Бахшҳо

Толиббек Бухориев: “Таҳлилгарон намедонанд, ки ман кистам” (ВИДЕО)

Мусоҳибаи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Толиббек Бухориев -- муовини раҳбари Ҳизби аграрӣ (ҲАТ) ва номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон.

Озодагон: Дар бораи ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо ба мақоми президентӣ сарусадо зиёд аст. Бисёриҳо мегӯянд, гӯиё мақомот ба ҷуз аз номзади ислоҳотхоҳон ба номзадҳои дигар барои ҷамъоварии имзо кумак мекунад. Ин то куҷо ҳақиқат дорад ва оё Шумо ҳам аз ин кумакҳо “баҳра” гирифтед?

Бухориев: “Ситоди интихоботии мо кор мекунад. Раҳбари ҳизб Амир Қароқулов ва муовини дигар - Рустам Латипов ҳам пайваста дар талошанд. Чаро ҳукумат ба мо кумак мекунад? Ҳукумат чӣ хел кумак мекунад? Ҳукумат шароит додааст. Барои ҳар як номзад шароит фароҳам овардааст, ки мо ситод ташкил карда, кор кунем, имзо ҷамъ оварем. Инҷо ягон кумак ва ё кори ғайриқонунӣ нест. Чаро ҳукумат маҳз ба Бухориев бояд кумак кунад? Касе барои ман кумак намекунад. Номзад ҳастам, ситод ва ҳизб ҳаст, кор мекунем. Ҳар ҳизби сиёсӣ барои худ мавқеъ дорад. Агар мардум нахоҳад, касе онҳоро маҷбур карда наметавонад, то имзо гузоранд.”

Озодагон: Бубинед, ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, аз монеагузориҳои мақомот барои ҷамъоварри имзо шикоят кардааст. Ба назари Шумо, чаро як гуруҳи номзадҳо бе мушкил ва як нафар бо мушкил корашро пеш мебарад?

Бухориев: “Ба фикрам, ҳеч мушкиле вуҷуд надорад. Масоиле пайдо мешаванд, ки он ҳам зуд ҳалли худро меёбанд. Барои мисол, шояд гуруҳҳои ташаббускор он замоне вориди мақомоти маҳаллӣ мешаванд, ки руасои ноҳияҳо дар ягон ҷаласа ҳастанд ва ё сафари хидматӣ доранд. Бо ин гуна мушкил намояндагони мо ҳам дучор шуданд, аммо он бартараф шуд. Гуруҳҳои мо дар чунин ҳолат сабр карданд, то қабули раис. Барои мо мушкиле пеш наомад.”



Озодагон: Пас, ин ҳама сарусадо атрофи номзадҳо, бахусус, ҳизбу шахсияти Шумо аз куҷо пайдо мешавад?

Бухориев: “Ҳамин расонаҳои хабарӣ бисёр вақт он қадар иттилои дақиқ пахш намекунанд.”

Озодагон: Аммо расонаҳо ҳам аз забони худ намегӯянд. Назари таҳлилгарону коршиносонро меоранд...

Бухориев: “Таҳлилгарон ҳам фикри пурра надоранд. Таҳлилгар ҳам намедонад, ки Бухориев кист. Вай - таҳлилгар маро намешиносад. Як чиз гирифта, дар асоси он таҳлил мекунад. Зарурат нест, ки ман ҳатман дар ягон масъала бояд мухолифат нишон бидиҳам ва баъд маро коршиносону таҳлилгарон бишносанд. Мо бояд аз рӯи одобу ахлоқ ва ақл кор кунем. На ин ки ба кори якдигар дахолат кунем ва ё ба якдигар санг бизанем. Мо бояд якҷо бошем ва барои обод кардани давлат фаъолият кунем.”

Озодагон: Шумо мегӯед, таҳлилгарон шахсияти Шуморо намешиносанд. Шояд мардум ҳам чандон шиносоӣ надошта бошанд. Ин магар барои дарёфти раъйи мардум мушкил нест? Лутфан, мегуфтед, бештар ба чӣ кор машғул будед?

Бухориев: “Ман солҳои зиёд ҳамчун директори Институти зироаткорӣ будам ва ҳамзамон дарс ҳам мегуфтам. Як давра мудири кафедра низ будам. Дар институти зироаткорӣ фаъолият доштам ва солҳои охир ҳамчун ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ фаъолият дорам. Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, академик.”

Озодагон: Шуморо ҳамчун як донишманд, профессор чӣ маҷбур кард, то берунтар аз корҳои илмӣ биравед ва ба сиёсат пайвандед?

Бухориев: “Донишманд ва академик ҳам узви ҳамин ҷомеа аст. Сиёсат танҳо ба як сиёсатмадор марбут нест. Ҳар як шаҳрванд метавонад бо сиёсат машғул бошад. Ман низ ҳамчун як донишманд мехоҳам саҳми худро дар сиёсати аграрии кишар гузорам. Барои пешравии ҷомеа, мардуми худ талош дошта бошам. Барои пешравии мардуми деҳот, ки хеле азият мекашанд. Барои онҳо як каме зиндагии беҳтар бояд фароҳам овард. Дар ин маврид мо наметавонем бетараф бошем. Мо ҳам бояд саҳми худро гузорем.”

Озодагон: Магар аз сиёсати кишоварзии ҳукумат чандон қонеъ нестед?

Бухориев: “Ман аз сиёсати кишоварзӣ қонеъ ҳастам. Аммо масъалаҳое ҳастанд, ки ҳалталабанд. Истеҳсолкунанда ин деҳқон аст. Аммо зиндагии аз ҳама мушкилро деҳқонон доранд. Бубинед, ки дар деҳот чӣ қадар мардум бекор ҳастанд. Ҷавонон мактаби миёнаро хатм мекунанду ба муҳоҷират мераванд. Чунки корхонае нест, ки кор кунанд. Мо саноати корхонаҳои хурду миёнаро бояд ба роҳ бимонем. Ашёи хом бояд ба берун наравад, дар дохил коркард шавад. Муҳоҷирати меҳнатиро бояд кам бикунем. Масоили аграрӣ зиёд ҳастанд, ки мо бояд кӯшиш кунем, то он дар миқёси давлатӣ ҳалли худро ёбад.”

Озодагон: Нуктаҳои аслии барномаи Шумо чӣ хоҳад буд? Фарз кардем, чӣ ваъда медиҳед, то мардум аз миёни 7 номзад Шуморо интихоб кунад?

Бухориев: “Мақсади асосии мо таъмини амнияти озуқаворӣ ва худкифоӣ ҳаст. Он ҷабҳаҳои иқтисодӣ, сиёсие, ки мушкил доранд, агар амнияти ғизоӣ бошад, ҳал мешаванд. Норизоӣ бештар дар бахши кишоварзӣ ҳаст. Ҳадафи асосии мо ин аст. Мо мехостем, ки ислоҳот ҷорӣ шавад, шуд. Акнун мо мехоҳем, ки хоҷагии деҳқонӣ ба фермерӣ табдил ёбад, бояд ба технологияи нави корӣ гузаранд. Нархгузориро дар барномаи худ ишора кардаем. Агар бахши кишоварзӣ рушд ёбад, дигар бахшҳо ҳам пеш мераванд. Дар мавриди ҷавонон низ дар барномаи худ ишора кардаем. Мо бояд ҷавононро пешбарӣ кунем дар мақомоти давлатӣ. Барои ин, онҳоро бояд бо шароит таъмин кард.”

Озодагон: Дар масъалаи сиёсати хориҷӣ пешниҳоде доред?

Бухориев: “Дар сиёсати хориҷӣ ҳадафҳои мо ин аст, ки Тоҷикистон бояд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон дар муносибати баробарӣ ва бародарӣ дошта бошад. Аммо дар доираи меъёр ва чаҳорчӯбаи муносибати дипломатӣ.”

Озодагон: Оид ба сиёсати дохилии кишвар чӣ назар доред. Аксар вақт шикоят мешавад, ки ҳукумат ба таври зарурӣ бо аҳзоб ҳамкорӣ намекунад. Оё воқеан ҳамин тавр аст?

Бухориев: “Ба фикри ман, барои ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Он нофаҳмиҳое, ки ҳам мо бояд онро бартараф кунем. Мухолифат ҳамеша буд ва ҳаст. Аммо мухолифат мешавад одилона ва ғайриодилона.”

Озодагон: Мухолифате, ки феълан миёни аҳзоби сиёсӣ ва ҳукумат аст, чӣ гуна аст. Ба хусус дар ин шабу рӯз, ки аҳзоби сиёсии мухолиф аз тарафи расонаҳои давлатӣ мавриди интиқоду таҳқир қарор гирифтаанд?

Бухориев: “Чунин мухолифат на он қадар зиёд ҳаст. Аз ин мо набояд барои худ парчам кунем. Ин ҳатман аз байн меравад. Баъзе аз хабарҳоро набояд расонаӣ кард. Дар мавриди барномаҳои расонаҳои давлатӣ ҳаминро гуфтаниам, ки барнома аз тарафи хабарнигорон сохта мешавад. Имкон надорад, ки ҳамаи он сохта бошад.”

Озодагон: Нуктаи дигаре, ки Шумо зикр кардед, ин таъмини амнияти озуқаворӣ буд. Бубинед, давоми 10 соли охир ин яке аз барномаи дурнамои давлатӣ ҳаст. Аммо тавре мушоҳида мешавад, мушкили таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҷойи бартараф, афзун мегардад. Метавон гуфт, ки ҳукумат аз иҷрои амалӣ сохтани ин дурнамои давлатӣ набаромад?

Бухориев: “Эҳсос мешавад, ки ҳукумат дар ин самт кор карда истодааст. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва худкифоӣ вақт лозим аст. Мо бояд мушкилотро бартараф кунем. Мо оҳиста-оҳиста аз ин марҳала гузашта истодаем. Дар оянда боз кушиш кунем, то комилан муваффақ шавем. Мушкил дар дастрасии замин аст. Манзурам заминҳои кишоварзӣ кам шудаанд.”

Озодагон: Дар масъалаи муҳоҷирон. Одатан қабл аз ҳар интихобот дар Тоҷикистон ҳамаи довталабони ин ё он курсӣ рӯ ба ин масъала меоранд. Вале шароити кори муҳоҷирони мо дар Русия беҳтар нагардида, вазнин мешавад. Оё Шумо ҳам аз чунин ваъдаҳо истифода хоҳед кард?

Бухориев: “Мо бояд кӯшиш кунем, то қадри имкон онҳоро баргардонем. Мақсади асосии мо ин ҳифзи онҳо аз лиҳози ҳуқуқӣ аст, то ҳеч давлати дигар шаҳрвандони моро зери истисмор нагирад. Вале муҳоҷират дар умум аз байн намеравад. Мо танҳо барои мутобиқ кардани шароити кории онҳо ба меъёри байналмиллалӣ кӯшиш кунем. Он ваъдаҳое, ки медиҳанд барои аз байн бурдани муҳоҷират ҳама дурӯғ аст. Барои ин мо бояд шароитро дар деҳот беҳтар кунем. Агар ҳам шаҳрвандони мо мераванд, бигзор забони русиро аз худ кунанд ва касбе ҳам дошта бошанд. Ҳеч сиёсат ва ё ҳизҳби сиёсӣ барои комилан баргардонидани шаҳрвандонаш муваффақ намешавад. Мушкиле, ки ҳаст бояд дар сатҳи давлат ҳал шавад.”

Озодагон: Ҳукумати Тоҷикистон аз ӯҳдаи ҳимояи шаҳрвандонаш мебарояд?

Бухориев: “Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш дорад. Барои комилан баратарф кардани ин мушкилот фурсат лозим аст. Чун муҳоҷирати меҳнатии мо танзим надорад. Ҳар духтари синфи ҳашт ва ё ҳар наврас метавонад зуд муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр кунад. Дуруст аст, ки онҳо аз мушкили зиндагӣ мераванд. Аммо ин равандро бояд ба танзим даровард.”

Озодагон: Аз суҳбат бардоште ҳосил шуд, ки Шумо бештар бо он барномаҳое, ки ҳукумат дорад, мувофиқ ҳастед. Пас сабаби муддаии курсии раисҷумҳурӣ шудани Шумо чист?


Бухориев: “Ҳамаи он масоиле, ки ҳақиқат ҳастанд ман розӣ мешавам. Чӣ хел он масоиле ки ҳақиқат доранд, ман розӣ нашавам? Инсони огоҳ ҳастам, мебинам, таҳлил мекунам ва розӣ мешавам. Ман гуфтам, ки ҳастанд мушкилоте, ки такмил мехоҳанд. Сари ин масъала мо ҳам бо ҳукумати норизо ҳастем.”

Озодагон: Оё бо чунин барнома миёни номзадҳо пешсаф мешавед?

Бухориев: “Ман боварӣ дорам, чунки мо барои мардум асил мегӯем. Мо чизе, ҳарфе аз ҳад берун намегӯем. Оне, ки ҳатман бояд як касро танқид кардаву эътироз дошта бошӣ, ин падидаро мардум қабул надорад. Мардум чизи бисёр соддаро мехоҳад. Агар мо бо ин шева равем, пирӯз мешавем.”

Озодагон: Шумо ба пирӯзии худ бовар доред?

Бухориев: “Бовар ҳаст, ки пирӯз мешавем.”

Озодагон: Дар соли 2006 ҳам ҳизби Шумо барои мақоми президентӣ талош дошт, аммо ҳамагӣ каме бештар аз 7 дарсад овози мардумро ба даст овард. Пешбинии Шумо барои ин навбат чӣ гуна аст?

Бухориев: “Мо аз нишондоди соли 2006 мегузарем. Ин дафъа овози бештар хоҳем гирифт.”
Мӯҳр
Бухориев имзoхоро дар Восеъ боёрии Р.Латипов,ки раиси хукумат аст чамъ намуд.

Хандидем-да
Хумайро азиз, голхои хуб задед. Дар рафти сухбат ба чехрааш назар кардед, ки чи тавр шуд? Мо аз ин дури, аз суханхояш пай бурдем, ки з- ин суолхои ногахони худро "ГУМ" карда, надонистааст чи посух гуяд ва бо хамин, ёрдамчии Рахмонов будани худро пурра рушан кард.

Сихату саломат бошед Хумайрои гироми!
Аммо чи тавре ки бародарон кайд карданд, шумо бояд чунин як суол барои хамаи ин довталабони кисаги дошта бошед:
-Бартарии шумо нисбат ба номзад Эмомали Рахмон дар чист? Ана баъд мебинед "заикаться"-кунии ин "довталабонро"))

толибилм
БУХОРИЕВ "Бовар ҳаст, ки пирӯз мешавем" аз чавобхоятон нисбати саволхои дода шуда бармеояд.ки шумо пируз хам шавед худатон призидентиро ба чаноби оли такдим мекунед

Афсонаи деви хулиган. Аз хандая кариб буд, ки чигаркаф шавам. Дар электричка(рости гап точикиба намедонам чи мешад)рафта истодам инкадар хандаи маро дида финхо хайрон ...надонанд инхо сиесати точикиро ...агар фахманд аз хандая мемурданд....

Нозир
Доктору академик шуда, чй ихтироъ кардед? Докторй коида дорад, ки хатман ягон кашфиёт дар соха дошта бошед. Аз даххо доктору академики Точикистон шармам меояд. Айб аст, бародарон, бо чй ру ба мардум мегуед, ки ман доктору академик? Боз президентшав...

persipolis
дар ин марҳилаи мушкилу тақдирсоз миллати тоҷик танҳо ва танҳо як номзадро дуруст шинохт ва ба он кас овоз медиҳад, ин ҳам бошад профессор Ойниҳол Бобоназарова!

Аз хамин сухбат эхсос мешавад, ки номзади хизби аграри номзади "КИСАГИ"-и хукумат аст, агар не пас чаро ба хамаи саволхо ба таври умуми чавоб гуфтааст ва аз мавкеъи хукумати кунуни пуштибони мекунад??? Дуюм ин ки рузноманигор саволро ба таври конкрети ва ба худи номзад пешниход мекунад, номзад бошад ба таври мумуми мегардонад, ки мо хамакаса пируз мешавем. Дар сурате, ки аз хизби аграри худи хамин академик номзад пешниход шудааст, ха хамаи аъзои хизб ва ё хукумат! Бардошти ман чунин аст, ки ба чуз аз Ойнихол бобоназарова дар баробари Президенти кунуни ягон ракиби алтеративи вучуд надорад ва аз хисоби чунин номзадхои "кисаги" вучуд дошта хам таметавонад!!!

шАВКАТИ мУХАММАД
“Бовар ҳаст, ки пирӯз мешавем.”
“Мо аз нишондоди соли 2006 мегузарем. Ин дафъа овози бештар хоҳем гирифт.”
Ман аз сиёсати кишоварзӣ қонеъ ҳастам.
Норизоӣ бештар дар бахши кишоварзӣ ҳаст. Ҳадафи асосии мо ин аст.
ДАРРО ЗАДАМ ДЕВОР КАФИД. ЯК ГАП БА ГАПИ ДИГАР ХЕЧ РОСТ НАМЕГИРАД. АЧАБО БОЗ ПРОФЕССОР, ДОКТОР, АКАДЕМИК БУДААСТ. оХИР ЧАНОБИ АКАДЕМИК ШУМО ДАР БОРАИ ТУКУМШУЛУК Ё КИРМАКИ ОБИ ВА Ё ЯГОН ПОРУИ АХЛОТИ ЧОРВО РИСОЛА НАВИСТА ТО БА ИН ХАД РАСИДА БОШЕД АЗ ШУМО ТО БА СИЁСАТ ЧИ КОР?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)