Сӯҳроб Шарифов: "Писари Ҳукумов аст ё каси дигар, бояд ҷавоб гӯяд!"
Сӯҳроб Шарифов, узви Маҷлиси Намояндагон ва раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, дар робита ба садамаи писари 16-солаи Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳан, ки се кушта бар ҷой гузоштааст, изҳори назар кард.
Ин садама шаби 9 октябр дар маркази Душанбе иттифоқ уфтода, мақомот дар оғоз аз Асрор Ҳукумов, ҷияни Амонулло Ҳукумов ва баъдан аз писари ӯ -- Расули Амонулло дар ин садама ном бурданд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳарчанд дар ин замина парванда боз шудааст, вале омилони садама ҳанӯз дар озодиянд.
Сӯҳроб Шарифов бо ишора ба 16-сола будани писари Ҳукумов мегӯяд, дар чунин ҳолатҳо қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳаст, ки барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар як аст. Ба гуфтаи ӯ, “чӣ мансабдор аст, чӣ камбағал, бояд қонунро риоя кунад. Он касе, ки қонунро риоя намекунад, ба ҷавобгарӣ кашида шавад ва ҷазои худро бубинад. Чи писари мансабдор аст, чи шаҳрванди оддӣ.”
Оқои Шарифов мегӯяд, дар ин гуна ҳолат қонун ба ягон кас ягон имтиёз надодааст ва намедиҳад. Ин вакили парлумон афзуд, “ҳоло ҷаъмияти мо дар давраи гузариш қарор дорад ва принсипи асосии қонун риоя намешаванд. Дар ин ҷода назари ҷамъият ҷиддитар бошад, то пеши роҳи нодаолатӣ гирифта шавад.” Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, “аз нигоҳи қонун агар Расули Амонулло дар як садама 3 нафарро ба ҳалокат расонда бошад, бояд алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ба додгоҳ кашида шавад. Додгоҳ қарор кунад, ки бо ӯ чӣ хоҳад шуд.”
Аммо Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, “агар, воқеан, қонуни масъулияти волидон ба мансабдорони тоҷик дахл медошт ва дар назди қонун ҳама баробар мебуданд, писари ноболиғи Амонулло Ҳукумов соати 2:30 дақиқаи шаб дар кӯчаҳои пойтахт бо мошинсаворӣ машғул намешуд.” Мусоҳиби мо дар идома афзуд, “агар ин қонун барои ҳама аҳамияти якхела медошт, ноболиғи 16-сола сари чанбари мошин наменишаст ва бо арзиши 27 000 доллар соҳиби худрав намешуд. Ахиран аз амали ноболиғ се нафар кушта шудааст, аммо писари “чиновник” дар озодист. Дар маҷмуъ ин ҳолатҳои воқеӣ гувоҳи онанд, дар Тоҷикистон ҳамаи қонунҳо барои камбағалон қабул мешавад ва барои “чиновникҳо” қонун вуҷуд надорад.”
Садамаи маргбори писари Амонулло Ҳукумов дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳоеро ба бор оварадаст. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Ин барои бори дувум аст, номи фарзандони Амонулло Ҳукумов дар сархати расонаҳо қарор мегиранд. Ду соли пеш писари ӯ Рустам Ҳукумов ба далели қочоқи маводи мухаддир дар Русия дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |