Бахшҳо

Муаррихи тоҷик: "Хатти кириллӣ саратони забони миллист"

Озодагон: Чанд моҳи қабл муаррих ва шарқшиноси тоҷик Луқмон Бойматов дар Донишгоҳи Уппсалаи Суед (Шветсия) дар мавӯи «Забон ва хатти тоҷикӣ: гузашта, имрӯз ва оянда» суханронии илмӣ дошт. Ин суханронӣ дар асл пажӯҳиши муҳаққиқ дар масоили таърихӣ - иҷтимоии забони миллӣ аст. Муаллиф дар ин таҳқиқи худ хатти киррилик-русиро саратони забони миллӣ номидааст. Мо тасмим гирифтем, то қисмати охир ё хулосаи ин матни комили суханронии муаррихи тоҷикро ба чоп расонда, дигаронро ҳам ба ин баҳс даъват кунем.


Луқмон БОЙМАТОВ,
муаррих

"…Бояд мутазаккир бошем, ки яке аз масоъили бисёр муҳим ва дар айни ҳол нигаронкунанда, масъалаи забони миллӣ ҳаллу фасл намудани шароит ва муҳити гузаштан ба хатти ниёгон аст. Албатта, дар ин замина донишмандону ва муҳаққиқин, бахусус, адибону адабиётшиносон, файласуфону ҷомеъшиносони ҷумуҳурӣ изҳори назар карда ва ҳанӯз ҳам баҳсҳо миёни рӯшанфкарон ва аҳли зиё идома дорад.

Ба унвони як муаррих мегӯям, ки бетаваҷӯҳҳии муаррихин ва пажӯҳишгарони таъриху фарҳанги миллӣ нисбати ин мавзӯъ зиёда нигаронкуннада аст. Бо камоли таассуф, аѓлаби муаррихин ва нависандагони таърихи миллӣ аз ҳаллу фасл ин масъала боз ҳам ба наҳве канорагирӣ мекунанд. Шояд ин фирқа аз аҳли илм «сукут ва бепарвоиҳо»-ро нисбат ба ҳассостарин ва дар айни ҳол, муаассиртарин омили пойдории ҳуввияти миллӣ, иқдоме аз «дурнигарӣ», «эҳтиёткорӣ» ва ё «дурандешиҳо»-и сиёсии хеш бидонанд. Аммо ин дидгоҳ на «дурандешӣ ва на «эҳтиёткорӣ» аст, балки бо тамоми маъно, беэҳтиромӣ ва шояд дуруст бошад бигӯем, ки навъе аз хиёнатҳо нисбат ба вазоифи илмиву миллӣ хеш аст. Дар зимн, бояд огоҳ бошем, ки сафаҳоти таърих пур аз он чизе, ки ба ѓалат бетаваҷҷӯҳӣ мехонданд, дар асл хиёнат будааст! Надониста хомӯш ва бетафовут будани олим далели заъфи хирадаш, вале дониста хомӯш ва бетафовут будан - хиёнати ақлаш аст.

Дар кишварҳое, ки бӯҳрони ҳуввияти миллии худро паси сар намуда ва истиқлоли воқеъиро касб кардаанд (мисли Эрон, Туркия, Миср ва ғ.) муаррихин ва пажӯҳишгарони масоили таърих буданд, ки қабл аз ақшори дигари ҷомеъа назари хешро нисбат ба таъйини авомили сарнавиштсози миллаташон эълом намуда буданд, чун онон хуб медонистанд, ки роҳҳои ҳалли ҳар гуна масоъили фарҳангӣ, беш аз пеш реша дар умқи таърих дорад.

Муаррихине, ки баъд аз ҳаллу фасли муҳимтарин масоъили таърихӣ ва тақдирсоз, изҳори назар мекунанд ва «тарафдорӣ» аз таҳвуллоту ислоҳоти анҷом шуда менамоянд, дар воқеъ, беш аз почалесону чоплусони қудрат нахоҳанд буд.

Боиси хушнудист, ки иддае аз муаррихон ва пажӯҳишгарони таърихи миллӣ бо дарки масъулияти илмӣ, гузаштан ба хатти ниёконро аз муҳимтарин ва муаассиртарин омили пешрафти миллат медонанд. Онон дуруст мегӯянд, ки миллат бидуни хатти аслӣ ва суннатии хеш наметавонад ояндаи худро бисозад.
Мо бояд бидонем, ки хатти кириллик (русӣ) саратони хуни маънавиёти миллат аст. Хатти кириллик - русӣ аз гурӯҳи хатти арабиасос нест ва он барои русзабонон омили пешрафат аст, вале барои тоҷикон нобудкунандаи селулҳои ҳастии миллат ва маънавиёти он аст. Замоне ки миллат рӯҳияаш қавӣ аст, ҳар зарбаро метавонад таҳаммул кунад, вале рӯҳияи шикастаи миллатро кадом ҷомеъа метавонад таҳаммул намояд? Фақат хатти ниёкон хуни зиндасоз дар сарнавишти таърих, ҳуввият ва тафаккури миллӣ аст ва бидуни хуни хеш сарнавишти хеш зиндаву солим нахоҳад буд!

Оре, ҳар чиз ба асли худ муроҷиа менамояд ва руҷӯъ ба асл низ аз фитрати вижаи инсон аст. Чун забон ҳам аз аносири аслии инсон аст, пас чаро гуфта нашавад, ки такомулаш аз роҳи расидан ба аслаш бошад?

Барои пешрафту такомул ба коргирии унсури асл муҳим аст, на фаръ. Аѓлаби рӯшанфикарону фарҳангиён, чӣ дар гузашта ва чӣ дар муосир аслро раҳо мекарданду дунболи фаръ мегардиданд ва ин суннат, бо камоли таассуф, ҳанӯз ҳам побарҷост. Фарҳангиёни миллӣ, мисли гузашта амали худро намебинанд, фақат илалу авомили сонавиву атрофро ба ҳисоб меоваранд.

Воқеъияти талхи таърихи муосири миллӣ ин аст, ки ислоҳоти сарнавиштсоз ҷиҳати ҳимояти забони миллӣ ҳанӯз, ки ҳанӯз сурат нагирифтааст! Масъала бо интиқоди андешаву дидгоҳҳо ҳалл намешавад. Роҳи ҳалл фақат якест ва он ҳам анҷоми ислоҳоти решаиву сарнавиштсоз аст.

Оқил бошем ва бояд бипазирем, ки мабдаъ ва роҳи ислоҳи аслии ҳар гуна мушкилот худ ҷомеъа аст ва дар амри ислоҳ донишмандон ва фарҳанигён, ки масъулияти бештареро бар ӯҳда доранд, боястӣ иродаву ҷасорат аз худ нишон бидиҳанд. Агар марди донишманд иродаву ҷасорат надошта бошад ва сухани ҳаққро напазирад, вай фақат дузди босавод аст. Вақте ки дар миёни рӯшанфикрони миллат дуздони андеша ва дар миёни андешмандон чоплусони қудрат зиёд мешаванд, дар ҷомеъа фақру бенавоии маънавият ҳоким мегардад. Фақри маънавият модари ҳамаи фасодҳои ҷомеъа аст. Пас, нахуст бояд илали фақрро аз миён бардошт!

Биёед, бо афкор ва андешаи нек баҳри пешрафт ва саодати ҷомеъа як дилу як тан бошем ва бо пиндору гуфтору кирдорамон забони модариро пос дошта бошем ва ин ҳақиқатро низ фаромӯш накунем, ки рӯйдодҳои фардоро аз кайфияти имрӯз метавон пешбинӣ кард. Хостан тавонистан аст!»
Мӯҳр
kj
Дар хамин матн ягон фикри бикр хаст, хайфи муаррихи муарриф, ки ин кадар фосиларо тай карда то Суед рафтааст. Гуед, ки аз осори ниёгон бо хати араби чи мерос боки мондааст, ки арзишаша дар асри хх1 калон бошаду ба имрузиён дастнорас монда бошад. албатта, хатти арабиасос мероси 1000-солаи мо навишта шудааст. аммо онхо моро танхо ба сархами, тахаммул даъват кардаанд, моро он мерос кашшофу магрур намесозад, ба чуз Шохнома ва чанд асари дигар. Ин матн танхо изхори эхсоси подархаво аст ё шояд дастандаркорон магзи онро онро ин чо наовардаанд. Агар метавонед, гуед, ки мо бо тагйир алифбои мехи ё авастои ё дигаре аз гузаштаи дурро зинда мекунем, мо гурури милли шуморо эхсос мекунем. вагарна чи лозим ме далел сухан гуфтан ё такрори суханони 100 каси аз шумо пештар гуфта............

ба хатти форси гузаштан монеъаи асоси барои мардуми одди эчод мешавад бо ин хат савод баровадан бисер мушкил аст ба вакти хондану навиштан бисер галат эчод мешавад махз бо гузаштан ба хатти сирилик мардуми точик сад дар сад саводи хондану навиштанро доранд

Бо истифода аз алифбои крили ва даст кашидан аз форси то чое бародарони Афгону Эрон намудоранд, хулоса кардан мумкин, ки махрумиятхо аз мувафакиятхо зиёд нестанд. Фардо хам аз алифбои форси истифода шавад, боз манфиати мо, ки мардум аз ду хат ва аз илму фарханги мухталиф истифода мекунанд. Якбора бозгаш ба хати арабиасоси форси дар сатхи давлатию милли бо вучуди хама киммати фархангию таърихаш, на имкон дораду на муфид аст. Маълум, ки тадричан ба шакли хоса чори кардани таълими ин алифбо дар барномаи макотиби миёна, махсусу оли ва минбаъд истифодаи пайвастаи он дар матбуот, нашр гардидани маводи таълиму илм, окибат омода шудани кишри пешбарандаи хаёти чамъиятию давлати, яъне чандин солахо баъд гузаштан ба он имкон дорад.
Ба хати форси гузаштан сабаби якбора тараки кардани мо намешавад, чунончи хати крили низ хеч гох сад ё мушкили мо нест. Бародарони азиз мушкил дар он аст, ки миллати мо дар мачмуъ аз дастовардхои ин хат ва умуман илму маърифат ба таври босамару дилхох истифода намекунад. Тахминан соли 2008 дар кадом як рузномае омореро (шояд нодуруст бошад) дарёфта будам, ки дар Чопон дар давоми як сол сари 1-сокини ин кишвар мутолиаи 20-китоб рост меояд ва дар Точикистон сари 20-сокини кишвар 1-китоб. Агар алифбо форси ё крили барои хамин кишри махдуди зиёии точик зарур бошад, дар хамаи холат ду понздах як си.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)