Паёми “шогирдона”-е ба домулло Ҳикматулло
Агар бинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.
Вақтҳои ахир мардуми кишвар тавассути шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳои интернетӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо бештар мавзӯъҳои мазҳабиро ба баррасӣ мегиранд. Новобаста ба он ки таълимоти динӣ гирифтаанд ё на, аз донишҳои исломиву дунявӣ бохабаранд ё хайр атрофи ин мавзӯъ ҳарф мезанад, баҳс мекунад, назару андеша пешниҳод менамоянд. Эҳсос мешавад, ки бештари онҳо аз таърихи ҷараёну ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ чизе намедонанд. Онҳо ҳатто боре таҳлилу баррасӣ накардаанд, ки ҳизби исломӣ яъне чӣ? Оё Ислом бо давлату иқтисод ё ҷомеаи иҷтимоӣ сару кор мегирад ё на? Мусалмонҳо тули таърих чӣ давлатдорие доштанд ва дар кадом шакл? Қуръону ҳадис, фиқу мазҳаб, мантиқу калом, иҷтиҳоду фатвои олимони Ислом дар ин маврид чист? Як мусалмон дар шароити феълӣ зиндагиву муомилаи хонаводагӣ ва ширкат дар сиёсату идораи давлатро чӣ гуна бояд амалӣ намояд? Хуллас, ин саволҳоеанд, ки дар мулоқоту баҳсҳо аслан пурсида намешавад ва ҳеҷ мусалмону мусалмонзодае ба он кор надорад.
Ахиран имомхатибону домулоҳо ва аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳар суҳбат аз бардоштани калимаи ноби Ислом аз Ҳизби наҳзат сухан меронанд. Онҳо мегӯянд, ин ҳизб аз номи Ислом манфиатҳои худро пиёда мекунад. Ба ин нукта ҳам зиёд ишора мешавад, ки Ислом ба ҳизб ниёз надошта ва ҳатто нафаре гуфт, ки “паёмбар билети ҳизбӣ надошт”.
Ин ҳама раду бадалҳо гирди номи Ҳизби наҳзат бо гузашти ҳар рӯз бештар мешавад ва гумон аст, суръати он ба ин наздикиҳо коҳиш ёбад.
Ман аъзои ҳеч ҳизбе нестам, ба вижа ҲНИТ. Аммо як чиз бароям норушан аст, ки чаро имому имомчаҳо, ки вазифаи аслияшон даъвати мардум ба Исломи ноб аст, аз ин калима дар ҳизб хушашон намеояд? Чаро имрӯз дар ҷомеае, ки 99 дар сади он мусалмон асту дар кишвари дунявӣ ба сар мебаранд доштани ҳизби исломӣ лозим набудааст? Аҷобат ин аст, ки чаро онҳо танҳо имсол ва дар арафаи интихоботи президентӣ ин пешниҳодҳоро мекунанд. ҲНИТ, ки имсол таъсис наёфтааст. Чаро онҳо чанд соли қабл нагуфтанд, ки бояд калимаи ноби Ислом аз ҳизби наҳзат бардошта шавад? Аҷаб мусалмониву аҷаб диндорӣ!
Бо навиштани ин матлаб намехоҳам вориди идеологиясозии носолим, ки охиран ҷомеаи моро ба як бунбаст ва номуаянӣ мебарад, шавам. Аммо вақте андешаи Домулло Ҳикматулло, яке аз руҳониёни шинохтаи кишвар тариқи матбуот расонаӣ шуд, дар тааҷуб афтодам. Суолҳои зиёде зеҳнамро машғул кард. Ҳамчун як фарди мусалмон натавонистам ин андешаҳоро нодида бигирам. Дар навбати худ чанд назару суоле ҳам дорам, ки мехоҳам пешниҳоди домуллои “муҳтарам” гардонам. Домулло зимни маъракаи хайрияве 17-уми август дар ноҳияи Рашт эълон кардааст, ки калимаи «Ислом» аз номи ҳизби наҳзат гирифта шавад. Ҷои тааҷуб аст, ки як фарди «саропо» исломӣ аз будани номи Ислом дар ҳизбе нигарон асту пешниҳоди бардоштани онро дорад.
Домуллои «азиз» ману Шумо ва 99 дар сад мардуми мусалмон дар кишвари дунявӣ зиндагӣ дорем. Дар ин кишвар Ҳизби халқии демократии, Ҳизби комунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби демокартӣ, Ҳизби сотсиалистӣ ва ғайра фаъолият доранд, чаро мо бояд як ҳизби исломӣ надошта бошем? Шумо аз номи Ислом ё ҳизби исломӣ чӣ бадие дидаед? Оё Қуръону ҳадис фиқу иҷтиҳод мухолифи ҳизб аст? Оё Худованди бузург дар Қуръони азимушшан дар бораи ҳизб чизе нагуфтааст? Мешавад, ки тамоми он ояҳоеро, ки дар бораи ҳизби Худо дар онҳо сухан меравад аз Қуръон бардошт? Оё мешавад тамоми давлатдории Пайёмбари бузурги Ислом (с), хулафои рошиддин, саҳобагон ва онҳоеро, ки то асри бист ва имрӯз давлатдории исломӣ доштанду доранд нодида гирифт ё инкор кард?
Ҷаноби домулло Ҳикматулло! Ману Шумо нағз медонем, ки Ислом танҳо ришу саллаву ҷелак ё дуохониву худоихурӣ нест. Ислом низом, иқтисод, иҷтимоъ, ахлоқу маънавиёт ва сиёсату давлат дошту дорад ва ин роҳашро бидуни ману Шумо идома хоҳад дод. Шумо инро ҳам нағз медонед, ки замоне аз ҳамаи ин пурсида мешавем. Ҳамон паёмбаре, ки имрӯз Шумо аз номи шарифаш мардумро даъват мекунед, замоне барои умматонаш муборизаи сиёсӣ ва ҳақталошӣ карда буд. Чӣ гуна мешавад тамоми муборизаҳоеро, ки тули таърих уммати Ислом барои бунёди давлати исломӣ кашиданд имрӯз нодида гирифт ва инкор кард?
“Муҳтарам” домулло! Агар намедонед, пас бидонед, ки имрӯз дигар замони муборизаҳои шамшеру силоҳ нест. Ҳоло танҳо бо доштани ҳизбу созмонҳои исломӣ мешавад аз ҳақи мусалмонҳо дифоъ кард. Ислом ҳеч гоҳ мухолифи ҳизб ё бисёрҳизбӣ нест. Дуруст аст, ки Ислом ҳамчун дини илоҳӣ ва комилу ҳақ ниёзе ба ҳизб надорад, аммо мусалмонҳо сад дар сад ба як ҳизби исломӣ ниёзманданд. Имрӯз хатибу домуллоҳо бо як овоз “Ислом ҳизб надорад” мегӯянд. Кӣ кафолат медиҳад, ки онҳо рӯзе мазҳаб лозим нест намегӯянд? Билохира замоне Исломро дини арабу аҷнабӣ намехонанд, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон лозим нест? Домуллои «мӯҳтарам», он рӯз, кӣ ин ҳама масъулиятро бар душ мегирад?
Агар ин ҳама сару садоҳо маъракаҳои зидди ҲНИТ, хонаводаи Тураҷонзодаҳо ё чанд рушанфикру шахсиятҳо бошад, бояд бидонем, ки онҳо баъди созишномаи сулҳ канори мо оромона зиндагӣ доштаанд. На ҲНИТ ва на Тураҷонзодаҳо пас аз истиқрори сулҳ барои ноором сохтани кишвар коре накардаанд. Гуруҳу ҳаракатҳо таъсис надодаанд ва амали ғайриқонуние анҷом надодаанд. Баръакс, ҳамеша аз ҳақ ва ҳуқуқи мусалмонҳо ва ҳамватанонашон бо риояи қонун дифоъ мекунанд. Пас, суоле ба миён меояд, ки чаро Шумо домуллои «муҳтарам» ва ҳамсафонатон имрӯз алайҳи ин ҳизб баромад доред? Чӣ боис гашта, ки бо исрор талаб намоед, то калимаи Ислом аз ҳизби наҳзат бардошта шавад? Агар ин ҳама ба хотири нуфуз ва обрӯи рӯзафзуни ин ҳизб миёни мардум бошад, пас гуноҳи азим аст, ки мусалмон обрӯи мусалмони дигаро нахоҳад ва ба хотири кадом як манфиати шахсӣ номи Исломро зери суол барад.
Домуллои «муҳтарам», имрӯз гуруҳе аз мусалмонҳо бо ташкили ҳизби исломӣ дар кишвари дунявӣ мехоҳанд тамоми муомилот, кору фаъолиятро тибқи фармудаи Худову паёмбарашон ба роҳ монанд. Онҳо мехоҳанд зану духтарашон бо риояи ҳиҷоби шаръӣ таълим гиранду кору зиндагӣ намоянд. Онҳо мехоҳанд, ки фарзандонашон то синни ҳаждаҳ низ тавонанд озодона вориди масҷид шаванду илми Қуръон биомӯзанд. Онҳо мехоҳанд, ки мусалмонҳо ҳақиру нотавон набошанд. Онҳо шикасту бечорагӣ ва нодории мардуми мусалмонро намехоҳанд. Бо ташкил кардани ҳизби исломӣ мехоҳанд бо риояи қавонини кишвар роҳашонро пеш баранд.
Агар ба ману Шумо домуллои «муҳтарам» ин ҳама писанд нест ҳамчун «мусалмон» набояд бигӯем, ки Ислом ҳизб надорад ё номи Исломро бардоред. Зеро ин гуна фатво дар ҷомеа метавонад фитнаро ба вуҷуд биорад, ҷомеаро ноором созад. Чаро ки ин гуна фатво хилофи Қуръону суннат ва иҷмоъи уммат буда, ҳеч гуна асоси исломӣ надорад. Дар мавриди ҳама гуфтаҳоям инҷо далелҳо фаровонанд (ояву ҳадису фатвои мазҳаби ҳанафӣ), аммо нахостам он ҳама ояту ҳадисро инҷо биёрам, чаро ки шумо домуло муйҳоятонро дар ин роҳ сафед карда ва аз ман беҳтар медонед.
Дар охир мехоҳам ба Шумо як паёмаки «шогирдона» бифиристам.
“Муҳтарам” домулло Ҳикматулло! Биёед ману Шумо агар мусалмонем аз исломгаро будан ифтихор дошта бошем. Ҳизби исломӣ дар кишвари дунявӣ бароямон ифтихор бошад на нафратовар. Аз ҳақи мусалмонҳо дифоъ кунем. Агар ману Шумо узви ин ҳизб нестем ва дар сиёсати исломӣ хидмате ба ҷомеаҳои исломӣ карда наметавонем, пас сади роҳи дигарон, ки қалби огоҳу ақидаи солим доранд, нашавем.
Биёед бародари мусалмонамонро бо чашми ҳирс ва нафрат нигоҳ накунем. Биёед ба мардум исломбезориро номӯзем. Биёед пешрафт ва обрӯи ҳамдигарро таҳаммул карданро ёд бигирем. Биёед фаризаҳои исломиро риоя кунем. Биёед сабаби фитнаву тафриқа миёни мусалмонҳо нагардем. Биёед аз итоати махлуқ даст кашему холиқи ягонаро итоат кунем!
Бо умеди тавфиқ ва сарбаландии мусалмонҳо Далер ШАРИПОВ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |