ҲХДТ Раҳмонро боз номзади худ интихоб кард
Тақрибан ҳазор вакили Анҷумани 11-уми Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки рӯзи чоруми октябр дар Филармонияи давлатӣ баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури кунунӣ ва раҳбари ин ҳизбро ба унвони номзади худ интихоб карданд. Аммо худи Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат пазируфтааст.
Анҷумани ҲХДТ таҳти раёсати Сафар Сафаров, муовини аввали раиси ин ҳизб, баргузор шуда, нахуст пешбарии номзадии Раҳмон аз забони Ҷонибек Қозибеков – вакил аз Бадахшон садо додааст. Вай аз ҳамаи иштирокдорони анҷуман хоста, ки ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон раъй бидиҳанд, чун дар ҳоли ҳозир аз ӯ дида нафари арзандае нест.
Қаблан номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони Иттифоқи ҷавонон ва, инчунин, Федератсияҳои мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор узв дорад. То кунун Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ, дар се интихоботи гузаштаи президентӣ иштирок карда, пирӯз шудааст. Дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи шашуми ноябр, вай барои бори чорум ба курсии президентӣ такя хоҳад зад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |