Бахшҳо

Шералӣ Бузмаков: “Ба пирӣ расем, баъд рӯза мегирем”

Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, рӯзи 26-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар рабита ба гармшавии бесобиқаи ҳаво изҳори умед кард, ки он бе фалокат паси сар хоҳад шуд.

“Раиси ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки дирӯз пас аз нисфирӯзӣ ҳаво 46 дараҷа гарм шудааст. Ман инро бовар мекунам. Ин минтақа гармтарин ҷой дар Тоҷикистон аст ва шояд аз пагоҳ дар Айвоҷ аз 50 дараҷа ҳам гармтар шавад. Дирӯз дар ноҳияи Ҳамадонӣ 1600 метри мукааб об омад. Соли гузашта 3600 метри мукааб омада буд. Чунки соли гузашта ҳам барф зиёд борида буд ва ҳам гармиву обшавӣ кам набуд. Мо ин гармиҳоро дидем. Кадом соле, ҳини дар минтақаи Кӯлоб кор карданам ҳама гулу шонаи пахта рехт, аммо пахтаи ҳозир коридаи мо Флора Кармен буда, он тоқатовар аст. Аз пахта бояд зарар набинем...”,-афзуд раиси вилояти Хатлон.

Ҷаноби Афзалов ҳамчунин гуфт, ки “ба БДА гуфтан даркор, ки аз соати 8:00 то 20:00 ҳаракати мошинҳои гаронвазнро манъ кунад. Агар мошини вазнин дар ин гармӣ ба роҳе, ки ҷопониҳо кардаанд, ҳаракат кунад, роҳи нав дар як рӯз вайрон мешавад".

Раиси вилоят ҳамчунин илова кард, ки барои ҳифзи саломати аҳолӣ дар ин гармо табибонро вобаста кардаанд. Зимнан, Шералӣ Бузмаков, сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон, гуфт, барқияи вазири тандурустиро низ гирифтаасту мутобиқи муҳтавои он ба ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ супоришҳо додааст: “Пеш аз ҳама, доир ба бемориҳои сироятии тавассути об гузаранда дар ин рӯзҳо бояд кор барем. Мо кормандонамонро вазифадор кардем, ки минтақаҳои оббозиро зери назорат бигиранд ва дар ҷойҳои махсус обҳои ташнашикан муҳайё карда шаванд. Дар моҳи Рамазон кадоме қудрати ҷисмонӣ дорад, рӯза гирад, надорад, нагирад. Ӯ агар қудрат надошта бошад, рӯзааш дуруст нест. Дар ҳамаи китобҳои исломӣ ин амр содир гардидааст. Ба пирӣ расем, баъд рӯза мегирем. Ҳозир кор кардан даркор”,-гуфт Бузмаков.


Мӯҳр
Сафо
Агар Шумо фанатикхо ягон нотинчи накунед Иншоолох хама ба хамин пири мерасанд!!! Вале Шумо бо хамфикронатон хазорон чавонро дар солхои 92 гуррамарг кардед вагарна онхо хам ба пири мерасиданд!! Касе кудрат надорад барояш рузагири шарт нест. Ин гап дар Куръон омадааст! Ё магар Куръони Шумо дигар аст. Чаро Шумо Исломро ин кадар дини берахму зулмкунанда муаррифи мекунед? Магар аз Худо наметарсед!!!

Сафо,
Сафои гиромӣ,

ба ғӯрамаргии ҷавонони тоҷик солҳои 92 на танҳо фанатикҳои исломӣ, балки кӯҳнакоммунистони фанатик (ифротиён) низ сабабгор шудаанд. ШОЯД БЕШТАР! Зеро он замон тамоми қудрат (армия, кгб, мвд, резервистон, кумитаҳои ҳизбӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ, дастгоҳи таблиғотӣ, радио ва ТВ) сар то сари мамлакат дар дасти раҳбарони ҳизби коммунист буд. Бо як занги телефон пас аз 3 соат десантчиёни дивизияи Гатчина аз Русия омада, ҳама ҷоро тоза карданашон мумкин буд. Мисли ки мову шумо рӯмизиро (дастархонро) пас аз хӯрок тоза мекунем. Чаро накарданд?! Зеро бозии бузург ба нақша гирифта шуда буд. Тарҳаш ҳам дар Маскав рехта шуда. Аналитикҳои амниятии марказ медонистанд, ки муқовимат ва кашмакашиҳои лафзӣ охир ба ҷанг мебарад. Хислати сабукии тоҷиконро солҳо пеш хуб омӯхта буданд. Мақсади Маскав (бо шайтонии Тошканд) бадном кардани қувваҳои демократӣ ва озодихоҳи Тоҷикистон (дар минтақа) ва билохира саркӯб кардани миллати тоҷик буд. Аз ин хотир русҳо махфиёна ба мухолифини тоҷик яроқу аслиҳа ва муҳимот мефурӯхтанду фронти халқии Сангакро чун рӯзи равшан ошкоро дастгирӣ мекарданд. Тошканд фақат ба як тараф кӯмак мекард. Ба фронти халқӣ. Ана дар натиҷаи чӣ ҷавонписарони тоҷик ғӯрамарг шуданд. Агар раҳбарони онвақтаи Тоҷикистон ҷасурона, ба васвасаҳои шайтонии Маскав ва Тошканд гӯш накарда, пеши оташи ҷангро мегирифтанд, Тоҷикистон инқадар талафоти ҷонӣ ва молӣ намедид! Дар натиҷаи он ҷанг ҳар як тараф мехост соҳиби луқмае шавад: Душанбе ҳам, Маскав ҳам, Тошканд ҳам. Ду тарафи аввал ба мақсад расиданд, вале Тошканд бе луқма монд. Сардии равобит бо Ӯзбакистон аз ҳамон замон манша мегирад! Вассалом. Исломиҳои он солҳо гунаҳгоранд, вале на ба дараҷае ки дастгоҳи таблиғотии ҳукумат ҷор мезанад. Умдатан Душанбе ва Маскав зомини хуни он ғӯрамаргон гардидаанд. Ана ҳақиқати ҳол дар куҷост.

Мухтарам Шерали бузмаков ман шуморо нагз мешиносам ва медонам ки ба наздики писаратонро гуронидед ое у хам мисли шумо дар пири нияти рузаву намоз карда буд? Айб аст ба худо аз Аллох арм кунед ин ба шумо намезебад.

впп
Бузмаки кори хта кун

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)