Бахшҳо
02 окт 2013 10:27Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ордени “Шараф ва мардонагӣ” ба Олга Тутубалина

Бунёди “Честь и мужество”-и Санкт-Петербурги Русия Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс”-ро, ки ахиран бо панҷ иттиҳодияи эҷодию илмии Тоҷикистон вориди як баҳси додгоҳӣ шудааст, бо ордени “Шараф ва мардонагӣ” сарфароз гардонд. Ин орден аз Санкт-Петербург ба дасти Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон расида, сипас ба хонум Тутубалина тақдим шудааст.

Ин орден дар ҳоле ба Олга Тутубалина дода мешавад, ки ӯ дар пайи нашри як матлаб дар бораи бозгашти шоири тоҷик Бозор Собир аз Амрико ба Ватан ба додгоҳ кашонда шуд. Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, аз болои Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомонии ӯро талаб намуданд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

Додгоҳи иқтисодии Душанбе, ки қаблан даъвои зиёиёнро ба далели русӣ будани матни он рад карда буд, рӯзи 10-уми октябр ба баррасии он идома хоҳад дод.
Мӯҳр
Рости ба оне ки дар асл , Ольга гами миллату мардумро мехурад, дудилаам. Вале у суханхои дуруст ва часурона мегуяд. Шояд ин хама шучоат боз нимкосае дорад. Агар не, хуш ба холаш.
Боки Худо доност.!

Чамшед:

" Бале, ман ҳам зиёӣ ҳастам. Ман муаллимам ва аз ин фахр мекунам. Ман нангу номуси миллиро аз ҳар гуна ордену медалҳо боло медонам ва аз беангӣ, беномусӣ, тамаллуқпешагӣ, тарсувӣ ва хиёнати бисёре аз тоҷикон шабҳо хобам намебарад. Ин ҳамон маврид аст, ки ман азият мекашам. О.Т. барои таҳқири миллати тоҷик бояд аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум гардад".

Ба Чамшед:

Шабхо хобатон набарад, кай хоб меравед набошад, о шумо бояд бо кувваю неруи нав ба толибилмон дарс гуед ку ? Бобати тахкири миллати точик: нафахмидам, хонум Ольга дар кучо миллати точикро тахкир кардааст, ба назарам шумо магзи гапи уро нафахмидед ва е мушкилии чашм доред. Агар ин тур бошад шумо ба донишчуен чи тарз дарс мегуед ?? Дар масъалаи махрумият аз шахрвандии Точикистон ин тахкир аст. Агар ин тавр шавад, пас Русия хам мачбур мешавад точиконро аз шахрвандии Русия махрум созад, мухочиронро ичборан ба ватан баргардонад, пас ое шумо бовари доред, ки точики миллионнафараи мо бо нангу номуси милли мисли шумо дар ватан зиндагиашонро пеш баранд ? Агар шумо худро зиеи шуморед, пас набояд чунин миллатпарасти кунед, зеро он хеч гох ба хуби нахохад овард, окибати чунини миллатпарастиро дар соли 1990 дида будем. Аз суханхоятон ман чунини хулоса кардам, ки шумо зиеии миллатпараст хастед. Вой бар холи чунини зиеи.

Rustam,
Туи тоҷик як нафар ҳамқавми худро дар баробари як рус ба миллатпарасти гунаҳгор мекунӣ? Дар куҷо дидаи, ки тоҷик миллатпараст бошад? Магар дарк намекунӣ, ки ба тоҷикон маҳз миллатпарастӣ намерасад? Ин русҳо ҳастанд, ки миллатпарастӣ мекунанд. Ғайр аз худашон каси дигарро эҳтиром намекунанд. Мо миллатпарастиро бояд аз онҳо омӯзем!
Дар бораи мардикорон фикрад шояд дуруст бошад. Ана ҳамун қартаи мардикоронро шовинистони рус ҳамеша пеш меоранд, тоҷикон ва Тоҷикистонро доимо шантаж мекунанд, зери фишор қарор медиҳанд. О.Т низ яке аз онҳост. Ин зан нағз дарк мекунад, ки ҳеч гуна ҷазо намегирад. Афташро бин, ман ба шумо туф кардам ва мекунам гӯён мағрур истодааст.
Дар ин қазия суди Тоҷикистон дар назди дуроҳаи (дилеммаи) нозук қарор дорад: тарафи тоҷиконро гираду О.Т.ро гунаҳкор ҳисобад - Россия ва русҳо ба по мехезанд; пас, вой ба ҳоли як қисми мардикорон! Ҷанҷоли пилотхои рус такрор мешавад. Агар аз тарси Россия ва русҳо тарафи О.Т.ро гираду, даъвогаронро ҷавоби рад диҳад - он суд беномусу бешараф мешавад. Пас бояд ҳамакаса аз кор бираванд. Ҳамин хел як фазои ҷанҷолиро кӣ иҷод кард? Магар ҳамон О.Т.и провокатор не? Он зан ҳама чизро пешопеш ба ҳисоб гирифтааст. Ин нахустин оқибати беҷазо мондани пилотҳо аст. Сериал давом дорад. Зинда бошем шоҳиди дигар густохиҳоро аз ҷониби хориҷиён мебинем. Аҷиб аст, ки дар заминаи ин ҷанҷол сардабир ва муассиси Азия+ Умед Бобохонов хомӯширо аъло донистааст.

Моё поздравление Ольга.

Rustam: "Агар шумо худро зиеи шуморед, пас набояд чунин миллатпарасти кунед, зеро он хеч гох ба хуби нахохад овард, окибати чунини миллатпарастиро дар соли 1990 дида будем. Аз суханхоятон ман чунини хулоса кардам, ки шумо зиеии миллатпараст хастед. Вой бар холи чунини зиеи."

Чамшед бехтарин зиёии ин миллати хору сарафкандаест ки тахти фишори русгароён харчи зиёдтар бегонапараст мешавад. Вой бар холи Рустам баринхо ки аз баланд шудани гурури миллии сарсупурдагони миллат мехаросанд

"Орден муборак"??????!!!!! Ба ки табрик мекунедин орденро, ба ин зани зиёкуш?! Эй мардуми точик! То кай бегонапарастй мекунед?! Ин русхо хеч гох ободии моро намехоханд.

Rustam,
Бародар садкаи номи бузурги точикона шави!!! Маълум аст ки корманди Азия плюси ки икадар хаммилатхои худатро аз як продажная шкураи гуфтаи МАНИЖА болотар медони!!! Нафрати худо ба тубарин "мард" худо хидоят кунат туро!!!

Ба Max: аз таманнои кардагиат маълум аст, ки ту шахси хеле "ботарбия" ва "зиеии хакики" хасти. Худованд худаш медонад ба ки нафраташро хидоят кунад ва эхтиет бош ки ин нафрат хамчун бумеранг ба худат боз барнагардад, боки саломат боши !

Шервон
Шохписанд,
Ранги ту барин ду се нофахм бошад хаминхел мекунад...Баъд аз руссия села села точика мефиристанд... Дар бораи Бозор Собир рост мегуянд...Вай як пула одам нест вай дар як шеъри худ гуфтааст, ки "Хизмате ки Ленин кард Худо бо пайғомбарон накардааст" Барои хамин гапи хамон ленин барои зиёиён монанди Бозор Собир дуруст аст ....

Вой бар холи ин миллати чиохиле, ки мард ыа зани зиёие монанди Чамшнду Манижа дорад!!!
(Дар кучо монда бошад он тамаддуни беш аз 2600 солаи ориёи?).

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)