Бахшҳо

Сиддиқов дар бораи ҲНИТ, рӯйхати сиёҳ ва рақсу бозӣ дар телевизион

Гуфтугӯи хабарнигори «Озодагон» Ҳумайрои Бахтиёр бо муовини аввали Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов дар бораи ҷавоби рад ба дархости Муҳиддин Кабирӣ ва мавзӯҳои вобаста ба он.

Озодагон: Дар номаи худ ба ҲНИТ ишора ба он доштед, ки «Кумита бо ҳамаи ҳизбҳову созмонҳое, ки фаъолияташон расман дар доираи қонун ва бо назардошти манфиати милливу давлатии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, ҳамкорӣ карда, дастрасии онҳоро дар шабакаҳои ТВ ва радио баробар таъмин мекунад». Пас саволе ба вуҷуд меояд, ки Кумитаи телевизион ва радио бо далели ноамн ва ё хилофи қонун будани фаъолияти аҳзоб онҳоро ба эфир роҳ намедиҳад?

Сиддиқов: Чаро Шумо фикр мекунед, ки намояндагони аҳзоб ба эфир роҳ дода намешаванд? Намояндагони ҳизбу созмонҳои мухталиф, аз ҷумла аъзои ҲНИТ низ дар намоишу гуфторҳои телевизион ва радио иштирок ва изҳори назар мекунанд.

Озодагон: Тибқи қонунгузорӣ ҳар созмон, ҷамъият ва ҳизбе, ки аз тарафи ниҳодҳои қудратӣ ба қайд гирифта шудаанд, фаъолияти расмӣ доранд. Чӣ гуна Шумо метавонед дар фаъолияти дигар аҳзоб хатареро барои амнияти давлату миллат муаяйн кунед, вақте қонунгузорӣ барои фаъолияти онҳо иҷоза додааст?

Сиддиқов: Аввал ин ки иҷозати фаъолиятро ба аҳзоб ва созмону ҷамъиятҳо ниҳодҳои қудратӣ не, балки Вазорати адлия ва дигар мақомоти салоҳиятдор медиҳанд. Дигар ин ки аз қайди давлатӣ гузаштани онҳо кафолати онро намедиҳад, ки ин аҳзобу созмонҳо ягон вақт қонунро вайрон намекунанд ва бояд пурра аз доираи назорат берун бошанд. Мо чӣ гуна муайян мекунем? Дар доираи салоҳиятамон, аз рӯи маводе, ки ин аҳзобу созмонҳо мехоҳанд аз тариқи телевизион ва радио пахш гарданд. Агар чунин мавод ё дархост пешниҳод шавад, мо ҳатман онро дида мебароем, новобаста ба он ки аз ҷониби кадом ҳизбу созмон ё ташкилоту муассиса пешниҳод мегардад. Вале ин мавод бояд ҳатман ба талаботи қонунгузории мамлакат ва манфиатҳои миллату давлати мо ҷавобгӯ бошад, дар акси ҳол он ба эфир роҳ дода намешавад. Ин мавқеи устувори Кумитаи телевизион ва радио ҳамчун як мақоми давлатист ва инро бояд ҳама донанд.

Озодагон:
Вақте Шумо ишора ба ҳамкорӣ бо аҳзоби сиёсӣ кардед, чӣ гуна ҳамкориро дар назар доштед?

Сиддиқов: Он ҳамкориеро, ки тибқи қонун шабакаҳои давлатии телевизион ва радио чун дигар воситаҳои ахбори омма метавонанд бо аҳзобу созмонҳои сиёсӣ дошта бошанд.

Озодагон:
Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон танҳо дар арафаи интихобот ба телевизионҳои Тоҷикистон дастрасӣ доранд. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед? Дар ҳоле, ки қонунгузорӣ дастрасии озод ба чеҳраҳои мухолифро маҳдуд накардааст?

Сиддиқов:
Ба ин суолатон аллакай посух додам. Ҳамкорӣ бо аҳзобу созмонҳои гуногун танҳо бо ҳамкорӣ дар арафаи интихобот маҳдуд намешавад.

Озодагон:
Лутфан феҳрасти чеҳраҳои «нон грат»-ро номбар мекардед?

Сиддиқов: Кадом «феҳраст», шумо чиҳо мегӯед?! Ин сафсаттае беш нест. «Нон-грата» - ин истилоҳ аслан марбут ба соҳаи дипломатия аст ва ба мо ҳеҷ иртиботе надорад. Маънии ин истилоҳ «шахсони иштирок ё фаъолияташон дар коре ё ҷое маҳдудшуда» мебошад. Барои мо чунин ашхос вуҷуд надоранд, агар ҳукми суд содир нашуда бошад. Бори дигар мегӯям, мо дар раванди ҳамкориҳоямон бо ҳамаи шахсоне, ки фаъолияташон дар доираи қонун ва аз рӯи манфиатҳои миллату давлатамон ба роҳ монда шудааст, муносибати яксон зоҳир менамоем.

Озодагон:
Барои мисол, мухолифин умуман ба барномаҳои ТВ роҳ надоранд. Ҳатто дар пахши барномаҳо аз рафти ҷаласаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ намояндагони аҳзоби мухолиф, аз қабили Муҳиддин Кабирӣ ва Шодӣ Шабдолов намоиш дода намешаванд. Дар ин маврид мухбирони шумо ишора ба он мекунанд, ки ба чунин амал бо фармон аз боло даст мезананд? Шарҳи Шумо чист?

Сиддиқов: Мухолифин «умуман ба барномаҳои ТВ роҳ надоранд» гуфтан ғалат аст, намояндагони онҳо низ дар барномаҳо иштирок ва суханронӣ мекунанд. Шумо агар надида бошед, дигарон дидаанд. Дар Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат 63 нафар вакили мардумӣ фаъолият мекунанд ва мо наметавонем чеҳраи ҳар кадоми онҳоро дар барномаҳо баҳудаю беҳуда ба намоиш гузорем. Чеҳраи вакилон вобаста ба мавзӯи баррасишаванда албатта нишон дода мешавад. Дар ин бора ягон хел «фармон аз боло» нест ва буда ҳам наметавонад. Агар мебуд, он нашр мешуд ва Шумо ҳам онро медидед. Ҳамзамон бояд гуфт, ки гузоришҳоро аз ҷаласаҳои Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ хабарнигорони мо не, балки маркази матбуоти парлумон танзим ва ба мо пешниҳод месозад.

Озодагон: Сабаби афзоиши барномаҳои зиддинаҳзатӣ дар шабакаҳои телевизионӣ, ва он ҳам дар пешорўи интихобот, чист?

Сиддиқов:
Шабакаҳои телевизион ва радио худашон махсус «барномаҳои зиддинаҳзатӣ», тавре Шумо мегӯед, ташкил намекунанд. Агар пиндори Шумо чунин аст, хандаовар аст. Мо танҳо воқеиятеро инъикос менамоем, ки имрӯз дар ҷомеа вуҷуд дорад. На бештар аз он. Мардум дар маҳофилу маҷлисҳо имкони озодона ибрози назар кардан доранд.

Озодагон: Шабакаҳои телевизион замоне мавриди писанди омма қарор мегиранд, ки агар воқеъияти рӯзгори мардумро инъикос намоянд. Маъмулан дар телевизионҳои тоҷик ҳамеша аз рақсу суруд ва ё беҳбудиҳо гуфта мешаваду аз мушкилот на, сабаби яктарафа инъикос кардани воқеъияти кишвар чист?

Сиддиқов: Агар Шумо фикр кунед, ки рақсу суруд ифодагари воқеияти рӯзгори ҷомеаи мо нест, ғалат мекунед. Рақсу суруд ҳам як пораи ҷудонопазири зиндагии мардуми мост. Ва агар мо онро бештар нишон медиҳем, пас ин корро бо ду сабаб ба ҷо меорем: якум, мо хоҳишу дархости бешумори бинандагону шунавандагон ва натиҷаи пурсишҳои дар байни онҳо доиркардаамонро ба назари эътибор мегирем, дуюм, ба хотири рушди фарҳанг, ки пояи асосии давлату давлатдорист, тарғиби арзишҳои муқаддаси миллӣ ва мусоидат ба роҳату рафоҳияти мардум, таҳкими саломатии шаҳрвандон рақс ва суруду мусиқиро талқин мекунем. Оё талқини рақсу суруд, шодию нишот ягон ҷои бадӣ дорад?! Албатта, агар бо барномаҳои мо ошно бошед, дар баробари муваффақиятҳо мо аз камбудиҳои ҷомеа низ бисёр ҳарф мезанем.

Озодагон:
Бештар маврид далел оварда мешавад, ки шабакаҳои давлатии телевизион ва радио барои таблиғи фаъолияти давлат ва ҳукумат ҳастанд. Аммо ин шабакаҳо аз ҳисоби андоз фаъолият мекунанд. Яъне, маблағи мардум, ҳамон мухолифин аз ҷумла. Пас чаро дастрасӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа ба эфир якранг нест?

Сиддиқов: Аввалан, андоз танҳо яке аз манбаҳои даромади буҷет аст. Сониян, на танҳо мухолифин, балки тамоми шаҳрвандон, тамоми мақомот ва ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла шабакаҳои давлатии телевизиону радио низ андоз месупоранд. Солисан, андозе, ки мову шумо месупорем, охируламр дар шакли ҳар гуна хизматрасониҳои ройгон боз ба худамон баргардад. Оё касоне, ки дар муассисаҳои ғайридавлатӣ кор мекунанд, аз неъматҳое, ки давлат дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ муҳайё кардааст, аз қабили амният, тартибот, шаҳру деҳоти обод, роҳу пулҳо, боғу гулгаштҳо, таълим дар мактаб, ёрии тиббӣ, истироҳатгоҳҳо, идрорпулию кӯмакҳои хайрия, нафақа ва ғайраву ҳоказо бархӯрдор нестанд? Худи дастрасии ройгони аҳолӣ ба барномаҳои шабакаҳои телевизиону радио, ки бо мақсади таъмини он давлат маблағи зиёд сарф мекунад, яке аз чунин неъматҳост. Дар бисёр кишварҳо, мисли Олмон, Британияи Кабир, аҳолӣ барои тамошои барномаҳои телевизион ҳар моҳ пул месупоранд.

Озодагон:
Тақдири Академияи ВАО чӣ шуд?

Сиддиқов: Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Академияи воситаҳои ахбори омма омода шудааст ва дар ҳоли баррасӣ дар вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад: бояд макони ҷойгиршавӣ, ҳаҷми маблағгузорӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти ин муассиса мушаххас карда шаванд. Тавре Шумо огоҳӣ доред, аз ҷониби Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик 10 марти соли 2012 барои таъсис додани Академияи ВАО ҷиҳати рушди воситаҳои ахбори оммаи мамлакат супориш шуда буд. Ин супориш ҳатман иҷро мешавад.

Озодагон:
Ба назари Шумо телевизионҳои давлатӣ бояд дар хизмати мардум бошанд ё дар хизмати ҳукумат?

Сиддиқов: Шабакаҳои давлатии телевизион ва радио тибқи қонун пеш аз ҳама бояд фаъолиятҳои давлат ва ҳукуматро инъикос намоянд. Аммо давлат ва ҳукуматро аз мардум ҷудо кардан лозим нест, давлат ва ҳукумат низ баргузидаҳои ҳамин мардум ҳастанд ва танҳо барои таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият мекунанд. Аз ин лиҳоз, вақте шабакаҳои телевизион ва радио дар бораи тадбирҳои давлатию ҳукуматӣ ҳарф мезананд, ин маънии онро дорад, ки хизмати мардумро ба ҷо меоранд.
Мӯҳр
махмад
шумо мухтарам Сиддиков чонишин нею ба фикрам балегуяк хастед. Акалан ба як савол бо далелу бо мантик чавоб намедихед акалан дар пеши зану фарзандонатон эхтироматонро нигох медоштед. О мардак бояд акалан хисси мардаки дошта бощад. Шумо бошад факат сафсатаи ДУРУГ гуфтед. Хумайро зинда бод. 10 : 0

Салмон.
Мошо Аллох, эй х,укуматих,о ак,аллан сухангуфтанро ёд гиред!...

Точик
Чавобхо вокеан гайри профисионали буд. Масалан дар Германия аслан телевизиони давлати яъне аз хисоби буджет фаъолият мегардаги вучуд надорад аз ин ру мардум барои тамошои каналхои мехостагиашон маблаги ночизе хар мох е дар як сол як бор пардохт мекунад. Аммо телевизионхои Точикистон хамаги аз пули буджет фаъолият мекунанд. Пули буджет аз хисоби тамоми мардум аст аммо дар телевизион бошад факат ба фоидаи хизби хоким ва шахси Президент кор мекунад. Дар Америко низ телевизионхои давлати вучуд надорад.

Сайфулло
Хумайриёкор! Барои ташкили чунин як гуфтугуи дуругин чанд сум гирифти? Шумо медонед, ки дидани шумо ва шумо баринхо дар телевизион неудобний аст. Баъдашам, шумо дар телевизион чи мегуед, ки хеч кас нагуфтааст. Фикр мекунед, ки гап задану лакидан хунар аст. Шмуо чунин хурускиёфагиро дар майдони кор нишон дихед. Обру ва секрети одитаринро ба 100 доллар мефурушед. Ман ва кариб 1000 нафар тарафдорам аз ту баринхо нафрат дорем. Чунки шумо бо падид шуданатон миллатро захролуд кардед. Дунёи тухмату бухтон, дуруг, сафсата, ховагуи, ширк, нахс, касофати, бе рангии хурок, хароби, чирки палатенса, наскии дарида, тугмаи кандаги, якдигарбадбини ва хазорон фиску фасодро шумо ба сари ин миллат овардед. Худо хеч гох шуморо дар ягон кор муваффак нагардонад. Чоп кунед, агар ту демократияро ба кучааш гузашта боши.



Бахтиери 46
Сайфуло садкаи номи марди шави. Аку 19 кас не праву ту 1 каси нокас правии???

Хуршед
Салом хонандагони сомонаи Озодагон.
Бесаводи аз ин дида зиёд намешавад. О давлатро бо чангу дутор ва шеърхониву маддохи пешбурда намешавад. Пояи асосии давлат дар иқтисодиёт аст НА дар "дуюм, ба хотири рушди фарҳанг, ки пояи асосии давлату давлатдорист,..........".
Инхел бесаводхо кати на Ватан обод мешавад на рузи Миллати Тоҷик беҳ мешавад. Ҳаматон ба истеъфо равед!

Said Sarhang
Саидали Сиддик чавобхои хубе ба Озодагон додааст. Ин озодагон як вакт мардумро аз хоби гарон бархезонда буданд. Вале мардуми бечора дигар чои хоб наёфт ва аз хоби худ низ махрум гашт. Бахтиер,

Вақти гаронатонро беҳуда сарф кардед, хонум Ҳумайро. Кадом соҳиби гов мегӯядки "думи говам каҷ аст"? Раҳбарони ТВ ва радиои давлатӣ аз ин истисно нестанд. Дар мавриди инъикоси сиёсат ва назари ашхоси сиёсӣ онҳо ҳар коре мекунанд бо "дастур аз боло" мекунанд. Охир, беҳуда нагуфтаанд, ки "об аз боло лой аст!" Суханони Саидалии Сиддиқ дар бораи андозу андозсупорандагон бемантиқ ва пучанд. Зимнан дар пасманзари сӯҳбат як чиз мушоҳида мешавад: қаҳру ғазабеки С. Сиддиқ бо шумо гуфтугӯ кардааст. Ин аз сустии равон, асабҳо ва мавқеъи ӯст. Дар баробари ӯ саволҳои шумо ором ва ботамкинанд. Ин маҳорат ва устувории мавқеъи шумост.

Сайфулло,
Оғои Сайфулло,
ба фикрам шумо ягон партократи шӯравимаъоби пиронсолед. Ғайр аз ин, аз дашномҳоятон, ки ба шаъни як мард дуруст намеояд, мушоҳида мешавадки асабҳоятон кайҳо аз кор баромада аст. Дар тибби муосир ин дардро "атеросклерози рагҳои хунгарди сар" мегӯянд, ки басо хатарнок аст. Бо ин дард шумо бояд фавран ба духтури равоншинос (психиатр) ва духтури асаб (невропатолог) муроҷиат кунед. Дар беморхонаи Қарияи Боло духтурони хуб ҳастанд.
Хонум Ҳумайрои Бахтиёр журналисти озодандеш ва қавӣ аст. Мо бо ӯ ва бо минбари ОЗОДАГОН ифтихор дорем. Ба шумо маъқул аст ё на, вале ҷамъият бояд ҳамеша пеш равад. Мо наметавонем бо "дирӯз" зиндагӣ бикунем. Барои мо фардо даркор аст. ФАРДОИ ОЗОД, ФАРДОИ БЕИЛЛАТУ БЕФАСОД. ФАРДОИ МИСЛИ РӮЗ РАВШАН. Ин гуна фардоро Ҳумароҳо месозанд. Мо месозем. Шумо аз паси бемориатон шавед. Аллоҳ шифо диҳад.....

Ба посуххои муовини аввали кумитаи тв ва родиои чт хандаи кас меояд чаро инкадр бофтанихо ва дуругхо сари масоили догхои руз ки ба хама кас маълум ва равшан аст : Офтобро бо доман пушондан имкон надорад

озодагон чаро назари ман дар сайт пахш накардед кучои шумо озодагон аст

сафар
Хайрон мешавам чигуна мушкилии мардум бараксу суруд бартараф мешавад?Хамаи ин гуфтахо бементик мебошанд ин гуфтахо хамаашон шармандагии ин миллат мебошад,гуё давлати мо таракиёташ ба мавчи аъло расида бошад ки танхо дигар бираксему бисароем.Чизи дигаре ки ичозат надодани азхоби сиёси дар телевизон Точикистон инаст,ки онхо аз мансабашон метарсанд. зеро имруз инхо давлатро базулм пеш мебаранд,ин окибати хуб надорад.набоша ин ТВ- телевизони мардуми хаст бояд хама азхоби сиёси дар он иштирок карда хадафхои худро пешкаши мардум намояд н

Сайфулло
Ба Чамшед ва Бахтиёри 46
Чамшед шумо мурдахурора ман дар як соат аз акидатон мегардонум. Ту пешравиро чи медони. Саломатиро чи медони. Мумкин хамон духтури Караболо ман бошум. Неке рузе шава ки дар сеанс афтиву умедвор шави. Бемор туи ки дархол аланга мегири. Бо ин хел асаби пучи мансуб ба асри 19 ту чи хел фардо месози. Фардо барои ту маънои рузи дигар асту халос. Ман хатман туро меёбам.
Бахтиёр 46 дар хакикат 54 шарики сарут намераса. Биё хам табобат кунемат ва хам аз чодуи доллар бароремта кати чамшедчони ман.

Аз хамин пулуфта ва саксатаву сафсата гуфтанхои шумо бекорхучахода ракси малика ва шеъри накрананайи фарходи дарё хуб нест??????

ofarin sidikov.zur javobash dodi..hizbeki ba foidai vatan davlatu milat xizmat mekunad nishon metiem..in muxolifinu digarosh ba zarari vatanu xalkan.inhoro nazdiki -tv-ba roh natied.nest bod muxolifin..

in televizioni hukumat ast na az muxolifin.ofarin siddikov.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)