Бахшҳо

“Наҳзатиён”-и Ванҷ алайҳи Булбулов баромаданд

Шуъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ, дар пайи “изҳорот”-и телевизионии Асрор Булбулов алайҳи ин ҳизб, ҷаласаи изтирорӣ баргузор намуда ва бо пахши як иттилоия гуфтаҳои Булбуловро маҳкум намудааст.

Завқибек Раҳмонов, раиси шуъбаи ҲНИТ дар Ванҷ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “иттилои ҷаноби Булбулов, ки гӯиё омори теъдоди наздик ба ду ҳазор узви ҲНИТ дар Бадахшон сиҳат надорад, комилан беасос буда, мо бо масъулияти том изҳор медорем, ки танҳо дар ноҳияи Ванҷ, ҲНИТ 320 узв дошта, шумораи ҷонибдорони он аз 1000 нафар бештар мебошад. Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Булбулов теъдоди умумии аъзои ҲНИТ дар Бадахшонро 38 нафар медонад, ки комилан дурӯғ мебошад.”

Бахши ҲНИТ дар Ванҷ бо нигаронии амиқ аз амалкарди Асрор Булбулов изҳор медорад, ки чунин шеваи фаъолият ба обрӯйи ҲНИТ хамчун ҳизби муташаккил ва бузургу мухолиф таъсири манфӣ мегузорад. Ҳамчунин ҷаноби Булбулов узвият дар ҳизбро мисле, ки гуноҳ ва ҷиноят дониста, изҳор медорад: «Кӯр як бор асои худро гум мекунад». Мо ба масъулияти баланд эълом медорем, ки узвият дар ҲНИТ на танҳо гуноҳ ва ҷиноят нест, балки ифтихор ва мавқеи шаҳрвандии фаъол буда, як амалкарди қобили қабули ҷомеаи демократӣ мебошад.

Завқибек Раҳмонов афзуд, ки “шояд ин изҳороти Асрор Булбулов зери фишори шадиди мақомот дар арафаи интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон ба бор омадааст ва мо умедворем, ки бахшҳои дигари ҲНИТ дар дигар навоҳии Бадахшон низ мавқеи худро нисбати ин буҳтонномаи телевизионӣ рӯшан мекунанд. Зеро Асрор Булбулов ҳуқуқи маънавии аз номи тамоми мардуми Бадахшон изҳорот доданро надорад.”

Аъзои ҷаласаи изтирории бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ баён медоранд, ки бо назардошти зарурати ҷомеаи шаҳрвандӣ, татбиқ намудани демократия, гуногунандешии сиёсӣ ва эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи инсон ва дигар арзишҳои башарӣ, вуҷуди ҲНИТ-ро натанҳо зарурӣ, балки барои ҷомеаи Тоҷикистон бисёр муҳим меҳисобем.”

Асрор Булбулов, ки худро раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар маркази вилояти Бадахшон, муаррифӣ намуд, шоми 5-уми август, дар изҳороте тариқи Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро барои барзиёд нишон додани аъзои ҳизб муттаҳам кард. Асрор Булбулов узвияти 3 ҳазор нафар аз ҲНИТ дар Бадахшонро дурӯғе беш надонист ва гуфт, ҳоло ҳамагӣ 38 узви пешини ҲНИТ дар ин минтақа боқӣ мондаанду халос. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, ҳоло раёсати ҲНИТ дар Хоруғ ҳамагӣ 5 узв дорад. “Ман ҳатто муовини худро надидаам. Фақат панҷ нафарро мешиносам. Дар ҳолатҳои даркорӣ ҳамин панҷ нафарро даъват мекунам",-афзуд Булбулов. Ӯ таъкид намудааст, ки ин ҳизб барои Тоҷикистон даркор нест. Асрор Булбулов як сол пеш, баъди боздошти Шерик Карамхудоев, собиқ раиси ҲНИТ дар Хоруғ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шуъбаи ин ҳизб дар Хоруғ таъин шуда буд.
Мӯҳр
Сари рохи
Булбулов аз он изхороте ки дар тв точикистон дод худи хукумат, президент, тв-хо ва ХХДТ-ро щарманда кард. дар сухбате ки у бо озоди кардааст бубинед чи гуфтааст. у мегуяд "ман мукобили тамоми хизбхо хатто хизби халкии хукумат хастам, зеро барои мардуми Бадахшон коре накардаанд". Шармандахо! чаро ин гапхояшро намемонед??????????????????????

Кирмоншох! Ту аз кадом кирхонаи ХХДТ баромади ки ин кадар тухмату бухтон мезани? ту на бадахшонии на ........ ту як курсидораки хизби хокими ки бо рафтани ин хукумат вазифа, яъне чонатро аз даст медихи.

bo guftem in vanjiho boakltaran ki xato kardemda.lekin salam mardi xub ast.

Асрори Булбул ту хукуке надори ки тарики ойнаи нилгун тасмим бигири ки оё ХНИТ зарур аст ё ки не, ё ин ки вучудаш бе фоида аст гуйи. Ту танхо ичро кунанда. Махкул нест кор чавоб туда хечкас мачбурат накардай. Дигарон кор мекунанд.

Чавоб ба бародар Кирмоншох (агар у ростаки бошад): Ман зодаи Ванчам, 50 сола. Аммо дар сар то сари Ванч чунин ном ба мисли Кирмоншох умуман вучуд надорад. Ин як. Дуввум ин ки ба ту ва Асрор Булбул ки хак додааст, ки дар мавриди ХНИТ хукм мекунед. Ин хизб хам баробари ХХДТ аз суи вазорати адлияи кишвар сабти ном шуда, 100 фоиз хукуки фаъолият кардан дорад. Агар ччи ту ва Булбул инро нахохед. Бо хамин хапу хомуш шаведу коратонро кунед

Кирмоншох Язгулом
Бародар агар 50 сола боши хуб нохакихои нахзатихоро бо сарварии мучохиддинат хуб дар ёд дори
2) Хамон сабти ном шудани хазби нахзати ислом дар Вазорати адлия низ дар замони истиклол ба бор омад вагарна дар даврони шурави ту ва чунин хизбро дар кофпсилох бурда чо мекарданд
3) Вакт довар аст.........

КИРМОНШОХ
ШУМО ХАМ КОРИ ХУДАТОНРО КУНЕД

БА АХМАД ЧАВОБ; ЯКУМАШ ИН КИ ДАР МАКОЛАИ НАВИШТАГИИ МАН КУЧОЯШ ТУХМАТУ БУХТОН АСТ ИКТИБО БИЁР БЕСАВОД!!!

КИРМОНШОХ
ЧАРО ЗАВКИБЕК ХОМУШ АСТ? ФИКРХОИ БЕМАВКЕЪ УМРИ КУТОХ ДОРАНД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)