Бахшҳо

“Паёмбар билети ҳизбӣ надошт...” Далели зидди ҲНИТ?

Каюмарси АТО

Дар мо ба ҷои салла ҳамеша калла меоранд. Намедонам, аз рӯи самимият ва ё аз рӯи тамаллуқу тарс.

Вагарна, то ин дам ҳама вуҷуду ҳузури Ҳизби Наҳзати Исломиро таҳаммул мекарду онро як бурди ҳукумат медонист, ки барои фаъолияти як ҳизби динии сиёсӣ иҷоза додааст. Аммо ҳоло ҳамагӣ алайҳи он камар бастаанд ва бо як овоз мегӯянд, аз ин ҳизб безоранду Ислом ҳам ҳаргиз ба ҳизб ниёз надошт ва надорад.

То ҳоло даҳҳо сӯҳбату хабар ва барномаҳое бо номи “Тафсир”-у “Афкор” дар шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон ба ин мазмун пахш шудааст. Агар Ислом ба ҳизб ниёз надошт, чаро дар вақташ нагуфтед? Чаро дар вақташ баҳс накардед? Чаро то ин дам ягон бор Шӯрои уламо ин масъаларо ба баррасӣ нагирифт? Магар ҳама мунтазири “боло” нишаста будед?

Дар ҳоле ки моддаи 28-и Қонуни асосии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби характери динидошта дар кишварро иҷозат додааст ва ҳамаи мо ба ин қонун арҷ мегузорем. Дар ҳоле ки фаъолияти ҳизби харктери динидошта натиҷаи созиши тарафҳои сулҳ аст ва мо ин сулҳро яке аз бурдҳои худ медонем. Пас, кӣ ҳақ додааст, ки телевизиони Тоҷикистон ва як гуруҳ аз мардум зидди Қонуни асосӣ ва зидди созиши тарафҳои сулҳ ҳарф бизананд?

То ҳоло ришдоронро дар телевизионҳои Тоҷикистон дидан ғайримумкин буд. Бо микроскоп мекофтиву намеёфтӣ. Аммо ҳоло ба баъзе ришдорон минбар додаанд, ки ба ҳама чиз қасам бихӯранду бигӯянд, мо зидди ҳизби динии сиёсием. Бигузор, зидди наҳзат бошед, вале то ҳол дар куҷо будед, ки мо садои Шуморо намешунидем?

Чанде аз барномаҳоро дидаму чанде аз гуфтугӯҳоро шунидам. Фикр кардам, шояд як навъ ҳамнавоии мардум ба мулоқоти президент бо рӯҳониён бошад. Вале, билохира, маълум шуд, ки ин барномаи хос дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳур аст. Вагарна кӣ ба як ҷавоне, ки шояд бӯе аз дину сиёсат набурда бошад, ҳақ медиҳад, то онҳоеро маҳкум бикунад, ки ҳанӯз дар Шӯравии пешин ҷони худро дар хатар гузошта, ин ҳизбро таъсис додаанд. Ё як нафари дигар мегӯяд, чанд вақт боз узви ҲНИТ будаасту нав аз он хабардор шудааст. Дақиқан баъд аз гуфтугузорҳо дар бораи ҳизби динии сиёсӣ. Чӣ магар то ин вақт аз Шумо ҳаққи узвият напурсида буданд? Чаро аз ҳаққи худ дифоъ накардед ва ба мақомот хабар надодед? Ё аз наҳзатиҳо тарсидед?

Ё як нафари дигар аз Муъминобод баромада мегӯяд, паёмбар дар вақташ билети ҳизбӣ надошт, мо чаро бояд дошта бошем. Охир, паёмбар билети ҳизби халқӣ-демократӣ, билети коммунистиро ҳам надошт. Дар замони паёмбар мазҳаб ҳам вуҷуд надошт. Ҳамон мазҳабе, ки аз Абӯҳанифа мерос мондаву имрӯз шиораш кардаем. Ҳадди ақалл далелҳое пеш биоред, ки рад карда нашавад ва баръакс, мардум аҳсан бигӯянд.

Ман аслан узви ҲНИТ набудаму нестам. Ва намегӯям, ки набояд бо ин ҳизб баҳс накарду он ҳақ аст. Не, ҲНИТ як ҳизби динии сиёсист. Бале, бо он баҳс кард, вале ба тарафи дигар ҳам ҳақ дод, то нуқтаи назарашро бигӯяд. Ҳақиқат дар натиҷаи баҳс ба вуҷуд меояд. Ҳоло баҳс намекунанд, балки ҳукм мекунанд. Ҳар кас ба хостаи худаш ва ба таври худаш. Муҳим ин ки алайҳи ҲНИТ бошад.

Агар ҳадаф баҳси ҳизби динии сиёсист, пас, ин кори як тӯда муллову афғону эронӣ ва телевизиони давлатии Тоҷикистон нест. Ин кори Вазорати адлияи Тоҷикистон, масъули сабти аҳзобу созмонҳо, ва қонун аст. Вақте мегӯед, Ислом бо сиёсат кор надорад, муллоҳоро ба сиёсат накашед ва аз ҳарфи онҳо барои худ сипар насозед. Ҳарчанд барои аксарият рӯшан аст, ки он муллоҳо дигар ҳамаашон муҳтоҷи униформу маош нишастаанд. Онҳо хуб медонанд, ки посухи муносиби ин ҳама “ғамхориҳо”-ро бояд дод. Ё ман хато мегӯям?
Мӯҳр
хамфикр
браво Собирчон

kabiri bo komandaash baroi satru rishu maschidu javononi maschidrav chi xizmat kard ki mo tarafi uro girem?ami konunora aminho ba hukumat metiyand.

рахмат
Ин Каюмарс касали рухи дорад, вагарна агар журналисти, туро ба тарафгирии муллохо чи кор!?

албата ба мусалмони вокеи хизб лозим нест!мо бе хизб хам ба ибодатхои диниамон арч мегузорем!вучуд доштани ХНИТ зарар надорад вале номашро иваз мекарданд хуб мешуд дар хакикат онхо худро химоятгари дин мехисобанд мисли солхои 90))ин дар холест ки ислом дар замини мусалмонон ниёз ба химоятгар надорад

Хакчу
Дустам дар урфият мегуян дусти нодон бех аз душмани доно. ин хама муллохоек имруз ба гапи муздурхои хукумати лаббайк мегуянд аз хамин тоифаанд. боз рузе мерасад ки сиёсат дигар шуд фикрашонро иваз мекунанд зеро онхо хато акли доштаи худро кор фармуда наметавонанд ва дарк карда наметавонанд ки чи бад аст ва чи хуб. хай акнун ин сардори шурои уламо ба хама маълум мур гуянд мемурад хур гуянд мехурад ва чазяшро дар киёмат мегирад ва хатто бовар дорам дар ин дунё чи тавре ки хатто назди як мусулмони аробакаш кадрку надорад ва вой бар холи ту борин ба ном мусалмон.

бенахзати
додарчон саломат бошед хакки гапро гуфтед

Сад дар сад ба гуфтахоятон розиям ва тарафдорам. Оли буд.

Бале рост гуфтед. Сад дар сад ман ба фикратун розиям. Хело оли аст.

пайкон
офарин ин суханҳо чони гап аст шумо ҳақро гуфтед. метарсам, ки шуморо наҳзати гуфта аз касбатон маҳрум накунанд ҳизби наҳзат агар набошав киварамон кишвари фоҳишаҳои дайду мешуд.ОФАРИН БАРОДАР

saiid
salom rosti ki chinin ast hammai in barooi bozham khadchador namudani SULH ast ki in SOZISHNOMAI SULH-ro zeri suol qaror medihand in hukumatdoron pas khub fikr kuned ki daк in sozishnoma LA,NATNOMA niz ovarda shudaast ki harkas az inho yod mekunad la,nati tamomi mardoom va...bod pas khudi in hukumat tabar ba in sulh zada istodaast....

рахмат бародар! худо умрат тияд!

Хай, оқои Каюмарс, ҳоло ҳамин тавр гӯед?
Ҳоло дар ТВи Тоҷикистон "контрпропагандаи" пешазинтихоботӣ рафта истодааст, гӯед? Ман ки ТВи ватаниро тамоман тамошо намекунам, аз ҳамаи ин суханбозиву русиёҳкуниҳо бехабарам. Рости гап, барномаҳои миллӣ чизе надоранд, ки ҳаёти маънавии касро боло барад, бараъкс, онҳо барои бинандагони сатҳи камсаводу деҳотӣ сохта шудаанд. Ингуна барномаҳоро "омиёна" мегӯянд.

Дуввум инки, аз ҳокимони имрӯза чи интизоред? Табиист ки онҳо барои нигаҳдории мақому ҷоҳу ҷилоҳи хеш аз ҳамаи воситаҳо истифода хоҳанд бурд. Русҳо мегӯяндки: "ДЛЯ ДОСТИЖЕНИЯ ЦЕЛИ ВСЕ СРЕДСТВА ХОРОШИ." Яъне инки: "БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФ ҲАМАИ ВОСИТАҲО ХУБАНД." Дар ҳамаи давру замон беҳтарин ВОСИТА ин тафриқаандозӣ аст, яъне ҷудоиандозӣ. Ин аз Руми қадим мондааст, ки онро он замон "DIVIDE ET IMPERA" мегуфтанд, яъне "ТАҚСИМ БИКУН ВА ҲУКУМАТ БИКУН" (осонтараш: Ҷанг андоз ва раҳбарӣ бикун.) Модоме мусулмон зидди мусулмон (аъзоёни як мазҳаб!) аз минбар сухан мегӯяд, маълум аст ки ин ҳукумат ба ҷангандозии мусулмонон муваффақ шуда истодааст. Алҳазар! Солҳои 92 дар ТВи Тоҷикистон айнан ҳамин хел барномаҳо зидди қувваҳои демократӣ тарҳрезӣ мешуданд. Нақшаи шум оқибат бо чӣ анҷом ёфт, ба насли он замон маълум аст. Алҳазар! Алҳазар! Алҳазар!

salim
hama fakry kambakgaly sababash nahzat ast jang dokhtan baini mardumi tojik tojikon darbadar dar rasiyavy digarjoiho az nahzat hamaash imruzham harakatashon bokimonda korhoiki nakardan dar haki tojikon kardanian toinki farmoni nafsashon karda shavad

аӣюб
гапат рост салим тоҷикҳо дарбадар худашон туӣ тамошо зангири талоқкуни хонасози мардум чи мегуфта бошад ваъда хилофора исломи мекунем гуфта будан дар исломашон шаккардаги тоҷикон яктош шиа шудаги дигараш боз як дигар гузаштаги

чихели ҳизбаӣ аз камунистҳо гузарондан фақат таърифҳои дуруғи якдигар аз худо тарсед то каӣ давом мекунад чизе гуед ҳақ бошад мардум фиребҳоро оқибаташа дид мардум мефаҳмад фоида надорад чандрузе ҳастед рост гуед
Озодагон илтимос чоп кун

hanafi
“Паёмбар билети ҳизбӣ надошт...” Далели зидди ҲНИТ? nainki fakat hamin hayotash az gufta va kardash dalel ast hizb dar islom nest shumo ba islom bozikarda dini sokhtaatonro guzarondani ba mardumi tojik lekin nametavoned mardum ba fahmi kuron va hadishoi sahih gashtagi digar biznesa kaped in dur nameravad
iltimos khonem

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)