст, ки ба амалҳои шаҳвонӣ даст занад. Додраси парванда гуфт, дар мурофиа ба сифати ҷабрдида як зан ва се шоҳид иштирок доштанд.

Давлатов таъкид намуд, ки эълони ҳукми додгоҳ нисбати Иброҳимов то рӯзи чоршанбеи 23-юми октябр ба таъхир андохта шуд.

Мурофиаи додгоҳии ин рӯҳонӣ, ки тайи як моҳи охир бо номи “муллои ҷодугар” маъруф аст, рӯзи 18 октябр дар додгоҳи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфта, паси дарҳои баста ҷараён дорад. Масъулони додгоҳи Сино дар суҳбат бо “Озодагон” паси дарҳои баста сурат гирифтани ин парвандаро ба он рабт доданд, ки гӯиё ҷабрдида намехостааст, ном ва симояш ошкор шавад. Ҳатто маъмурони пулис, ки дар саҳни ҳавлии Додгоҳи ноҳияи Сино буданд, нагузоштанд, хабарнигорон худи Асадулло Иброҳимовро низ аксбардорӣ кунанд.



Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуда, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо зане амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ ба намоиш баромад ва дар як вақт ба шабакаи ҷаҳонии Ютюб ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист. Аммо наздикони Асадулло Иброҳимов, ӯро бегуноҳ медонанд ва баръакс худи он хонумонро муттаҳам медонанд.
Мӯҳр
кодиров мухамад
Ман мехохам ки чазояшро гирад чун ки номи чандин мулохои дигаро ки аз сидки дилимон доранн бад кардааст агар чазои инро надихед боваркунед е накунед мардум инро палитикаи худи давлат гуФта ба шумо наФрат мекунад хулосаи ман, яне бояд зиндони шавад падари ман дар ш.х. кулоб кгб кор мекунад ман писараш соли тавалудам 1997 ман чунин карор додам ба ин гуфтахои ман хеч кас зид нест

Собир
Дар ин дунё агар ба чазо мучозот нашуд дар охират чазои Худованди нозил хохад шуд. Шайх Барсесо ба гунохи зино аз Имон наъузубилох хорич шуда буд,ки 400 сола ибодат дошт. Ислом ба зоти худ надорад айбе, Хар айбе хаст дар мусулмонии мост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)