Бахшҳо

Ҷавоб ба матлаби “Ваъдаҳою вафои Эмомалӣ Раҳмон”

Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ доир мегардад. Дар ҳошияи он алоҳида ашхос мекӯшанд, ки бо истифода аз озодии сухан масоили доғи рӯзро яктарафа ба қалам дода, мардумро ҷониби иштибоҳ баранд.

Мақолаи охирини Ҳумайрои Бахтиёр таҳти унвони Аз интихобот то интихобот: Ваъдаҳою вафои Эмомалӣ Раҳмон (Сомонаи «Озодагон», 28 сентябр 2013) маълум аст, ки ба баҳсҳои интихоботӣ равона шудааст, вале билкулл якҷониба иншо шудааст.

Ҳумайрои Бахтиёр бояд медонист, ки аз рӯи принсипи касбият, меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, кодексҳо ва дигар санадҳои байналмилалӣ рисолати аслии соҳиби ин пеша инъикоси воқеъбинона, мунсифона ва ҳаматарафаи ҳодисаву рӯйдодҳост. Ҳумайрои Бахтиёр мақолаашро «Ваъдаҳою вафои Эмомалӣ Раҳмон» номидааст. Мутаносибан, ӯ бояд дар баробари «камбудӣ»-ҳое, ки меоварад, ваъдаҳои додаву иҷрошударо низ нишон медод.

Ҳумайрои Бахтиёр менависад, ки «мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ кишваре амнияти ғизоӣ дорад, ки агар 70 дар сади мардум бо маҳсулоти дохилӣ таъмин бошанд. Дар Тоҷикистон акси ин муқаррарот дида мешавад, ки бо ин вазъияти бахши кишоварзӣ даст ёфтан ба амнияти озуқаворӣ имконнопазир аст: 60- то 77 дарсади маҳсулоти ғизоӣ аз хориҷа ворид мешавад». Номбурда ин рақамҳоро бо истинод ба Зулфиқори Исмоилиён меорад.
Аҷиб, хабарнигор далелеро пеш меорад аз забони шахсе, ки аз соҳаи иқтисодӣ дур аст ва мисли худаш журналист аст. Нафарест, ки боре дар самти иқтисодӣ таҳлили амиқу ҳамаҷониба анҷом надодаву наметавонад анҷом дод, чунки мутахассиси соҳа нест.

Тавре аз навишта бар меояд, Ҳумайрои Бахтиёр ҳафтаҳои охир дар ягон бозори шаҳри Душанбе набудааст. Зеро агар ба дилхоҳ бозори пойтахт ворид мешуд, медид, ки картошкаи Покистону Афғонистон, пиёзи Русия, ки муаллиф зикрашон кардааст, шояд ҳатто барои «доругӣ» ёфт намешаванд. Тамоми бозорҳо бо картошка, пиёз, сабзӣ, себу анор, ангуру тарбузу харбуза, тамоми намуди меваю сабзавоту полезӣ лабрезанду навиштаи муаллиф ва ақидаи коршиноси ӯ комилан ғалат мебошанд. Магар ин фаровонӣ самараи сафарҳои доимии Сарвари давлат ба манотиқи гуногун ва тавсияҳои ӯ дар хусуси рушди соҳаи кишоварзӣ нестанд?

Тарафи дигар масъала ин аст, ки сиёсати тамоми давлатҳои минтақаю ҷаҳон дар асри 21 бо назардошти вусъати муносибатҳои тиҷоратӣ поягузорӣ шудааст ва табодули мол миёни кишварҳо ҳарчи бештар шавад, ҳамон қадар ба манфиати давлату миллат аст. Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ, бозгӯи ҳамин ҳақиқат аст. Ҳатто ин тарафи масъала низ хато будани ақидаи хабарнигору коршиносашро собит месозад.

Ҳумайро бо такя ба гуфтаҳои «коршиносаш» менависад: «Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки чор соли охир бозорҳои кишвар комилан бо маҳсулоти воридотӣ пур шуда, ҳоло бештари меваву сабзавот истеҳсоли Покистону Афғонистону Хитой аст». Истифодаи калимаи «комилан»-ро чӣ гуна метавон пазируфт? Бо кадом мақсад ин калима истифода шудааст? Агар далеле ҳаст, чаро мушаххасан оварда нашудааст, ки фалон бозор комилан бо маҳсулоти хориҷӣ пур карда шудааст? Фикр ҳамеша бо далел бикр мегардад.

Агар хабарнигору коршиносаш ба фаҳми иқтисодӣ мерасиданд, ба рақамҳои расмӣ сар мезаданд ва ҳамчун журналист, ақаллан барои муқоиса меоварданд. Маҳз барои онҳо ёдовар мешавам, соли 2012 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамчун нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ 7,5 фоиз афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2011 6,1 млрд. сомонӣ зиёд гардид. Дар маҷмуъ, ҳаҷми он ба 36,2 млрд. сомонӣ расида, ба ҳар як сари аҳолӣ 4600 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011-ум 17,7 фоиз зиёд аст.

Ҳумайрои Бахтиёр менависад: «Тавре, ки 7 сол қабл мардум бо реҷаи махсус бо барқ таъмин буданд, ҳамоно таъмин мешаванд».
Бо чашми ҳақиқатбин ба масъала бингаред! 7 сол қабл маҳдудияти барқ чи қадар буду аз кадом моҳ оғоз мегардид ва имрӯз чӣ? Танҳо дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар кишвар се неругоҳи хурди барқи обӣ ба истифода дода шуда, дар маҷмуъ шумори нерӯгоҳҳои хурд ба 305 адад расид. Ин нерӯгоҳҳо дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 11,7 млн. кВт/ соат неруи барқ истеҳсол карданд, ки қариб талаботи солонаи минтақаҳои алоҳидаро таъмин мекунанд. Бунёди НБО «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2, оғози НБО «Роғун» ва ғайра, магар иҷрои воқеии ваъдаҳои Эмомалӣ Раҳмон нест? Дар самти иқдомҳои Сарвари давлат ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мисолҳо ҳазорҳоянд, вале зикри ҳамаи онро зарур намешуморам. Ҳар фарди солимақл худ мебинаду қазоват мекунад.

Ақидаи ғалати дигари Ҳумайрои Бахтиёр нисбат ба фаъолияти Президенти ҷумҳурӣ ин аст, ки гӯиё ӯ натавонистааст кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонад. Вай менависад: «Печидатар гардидани бунбасти коммуникатсионӣ. Мутаассифона, дар ин бахш низ мо ба муваффақият нарасидем. Баръакс, назар ба соли 2006 аз соли 2009 вазъи иртиботи кишвар мушкилтар гардид».

Гӯиё муаллиф ба ҷуз ноҳияҳои тобеи марказ ба ҳеҷ манотиқи дигари кишвар сафар накардааст, вагарна ба ҳеч ваҷҳ ин гуна наменавишт. Ӯ ҳатто дарак надорад, ки шимолу шарқи кишвар давоми ним сол бо марказ пайвастагӣ надоштанд. 7 сол пеш, мардуми вилоятҳои Суғду Бадахшон наметавонистанд, ҳатто тавассути роҳи ҳавоӣ ба маросими тӯй ё ҷанозаи наздикони хеш раванд. Оё ин ҳама фаромӯш шуд? Агар шумо фаромӯш кардед, миллат фаромӯш намекунад. Кушодани нақбҳо, бунёд ва таҷдиди роҳҳои мошингард, сохтмони пулҳо ва амсоли инҳо магар талош барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ нест? Ин ҳама натиҷаи ваъдаҳои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз мардуми тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба осонӣ дар тамоми фасли сол бо ҳам иртиботи доимӣ доранд. Чунин хизматҳои шоистаро дидану пазируфта тавонистан лозим.

Мавриди зикр аст, ки бонуи муҳтарам хешро журналисти варзида пиндоштаву ин ҳамаро ба риштаи таҳлил кашидааст, чаро аз бунёди корхонаҳову дастгирии рушди соҳибкорӣ ҳарфе нанавишта. Бо иқдомҳои созандаи Президент Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон садҳо корхонаҳои хурду бузург бунёд шуда, рушди соҳибкорӣ ҳамаҷониба дастгирии амиқ меёбад. Зарур намешуморам, ки ҳар яки онро инҷо дарҷ намоям, зеро ҳамагон, бахусус Ҳумайрои Бахтиёр худ шоҳиди зиндаи бунёдкориҳову созандагиҳо ва рушду нумӯи Тоҷикистонанд. Фақат ҳаминро гуфтаниям, ҳар назаре ба масъала бояд ҳирфаӣ бошад, на сарсарӣ.

Иқтисодиёт майдони шеърбозию руҷӯи лирикӣ нест. Таҳлили иқтисодӣ далелу исботро металабад, аз ҳар касе, ки назари хайр ба масъала дораду мехоҳад ба манфиати миллату давлати хеш хизмат кунад. Мушкилро меёбад, исбот мекунад ва роҳи рафъашро тавсия мекунад. Бо даромадан ба як бозор, ки он ҳам маълум нест кадом, кӯшиши таҳлили вазъи иқтисодии кишвар ва гузашта аз ин баҳо додан ба фаъолияти Сарвари як давлат, фақат як ҳақиқатро бозгӯи мекунад. Муносибати сарсарии масъулини сомона ё расонаи хабарие, ки чунин маводро интишор месозанд. Дар кишварҳои мутараққӣ чунин матлаб ҳатман дар паяш ҷавоб мехост, ҷавоби ҳуқуқӣ ва ҳатман боиси муфлисшавии чунин расонаҳо мегардид. Аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирии чунин иқдомро ҳатман таъқиби журналисту сомонаю рӯзнома талаққӣ мекунанд. Оё беҳтар нест, ки худ ислоҳгари хатои хеш бошем.

Қодир АМОНОВ,
коршинос
Мӯҳр
Хуршед
Ээээ "фабрикаи чавоб", бовар кунед шумо лагандбардори лагандбаротаринхоед.
Ранги Хумайро чуръат доштанба холе бисёр вакт барои шумо.
Агар Эмомали аз мансаб равад, аввалин шуда шумо чавоб менависеду танкидаш мекунед ман гарав мебандам!!!

Чаноби Икс
Э "коршинос"-и мухтарам! Сафсатахоятро яксу гузору,бигу бо ин нишондодхои овардаат,магар бакр доими шуд? Магар бо афзоиши ММД ягон пешрави шуд??? Э ошно агар хар сол "ММД"-ю бучети давлати нисбати соли гузашта 7%-у 11% зиёд шавад,нарху наво 10%-у 20% фоиз зиёд мешавад. Чи фоида аз ин "пешрави"-хои шумо???? Хар сол музди маош зиёд мешавад,аммо нарху наво аз он хам кимматтар мешавад. Дар ин давлат ягон пешравию ободиро намебинам,ки боиси ифтихорам бошад.

Карим
Кодир Амонов шумо бародар лаганбардор на коршинос. Хохарам Хумаробону сад дар сад хак аст.Ин хукумату рохбараш "хизматашро" кард, барои миллати точик бас аст бигузор дигарон дар хизмати мардум бошанд

Точик,
А,
Кунчков,
manon,
Курбонали, Курбонатон гардам, ки хакки гапа гуфтед! Дар хакикат косалес будани коршинос маълум аст ва ягон чи онро рупуш карда наметавонад.
"Кушодани нақбҳо, бунёд ва таҷдиди роҳҳои мошингард, сохтмони пулҳо ва амсоли инҳо магар талош барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ нест? Ин ҳама натиҷаи ваъдаҳои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз мардуми тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба осонӣ дар тамоми фасли сол бо ҳам иртиботи доимӣ доранд. Чунин хизматҳои шоистаро дидану пазируфта тавонистан лозим." - мегуяд коршиноси шинохта. аммо намегуяд, ки мардуми шимоли кишвар барои накбе, ки "Рохи марг" ном кардаанду дар давоми зиёда аз 10 сол хеч обод намешавад маблаги зиёд пардохт мекунанд. Ин хам хизмати шоистаи президенти кишвар аст. Танхо бо сабаби алтернатива надоштани рохи мардуми шимоли кишвар пулаки аст ва баръакс бо сабаби алтернативи будани роххои чануби кишвар онхо пулаки нестанд. Ин магар худаш тафрикаандози дар байни мардум нест. IRS бошад гайр аз пулчамъкуни ба дигар кор машгул нест.

Касе хасти бародар худат Чиргатола дидаги хасти ки аз номи Чиргатол гап мезани ту аз кучо медони ки Ч иргатл чи кадар картошка истехсол мекунад халки Чиргатол аз хисоби замин зиндаги мекунад барои хамин ягон вачаб замини холи нест агар 5 сол пеш 65 хазор ваъда карда бошанд исол 100 хазор супориданд исол дар назди чаноби оли ваъда карданд ки 150 хазор месупоранд так что братан телевизор тамошо кардан даркор сафсата хондан даркор нест аз номи халки Чиргатол

НЕЪМАТ.
МАРДУМ. ЗИК НАШАВЕД ХАМАШ ХУБ МЕШАВАД.АГАР ШУМО ТАРАФДОРИ ОНИ БОШЕД КИ ПРИЗДЕНТ ИВАЗ ШАВАДУ ХОЛИ ЗИНДАГИ МАРДУМ ХУБ МЕШАВАД. БАРАКС, САРВАРИ НАВ МЕШАВАДУ ТО ШИКАМИ У ВА ХЕШУ ТАБОРАШ СЕР МЕШАВАД 7 СОЛ МЕГУЗАРАД.ДАР ЯГОН ДАВЛАТИ ПУРКУДРАТИ ДУНЁ ХУКУМАТ МАРДУМРО АЗ ХАМА КАМБУДИ РАХО КАРДА НАМЕТАВОНАД. ИН ДУНЁ КОИДААШ ХАМИН АСТ. БА ДАВЛАТ МАНОЗ БА МЕХНАТ МАНОЛ КИ ИН ХАРДУРО ЗУД АЗ ЗАВОЛ. МАРДУМИ ТОЧИКИСТОН ЗИНДАВУ САЛОМАТ БОШЕД.

бандаи Худо
Коршиносони мо дар химояи бесамар хисобу китоби хуб доранд. Дар бартараф намудани касоди иктисоди хунаре надоранд.

habib
Ман сад дар сад бовари дорам, ки Рахмон аз сари нав ба макоми президенти интихоб шавад, порагири боз хам зиед шуда, лимити барк аз байн намеравд ва мардуми точик аз ин хам кашоктар мешавад.

Иктисодчи
Фабрикаи чавоб аз хакикат метарсанд. шарм накарда боз мегуянд картошкаи покистону афгонистон барои доруги хам пайдо нест. ин дуруги махз ва ошкор аст. агар картошкаи ин кишвархо намебуд. имруз худат хам пучоки пиёз мехурди мухтарам Амонови нестан дар хакикат.

Коршинос!!! Умуман ба хеч коре шиносои надори!!! Ку як маълумоти дакикеро пешниход намо! Хама омори давлати ба пурраги дуруг аст. Ту медони ки корхонахо барои солхои 2015-2016 андозро имруз месупоранд? Ту хабар дори. ки дар як шабонаруз ИРС чи кадар маблаги мардумро азхуд намуда ба Вирчиния равон месозад? КУ нишон дех, кадом корхонаи хурду бузурги саноати бунёд шуд? Ба чуз касрхои дабдабанок, тарабхонаву мехмонхонахое, ки барои бадномсозии духтари точик бунёд гардидаанд. Ку бигу, кадоме аз либоси тани ту махсулоти ватанист?

Ниматарканок
Дар Исфара,боз аниктараш дар Чоркух,раиси хочаги хар сол рохбарони бригадаро мачбур мекунад,ки 2 тонаги картошка ба номи хар як аъзои хочаги "ведомост"кунад..Дар хочагии дехконии Чоркух то дируз 300 нафар аъзо буданд(дар варак)Акнун 300Х2000=600 000 кг...Акнун хулоса бароред,ки агар аз як хочагича 600 тонаа картошка зиёданависи кунанд,ин цифра то нохияву вилоят чи кадар шуда меравад?Ва то дасти президент меравад,ки 6000 тонна мешавад...Ана ин мисоли омори ин хукумат...Тамоми намуди озукавори дар хочагии дехконии ЧОРКУХ ана хамин хел изофанависи мешавад.Ва ин намунае аст.Дар тамоми соха ана хамин хел изофанависихои хавои!Барои хамин дар амал мо ЯГОН ЗАРА пешравиеро намебинем!Факат цифрахои ДУРУГИН. Дар иктисодиёт низ ана хамин хел изофанависи.Хулоса дар тамоми соха.

Маъмур Нурматов
Агар Узбекистан намебуд накба м намешуд холи ин карзоя доданиш хай мардум!

мухочир
кадир амон боз хамон дуругу тарафкаши охир дар бозорхоии точик себу ноки чини гуштхои эрони дар бораи рузноманигор гапмезани барномаи тв -хои хукумати чи корхоро карсооан аз сомона хохишмекунам чоп кунед барои он ки чор панч шархи маро чоп намекунед е ин ки шумояам мисли инхо бо фоидаи худатон кор мекунед агар хамин хел бошед вой бар холатон

Лаққаев С.
Ҷавоб дар сатҳи паст ва бесаводона таҳия шуда характери косалесӣ дорад. Баъдан калимаи "талаққӣ" барои хонандаи тоҷик бегона ва нофаҳмо аст. Дар фабрикаи ҷавоб шахсони босавод қариб, ки намондааст. Ҳама кару кур.

Бобои Роги
Хумайриёи чу!!! Бай болинсаи Ванча биё духтури глазнои хуб дорем, чашмотуна табобат неву кушодтар куна, то хизматои бобои Эмомалита бубини. Ин яке.
Баъдуш, ки туи кашолара чиву Эмомалира бахо додан чи. И кори ту беэхтироми бай интихобкунандахои Президенти Точикистонай, ки худут оводии ин ватана хич дидан намехохи. Ин дуке.
Хами хохиши майи пира ба и духтари сарсону оворара расоне. Ин секе

Ба Илхом!!!
Дар ибрози акида орому осуда бош бародар. Ин корхо дуруст мешавад. Мабодо давлени дайров куната кудакхоят чи кор мекунан. Аник намояндаи ХНИТ буданат маълум шуда истодааст. Бо эхсосот гап задан шумо ахиран ба нохияи Рудаки ё Ёвон мебарад.
Ман шуморо аз матни чавобхоятон ки яксон хастанд, мешиносам. Барои хамин дилам месузад.
Бо эхтироми самими дусти бачагиат Нурулло

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)