Бахшҳо
26 сен 2013 14:30Тоҷикистон / Сиёсат

Озодии Умаралӣ Қувватов, раҳбари "Гуруҳи 24" аз боздоштгоҳе дар Дубай

Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки охири соли гузашта бо дархости мақомоти тоҷик дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуда буд, рӯзи 26-уми сентябр аз зиндон раҳо шудааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Николай Николаев, вакили мудофеи Қувватов, хабар дод ва ин иттилоъро Қумрӣ Ҳафизова -- ҳамсари Умаралӣ низ тасдиқ кард. Николаев гуфт, Қувватов айни ҳол дар озодист ва ҳақ дорад, қаламрави Дубайро тарк кунад: “Аммо дар бораи нақшаҳои Қувватов ба далоили амниятӣ ҳоло чизе намегӯем. Мо талош дорем, он парвандае, ки алайҳи Қувватов сохта шудааст, пурра лағв гардад, чун он хислати сиёсӣ дорад.”

Умаралӣ Қувватов тобистони соли гузашта дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дода ва аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, то дар интихоботи президентӣ номзадиашро нагузорад. Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба дуздии 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурда, ҳафтаи гузашта бо як пайми аудиоӣ эълон карда буд, ки ба зудӣ озод хоҳад шуд.
Мӯҳр
вах вах ваааах . ана карсак бзаннее хурсанди муборак бар хама онхое,ки хохиши озодиву ободи мекунанд. ура ура ура

Зафар
Парвардигор Хочи Умарали Кувватовро хамеша дар панохаш нигох дорад.
У барои зиндагии хубтару осоиштаи мардуми точик талош меварзад.

Уррррааааа....Ияяхахаххахаааааааааа..... wink winked . Озоди муборак Чаноби Кувватов! Дар корхои минбаъдаатон муваффакият хохонам! Худо нигахбон!

Озоди муборак
Муборак бошад ин озоди ба тамоми озодандешон! Маълум, ки дуои халки мазлум ичобат шуд.

Хайрандеш
Озоди муборак, бародари гироми, Хочи Умарали Кувватов!!! Субхи пирузи муборак!!! Ба Шумо хам Муборак бод, апаи Кумри Хафизова!!! Дар хакикат хамсари вафодор хастед. Бо ин хама фишор ягон маротиба хам сар хам накардед ва аз бегунохии шавхари азизатон заррае хам дар дилатон шубха пайдо нашуд. Ин бори дигар собит сохт, ки Точикистон танхо макони "шаголу рубох" нест. Мардони майдон дорад, занхои далеру шучоъ дорад!!! Зинда бод озоди!!!

ozoda andesh
O z o d i m u b o r a k h a m v a t a n o n i a z i z !!!

Zebo
Ozodi muborak barodar Umarali hamai millati Tojik az in ozodi shumo khursand ast. Allohi buzurg Zaid Saidro ham ba in ruzho birason Omin-Omin

Озоди муборак, барои онҳое ки бахотири сyханҳои ҳақ корҳои ҳақ сyд шyданд аз даргони Илоҳи ҳамчyнин озодиро хоҳонем. Хyшо ба ҳоли хyнyм ва фарзандони дуструяки Yмарали. Воқеан ин мард ҳам сифати ҳазрати Yмарро дар хyд дорадy ҳам ҳазрати Али. Хонyмаш ҳам зани бисёр далерy ҷасyр Хyдо ба ҳамаи мо ҳаминхел занҳое далер ҷасyро ато кyнад.

Агар Зайд Сайидов хам ба адолати суди бовар карда ба Точикистон намеомад, ин вакт дар озоди буд

йигити точик
хакикат зодаи бахс аст худованд нигахбонат бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)