Бахшҳо

Раиси чойхонаи Роҳат: “Аз болои писари Ҳукумов даъво надорем. Ҳамааш хости Худост”

Саид Мансуров, раҳбари чойхонаи “Роҳат”, мегӯяд, қасд надорад, аз болои Расули Амонулло -- фарзанди 16-солаи раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят бубарад.

Ӯктам Мансурови 26-сола ва Аловуддин Саидови 21-сола, ки аввалӣ писар ва дувумӣ яке аз наздикони раҳбари чойхонаи “Роҳат” мебошанд, шаби 9 октябр дар садамае дар маркази Душанбе ҷон бохтанд. Мақомот гуфтанд, ки ин садамаи маргбор бо иштироки “БМВ”-и Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов, иттифоқ уфтодааст.

Аммо Мансур Саидов, раиси чойхонаи “Роҳат”, садамаеро, ки бо марги писар ва як хешовандаш анҷомид, хости Худо медонаду мегӯяд, аз касе даъво надорад: “Дар робита ба ин ҳодиса ба ҳеч куҷо шикоят бурданӣ нестам ва намебарам. Чун ин кори Худост ва насибу тақдир ҳамин будааст.” Мо Мансур Саидовро субҳи 12 октябр дар манзилаш пайдо кардем. Вай бисёр ғамгин буд ва намехост ҳоло дар ин бора бо тафсилот сӯҳбат кунад. Аммо то он ки ба назди ӯ биравем, дар чойхонаи “Роҳат” будем ва бо кормандонаш сӯҳбат доштем. Як корманди он гуфт, “акаи Мансур аз ҳодисаи марги писараш сахт ғамгин шуда, то чанд рӯзи дигар ба кор нахоҳад омад.”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, Ӯктам Мансуров ва Аловуддин Саидов ҳам дар чойхонаи “Роҳат” кор мекардаанд. Яке иқтисодчӣ будаасту дигаре ошпаз. Бештари кормандони чойхонаи “Роҳат” аз онҳо бо некӣ ёд карда, гуфтанд, ин марги нобаҳангом онҳоро низ андӯҳгин кардааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон танҳо рӯзи 11 октябр бо пахши як иттилоия номи соҳиби BMW-еро, ки шаби 9 октябр дар Душанбе се нафар, аз ҷумла писар ва як хеши раҳбари чойхонаи “Роҳат”-ро кушт, эълон кард. Бино ба иттилои ин ниҳод, соҳиби BMW Расули Амонуллои 16-сола, сокини шаҳри Душанбе, будааст.

Ин дар ҳолест, ки як рӯзи пеш соҳиби ин BMW Асрор Ҳукумов, бародарзодаи Амонулло Ҳукумов эълон шуда буд. Бо ин ҳол, Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, “ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ (рақамаш 20-20 РТ 01) Расули Амонулло дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи “ВАЗ-21014” (рақамаш 80-36 ВВ 01) таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов, сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст.”

“Дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21014» Аловуддин Саидов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили атвомашинаи мазкур Сурайё Исмоилова, сокини Турсунзода, ҳангоми ба беморхона бурдан ва пас аз ду соати садама мусофири дигар Ӯктам Мансуров (соли таваллудаш 1988), сокини шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидаанд”,-афзудааст манбаъ.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишотро идома медиҳанд. Аммо ин садамаи маргбор бо иштироки писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов бо вокунишҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон рӯбарӯ омад. Аксарият аз он нигаронӣ карданд, ки чигуна як писари ноболиғ соҳиби БМВ буда, бидуни шаҳодатнома ронандагӣ мекардааст.

НАЗАРИ ШАРИФОВ ВА ВОҲИДОВА
СОҲИБИ БМВ МАЪЛУМ ШУД
БДА ДАР БОРАИ БМВ


Дар акс: (аз тарафи чап ба рост) Ӯктам Мансуров, мошинаи БМВ ва Расули Амонулло
Мӯҳр
Шам
Ман шахсан худам касд мегирифтам, хатто ба суду прокурор намерасид, на Хукумов ва на писараш!!! Дар инчо гунахкори асоси худи хукумов мебошад, у хамчун сардори оила, ва намояндаи хукмат, бояд намегузошт ки чавони 16 сола мошинрони кунад!!!

Eshmatyor
Бахтиёр 46,

I bechorai fikri farzandoi bokimondasha karday, chi koram mekna 8 million aholi hichi kor kada natona, i bechora xudush toka

хахахахаха.агар дар чойхона 1 пийолара бишкананд дар хол онро чарима мекунед !!!

хахахахаха.агар дар чойхона 1 пийолара бишкананд дар хол онро чарима мекунед !!!

А.
Охир инхо тамоми чумхуриро запт карда гирифтиян ки аз болои инхо шикоят мекунад?

Avval in javoni shahidro xudovand rahmat kunad va padarashro sabri jamil baadan Farzandoni in hukumatdoroni mo hechgoh jazo namegirand, adarchi nimi millati tijikro ham nobud kunand.

Khudo rahmat kunadashon

Ман
Агар пушти панчара наравад, ин писар ин коррашро давом додан мегирад.

Харчанд ахли оилаи нафарони фавтида бахшида бошад хам вале нисбати гунахгори фалокат хатман чазо татбик гардад зеро у барои чамъият хавфнок буда, дар чунин маврид бахшиши чабрдидагон ба Назар гирифта намешавад. Бовари дорам ки гунахкор бе чазо намемонад зеро дар пеш интихобот аст Обру ва имич хам зарур аст изхороти вакили
Парлумон бехуда нест он аз чизе паем медихадDev,
Dev,

Точик
Касоне ки мегуянд ин такдир ва хости Худо аст, ба Худо ва акидаи исломи тухмат мекунанд. Худо хеч вакт аз кори гунох, чиноят ва одамкуши бузургтарин гуноху чиноят аст, рози нест. Худо намехохад ки бандагонаш гунох кунанд. Дар чунин холат агар аз даъво кардан бо сабабе очиз бошад, масалан аз тарсаш, ба хотири зинда мондани дигар фарзандхояш е ки ба ин золимхо наметавонад баробар шуда аз болояшон даъво кунад, тибки шариат чунин гуфтан мумкин аст: Худо аз тамоми афъоли бандагонаш бо илми кадимаш хабардор аст, ва Худо худаш чазои золимро медихад. Аммо ба хеч вачх гуфтан мумкин нест ки хост ва такдири Худо будаст. Зеро Худо хеч вакт ба бандагонаш зулм намекунад, зеро Он Зот золим нест.. Аслан Худо дар Куръон мегуяд ки " валакум фил кисоси хаетун йо улилалбоб" касос гирифтан барои шумо идомаи хайот аст. Яъне баъди ин чиноят ин буккача чазо нагирад боз даххо нафарро дар оянда шояд бикушад. Чазо гирифтани ин чинояткор идомаи хайоти хамон даххо одамхо аст. Маънои ояти Куръон хамин аст.

Дев
БОЯД БА ХУКУМОВ ИСТЕЪФО ДИХАНД

Вокеан хам ин фарзандони Хукумов "Дарди сари падар будааст"ку- товба товба.

мУХТАРАМ МАНСУРОВ ДУРУСТ КАЙД КАРДЕД НАСИБУ ТАКДИР ВАЛЕ КОНУН НАМЕБАХШАД БИГУЗОР ПАРВАНДАЙ ЧИНОЯТИ КУШ
ОЯНД ВА МАЗАЙ СИЗОРО ЧАШАД ЯК БАРОДАРИ МАН БО ДУЗДИИ ТЕЛЕФОНИ 50 СОМОНА КАРИБ КИ БО МУХЛАТИ 5 СОЛ АЗ ОЗОДИ МАХРУМ МЕКАРДАН ИН КИ 3 ОДАМРО КУШТААСТ

федя
кани масъулияти падару модар, бояд чавоб диханд конун барои хама якхел, ин якум бор нест.

Аз оне ки падар мебахшад ё не конун дигар тарз намешавад Ман хайронам чи хел падари ин рохбар шуда кор мекунад ки аз ухдаи фарзанди ногушнави худ намебарояд,чи хел шуд ки сардори РБДА( УГАИ) ба хамшахрчаи худ хучати ронандаги дод ,о вай 16 сола Обуруи хукуматро нарезонед

Барои як одами кушташуда 25 сол бояд диханд барои 3 одами кушташуда 75 сол бояд шинад. Баъдан дар инчо 3 нафар кушта шудааст, барои чи дар бораи нафари 3юм ягончиз намегуед. Озодагон хохиш дорем бо падару модари мархуми 3юмхам гуфту намоед. Ин одам бояд паси панчара бошад.

Rustam Rustamov,
Ман фикр меунам, ки Раиси чойхонаи Рохат карори окилона кабул кардааст. Дар сурати даъво хам у чуз даву този зиёд ва таъкибу тахдид чизе ба даст намеовард. Хатто конун алайхи ин оила амал намекунад. Магар фаромуш кардед казияи фарзанди калонии Хукумовро ки дар Маскав бо 9 кило гера ба даст афтод бо чи анчомид? Хазорхо нафар депорт шуданду у нихоят бо ду садрнишини тайёра иваз карда шуд ва хатто сафед гардид.
Ин чо хам бахона аллакай мвчуд аст. Чинояткор ноболиг аст. Танхо барои галочка барои вайрон кардани Конуни масъулияти падару модар шояд худи Хукумовро ягон чаримабанди кунанд, вале у хатто аз вазифа хам намеравад. Магар хеши наздики президентро пушти панчара бурдан осон аст? Инро магар судяе, ки аз тарафи президент ба ин вазифа расидааст ичро карда метавонад. Барои ин кор бояд судя аккалн интихоби бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)