Бахшҳо
04 окт 2013 10:13Тоҷикистон / Сиёсат

Э.Раҳмон: “Агар аз боварии мардум набаромада бошам, қадр мекунанд”

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло дар бораи пешбарии номзадиаш ба мақоми президентӣ ризоият надодааст ва дар сурати пешниҳод шудан ҳам мардуми тоҷик медонанд киро интихоб намоянд.

Оқои Раҳмон, ки рӯзи 3-юми октябр зимни вохӯрии худ бо сокинони шаҳри Ваҳдат дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, агар аз боварию эътиқоди мардуми тоҷик набаромада ва барои онҳо хидмате карда бошад, шаҳрвандони Тоҷикистон ӯро қадр хоҳанд кард: “Дар бораи шахсияти ман агар гап равад, ман фикр мекунам, мардуми кишвар хубу бад, рафтори неку зиштро мефаҳманд.”

Раисиҷумҳур таъкид дошт, ҳеч гоҳ ба қонуншиканӣ роҳ надодааст ва нахоҳад дод: “Ман даст болои Конситутсияи Тоҷикистон монда савганд ёд намудаам, ки ба қонуншиканӣ роҳ намедиҳам. Ман ҳоло ваколатам ҳаст.”

Эмомалӣ Раҳмон дар идома илова намуд, ҳоло аҳзоби сиёсӣ номзадҳои арзандаи худро ба мақоми президентӣ ба интихоботи моҳи ноябр пешниҳод намудаанд ва ҳама фарзандони ин кишваранд ва мардуми тоҷик бояд ҳуқуқи конситутсионии худро истифода карда, озодона овозашонро ба фарди дилхоҳ диҳанд: “Мо бояд имрӯз гӯем, ки чӣ кор кардем ва чӣ мушкилот дорему кадом корҳоро кунем, ки зиндагии халқамон беҳтар мешавад. Дар зиндагиамон кадом камбудиҳо ҳаст.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки 61 сол дорад, то кунун дар се интихоботи президентии Тоҷикистон иштирок карда, баранда шудааст. Вай то замони такя задан ба ин курсӣ ду сол раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам буд. Дар сурати иштирок ва пирӯзӣ дар интихоботи шашуми ноябри соли ҷорӣ вай барои бори чаҳорум раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб хоҳад шуд.
Мӯҳр
донишчу
Рахмон дигар суде ба касаму вадабозихот намондааст.Ту аз аввал то охир ободкор набудию нести! Агар ободкори гуфта хамон иншоотхое ки бо пули карзхои хоричи кардаро гуи, аз ухдаи ин ободихо хама мебарояд.Агар сулх кардам гуи барои сулхро барпо кардан хизматхои шумо, бадтар аз ХНИТ ва Ахмадшохи Масуду Раббони меистад.Агар охирон гурезаи точикро то Бозор Собир овардам гуи, 2000000-нафарро гурезонди. Рхмон як иззатулло шариф ки зиндониёнро як рузи бад доранд уро сабукдуш карда натавонист.Вазорати маорифаш азуда бад.

Асфонаи нави хафтсола сар мешавад. Хоби ширин, халки ман.Ильхом,

sakara
да қадамот ҷонум, ҷаноби олӣ, илтимос аз ин зиёдтар халқи тоҷикро азоб надиҳед, бо обруи муҳаммадӣ биравед, нашуд, ки нашуд, мо аз шумо ба тамоми маънӣ хаста шудем ва ин лақайҳои дар мақомот таъин кардаи шумо халқро бар зидди шумо шурониданд ва шумо мақомоти интизомиро контрол карда натавонистед ва ба шумо хизмати хирсона карда истодаанд.

Ватандор
Мухтарам Эмомали Рахмон имруз дар Точикисктон аз Шумо дида шахси лоик нест. Барои хамин бори дигар, барои номзад шудан рози шавед. Ин кори хайр нисбат ба тамоми мардуми мо мешавад.

Овоздиханда
Дар хамин интихобот номзадиатро нагузори бехтарин хизмат ба халку миллат мешавад ва ба гумонам он вакт мардуми точик ту бибахшад.

Аслидин
Одам чи кадар пурру мешудааст, наход конститутсияро мачбури дигар кунию аз зур барои дар кудрат мондан истифода кунию духтарону домодхою писарату хусурбачахоят мардумро фиреб карда дороияшонро кашида гиранду боз ин гапхоро бин. агар конунро риоя мекарди бояд хафт сол пеш мерафти . агар мардум фаромуш кунад таърих ва сахифахои хафтаномахо ва каламхои нависандахо фаромуш намекунад!

Дилсуз
Э.Раҳмон: “Агар аз боварии мардум набаромада бошам, қадр мекунанд”. Чи сухани пурхикмат. Худи президент бовар надорад, ки ба бовари мардум сазовор аст ё на... Барои ин ки мардум ба Шумо бовар доранд ё на, Шумо бояд интихоботи озоду демократи мегузаронидед. Вале то имруз ягон интихоботи раёсати чумхури аз чониби созмонхои байналмилали чун интихоботи одилона эътироф нашудааст. Хадди акал, ин дафъа дар майдон мардона кувваозмои ва агар тавонед галаба кунед ва агар натавонед, бе чанчол ва мардона майдонро тарк кунед. Ман медонам, ки ин дафъа ба Шумо ягон нафари худогох ва бовичдон ва кадре худро хурмат мекардаги овоз намедихад. Ба гуфтаи Файзиниссо Вохидова Шумо президенти вазирону мансабдорон ва ахли хонаводаатон хастед ва танхо онхо ва чанд косалесонашон овоз медиханд. Вале баъзе мансабдорони бовичдон, ки аз ноилочи хамрохи Шумоанд, харчанд дар наздатон аз ноилочи Шуморо дастгири кунанд хам, вале вичдонашон ичоза нахохад дод, ки ба Шумо овоз диханд ва якумр пеши вичдонашон азоб кашанд.Боки хама мардуми азияткашида ва бечораи точик ба номзади арзанда Ойнихол Бобоназарова овоз хоханд дод, ки ин худ беш аз 90 просент мешавад. Вале ин 90 просенти БОБОНАЗАРОВА ин монанди 90 ва 95 просенти такаллубии интихоботхои гузаштаи Шумо ва Шумо барин президентхо нест, ки дар участкахои интихоботи онро сохтаанд. Он овози хакикии мардум, овозе чун умед ба оянда ва нишони эътирози онон ба хаёти пур аз фиску фучур, факру беадолати ва пур аз фасоди имрузаашон аст, ки ин зиндагии бадтар аз гуломиро ба мо Шумо "Хадя" кардаед.

Мухочир
Рахмон халк аз дасти ту дар мобайни рахмонд. давай до свидания .! чавв! гуд бай!

Лично ман перемен мехохам!аммо рост мегуяд чаноб хама дар паси компютор мугуед "мо дигар туро намехохем"кани ба мисли дигар давлатхо митинг кунем норозигии худро баён кунем то ин ки Чаноб фахмад ки мо дар хакикат норози хастем,ва хатто 1соат дидан намехохем

Магар бо шиками гурусна хоб мебарад? Мачбурем барои буридаи нон тарки ин ватан кунем.

Солех
Точик, Точик, чашми бино доштан даркор, ки ин кадар ободкорихоро бубинй. Намедонам, моли кучо бошй, лекин ман танхо бунёди роххои Чаноку Бадахшон, накбхои Шахристону Истиклол ва Чормагзаку Шаршарро ба ёдат меорам, ки хотираат тоза шавад. Намедонам чандсола бошй, вале пойтахти зебоямонро бин чи гуна симои дигаргуна касб намудааст. Аз хонаи худ барою як бор Душанбеи шомгохонро тамошо кун. Сохтмонхои бузургро ман намегуям. Агар берун баройи ва чашматро кушойи ин хама бунёдкорихоро мебинй. Муваффак бош!

Бовар
Лутфан, муаллифи шеъри " Гуфти ки кори халк ба сомон шавад, нашуд" ро ин чо зикр мекрдед. Сипос.

Точикбача
Бале, рост гуфтед Солех. Агар духтархои нимурёни Душанберо бинед, кайф мекунед!

janobi oli behtarin inson ast.

точик
Солех,Заррачае аклу заковат дори бояд фикр куни ки ин рох дар муддати 21 сол дар микёси давлати ХЕЧ аст!Рохро бо пули карзи ХИТОЙ сохтанд на бучаи чумхури ва карзро аз буча яъне аз кисаи мардум бармегардонанд.Пас хизмати Рахмон дар ин чо чист?Зато рохро ба компанияи домодаш падарка кард,ки аз тамоми андоз ва ухдадори аз карзи Хитой озод буда аз ХАВО млн млн долларо аз мардум чамъ карда истодааст.Тамоми иншоотхо бо пули карз сохта шуда карзи Точикистон аз 2 млрд доллар гузаштааст.Пули офшори яъне дуздии мансаюдорон ва ОИЛА ба 3.5 млрд доллар расидааст.Ба чузъ магозаву марказхои савдо,ки он хам аз хисоби худи мардум сохта шудааст адр давураи хукмронии Рахмон дар муддати 21 сол ягон иншооте сохта нашуду дар ТАМОМИ СОХА мо дар минтака аз хама окибмондатаринем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)