Бахшҳо
21 сен 2013 12:32Тоҷикистон / Сиёсат

Раддияи ҲНИТ ба "қаҳрамон"-и "Пойбанди нафрат"-и ТВТ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши як изҳорот узви ин ҳизб будани Сомон Муҳаббатов, “қаҳрамон”-и филми “Пойбанди нафрат”-ро рад кард.

“Пойбанди нафрат”, филми вижаи Шабакаи телевизиони аввали Тоҷикистон мебошад, ки аз куштори Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола аз сӯи Сомон Муҳаббатов, сокини Тоҷикобод, ки гӯиё узви ҲНИТ ҳаст, ҳикоят мекунад.

Қосимҷон Асадов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Тоҷикобод, билети ҳизбии Муҳаббатовро сохта хонда, сухан ва амалҳои дар ин филм овардаи ӯро дурӯғ ва кори масъулони амният медонад.

Ӯ мегӯяд, “вақте началник (сардор)-и милиса гуфт, ки ин кортро аз марказатон гирифтааст, ман гуфтам, маркази ҲНИТ одами инҷоро бе тавсияи ман қабул намекунад ва ӯ аз мо нест. Ӯ корти ҳизбӣ надорад. Ман муассиси ҳизб дар ин минтақа ҳастам ва мегӯям, ки ӯ узви ҳизби мо нест. Ягон авлодаш ҳам тарафдори ҳизб нестанд. Ӯ дар қисми ҷавонон ҳам кор намекард. Ман ҳамчун муассис аз аввал муовини ҳизб будам ва баъд раиси бахши ҳизб шудам. Ман мегӯям, ки чунин узв надорам, ин ҳама дурӯғ аст.”

Маврид ба зикр аст, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 20-уми сентябр филми вижаи “Пайроҳаи нафрат”-ро намоиш дод, ки дар бораи куштори Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола аз сӯи Сомон Муҳаббатови 20-сола ҳикоят мекунад.

Ин ҳодиса моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт иттифоқ уфтода, гумонбар ин навраси 8-соларо баъд аз задани 8 кордча ба қафаси синааш, ба номуси ӯ дастдарозӣ мекунад. Дар ин филм асосан Сомон Муҳаббатов дар бораи чигуна ба қатл расондани Абдусалом қисса мекард. Вай дар ин навори видеоӣ худро донишҷӯи курси сеюми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва узви Хизби наҳзати исломӣ муаррифӣ намуда, бархе аз аъзои ин ҳизб ва мударрисонро дар таълими «ҷангҷӯӣ» муттаҳам намуд.
Мӯҳр
Мардак
Имрузҳо аллакай кулли ҷавонон дуруғу фитна будани ин ҳама "филмҳо" - и телевизионҳои дарбориро дар бораи муттаҳам созтани исломиҳо(инчунин Зайд Саидов) хуб дарк кардаанд Лекин ба ингуна суханони побарҳавову бебандубаст танҳо мусафедони ақлҳояшон камшуда бовар карда истодаанд. Вале бояд гуфт, ин ҳоло муҳим нест. Муҳим он аст мухолифин низ ҳарчи зудтар барномаи аълои худро омода намуда, тамоми нуқсу камбудиҳо ва гуноҳҳои инхоро ошкор созанд

Ҷамшед,
Акаи Чамшед аввалан дар кучое, ки фикратро баён кардаи иншоаллох хамааш аз руи илму одобасту ватандустист, ва сониян моххои охир дар Точикистони мо чи гапу кор рафта истодааст рости гап намедонам, махсус ман хамин кадар медонам, ки фитнагари чунон дар авч аст, ки ..............
Озодагонро чи дарде расидааст, ки суханони оддиро хам нашр намекунад.....

islom,

Бародарони гироми Мо мусалмонон бояд як хизб бошем исломро ба чанд Гурух таксим кардан ин сабаби заъфи мо мешавад, лизо ин хизб аслан сарчамаш эрон АСТ ва ба харки маълумаст ки эрон хечкасро дастгири намекунад магар барои нафъи худ, агар инхо дар интихобот гузаранд ва на хоханд гузашт

аз ин кору бори хукумату нахзатихо бовари хам ба хукумат намондааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)