Бахшҳо
12 окт 2013 16:24Тоҷикистон / Сиёсат

Шартҳои ҲСДТ барои бойкот накардани интихоботи президентӣ

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) аз Кумиссиюни марказии интихоботи кишвар (КМИР) сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентиро қотеона талаб карда, ба ин ниҳод то 1-уми ноябр муҳлат додааст.

Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар анҷумани навбатии ҳизбии худ, ки рӯзи 12-уми октябр баргузор шуд, ба қароре омадааст, ки агар то 1-уми ноябр номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентӣ ба қайд гирифта нашавад, интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябрро таҳрим ё бойкот хоҳад кард.

Шоҳиён Анҷумани ҳизби Зоировро ғайриқонунӣ номид

Ба гуфтаи раҳбарияти ҲСДТ, ба ҷонибдорӣ аз Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президентӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аз миқдори муайяншуда зиёд имзо ҷамъоварӣ шуда ва сабтином накардани ӯ амали ғайриконситутсионист. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ гуфт, “панҷ дарсад аз 4 миллиону 34 ҳазор интихобкунандагони кишвар, ки онро КМИР тасдиқ кардааст, 200 ҳазору 110 имзо мешавад. Дар ҳоле ки ситоди Бобоназарова 201 ҳазору 236 имзо ҷамъ овардааст. Яъне, як ҳазору 126 имзо зиёд дорад.”

Ин дар ҳолест, ки номзади ягонаи ИНИТ -- Ойниҳол Бобоназарова бо далели гирдоварӣ карда натавонистани шумораи лозими имзоҳо то муҳлати муайяншуда (10 октябр) ба тарафдории худ, аз идомаи рақобатҳои интихоботӣ маҳрум гардид. Зеро мақомоти Тоҷикистон шумораи имзои зарурӣ ба тарафдории номзадҳоро 210 ҳазор муайян кардаанд.

Инчунин ҲСДТ барои бойкот нашудани интихоботи президентӣ аз сӯи он шарти дигареро низ назди КМИР гузоштааст. Ин ҳизб мегӯяд, бақайдгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури вақти кишвар ва яке аз муддаиёни курсии президентӣ дар интихобот “амали ғайриконститутсионӣ мебошад”. Чун ба гуфтаи онҳо Эмомалӣ Раҳмон тибқи Сарқонуни Тоҷикистон ба ин ҳуқуқ надорад ва ба қайдгири номзадии ӯ ғайриқонунист: “Аз ин рӯ, ҲСДТ натиҷаи интихобот бо иштироки Эмомалӣ Раҳмонро ғайриқонунӣ ҳисобида, агар номзадии ӯ гирифта нашавад, интихоботи моҳи ноябрро таҳрим хоҳад кард.”

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 6-уми ноябри соли равон баргузор мешавад. КМИРТ шаш муддаии ин курсӣ, намояндаҳои ҲХДТ, ҲДТ, ҲКТ, ҲСТ, ҲАТ ва ҲИИТ-ро сабти ном кардааст. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон моҳи декабри соли 2002 дар Вазорати адлияи кишвар сабтином шуда, ҳамчун ҳизби мухолиф фаъолият дорад.
Мӯҳр
Дустдори хак
Азизулло бародар доим аз тарс гап мезани о садкаи Зоироват куна ин мард хакиката мега, шумо боше доим аз цанг харф мезани ин мардум ба назари шумо бесаводан??? Цанг ба ки лозим идеяи солим даркор...

Dustori haq ba khudat shiori khub mondayi lekin no haq gap mezani.
Daleri kun ki maydon az daler ast.
Agar Ruboh daler aftad Sher ast.
Mebakhshi barodaru lekin man yagon jonibro tarafdori nakardam faqat guftam ki ideyayi solime ki shumo az Zoiruf intizor buded khom baromad. Nosolim budani in ideya az avval malum bud. Pahlavonro yak bor mezanand . A zoiruf boshad baromadast boz quvvaozmoi kardaniast...

А
Зоиров хеле риски калон кард акнун хниту кабири дасгири кунед.рости аз иштирок хеч фойда нест вале хукумат хато кард боин кори худ онхо фахмидан ва боз мухлат доданд чунки аз иштирок накардан ба онхо бештар зарар мерасад!!!

Ин чи шурест, ки дар ин даври камар мебинам,
Хама офок пур аз фитнаву шар мебинам...
.... Хеч мехре бародар на ба бародар дорад....
Бародарони Азиз, "байкот" мекнен йо митинг мекнен, ин кори Шумо лекин, ба фикри ман мо бояд дар ин шароити хозирае, ки чахони имруза карор дорад дар фикри ободии Ватан - Давлат бошем! Рохбари давлат дар хакикат дар фикри ободии давлат хаст! Худованд нигахбонаш бошад! Мухтарам Зоиров аз ба чое, ки гумони мардумро нисбати хукумат бад кардан, ягон кори хуб кунед!

илхоми
ииии шумо мухтарам Зоиров харруз як гап мегуед, ки амали шуданаш номумкин аст.

Фахр
панҷ дарсад аз 4 миллиону 34 ҳазор интихобкунандагони кишвар, ки онро КМИР тасдиқ кардааст, 200 ҳазору 110 имзо не, балки 201 700 мешавад.

Маъруф
Бойкотатона, намедонему, лекин худо медонад, ки Шуморо ягон кас гуш мекунад!

мухтарам Зориов хаимин худат ба миллату мардуми Точикистон чи хизмат кардаи, факат бе провокатся росташа икрор шав!

Эх Раматило- Раматилло холо хам хисобро ёд нагирифти-да. О кудак медонад, ки хисоби мазкурро ба 5% зарб мезанему таксими 100 мекунем фоизи даркори мебарояд. То кай одамонро мехохи ба низоъ телла дихи, ту ба ки рафти, Шояд аз Узбекистон хамин хел фоизро ёдат доданд

Раматилло Зоиров хукукро низ хуб намедонистааст. мувофики тагйироти охирин ба Конститутсия, Президенти кунуни метавонад боз ду навбати дигар 7-соли номзадии худро гузорад. Эмомали Рахмон хол як навбати 7-солиро гузаштааст, аз ин ру боз хукуки дигар бор мондани номзадии худро дорад. Пас Р. Зоиров аз кучо гап мезанад? ё мехохад мардумро гул занад.

Устоди ДМТ,
БО ИН САФСАТАХОЯТ ФИКР НАКУН, КИ ХАМА МИСЛИ ХУДАТ БЕСАВОДАНД ВА ИН ГИПНОЗИ ТУРО НАМЕФАХМАНД!

Дастагул
МАРДУМИ САРБАЛАНДИ ТОЧИКИСТОН!!!
БОВАР кунед, хамин Зоируф як миллати сохибтамадуна масхара карда истодааст. БАЙКОТ, БАЙКОТ о ту ПОПИ точико набоши, набераи пайгамбаре набоши, ки байкот куни. НЕКИ ТАРСОНДИ-да. ТУ сарата байкот кун, аз бугзу кина. МАЛО что ту аз берун вазифадор шуда, карздор шудаи.

ЗОИРУФ- дигархо майлаш лекин ту набояд бо такдири миллат бози куни. Чунки дар осонтарин фурсат хамаро чазир карда мегурези ва панохгохат ба ту барвакт хонаву шароит мухайё кардааст. Мардуми сарсонкардаат бесарпанох мемонад. Баъд мачбури ки дар хонаи навут кабулшон куни
Озодагон чоп кун, ки ЗОИРУФА байкот мегуему аз шумо хафа мешем.

Хурмо
канд занед Зоиров рахмат ба иродаатон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)