Бахшҳо

Оҷонсӣ: Зайд Саидов аз духтари ноболиғ фарзанди семоҳа дорад

Оҷонсии зидди фасод бо пахши як иттилоия мегӯяд, 16-уми июли соли равон алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Оҷонсӣ мегӯяд, ба ин ниҳод ноболиғ шаҳрванд «А» бо ариза муроҷиат намуд, ки гӯиё Зайд Саидов ба номуси у таҷовуз кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, “зимни баррасии аризаи мазкур муайян карда шуд, ки Саидов З.Ш. моҳи апрели соли 2008 дар Душанбе дидаю дониста, ки шаҳрванд «А» 14-сола аст, бо роҳи фиреб ба як хонаи истиқоматӣ бурда, ӯро ба воситаи нушокии мадҳушкунанда беҳуш кардаву аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода ва ба номусаш таҷовуз мекунад. Ҳамин тавр, Саидов З.Ш. аз сарватмандию дороии худ истифода намуда, ба тақдири минбаъдаи ноболиғ «А» бе эътиноии маҳз зоҳир намуда, аз моҳи апрели соли 2008 то моҳи августи соли 2012 аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода карда, бо роҳи таҳдиди зӯроварӣ, мунтазам алоқаи ҷинсӣ карданашро бо ӯ давом медиҳад. Дар давраи солҳои 2008-2012 дар натиҷаи алоқаҳои ҷинсии мунтазами Саидов З.Ш. бо шаҳрванд «А», номбурда се бор ҳомиладор мешавад. Саидов З.Ш. бо мақсади он ки кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ ошкор нагардад, дар ин се ҳолат шаҳрванд «А»-ро барои исқоти ҳамл кардан маҷбур месозад, ки дар натиҷа охирин аз ноилоҷӣ дар ин се ҳолат исқоти ҳамл менамояд.”

Дар иттилоияи пахшкардаи Оҷонсӣ омадааст, “аз ин ҳолати ногувори шаҳрванд «А» модари ӯ огаҳӣ пайдо карда, бо Саидов З.Ш. вомехӯрад, ки дар натиҷа Саидов З.Ш. барои гумроҳ намудани модари шаҳрванд «А» ба модари ӯ ваъда медиҳад, ки оид ба ин воқеа ба касе хабар надиҳад ва худи Саидов З.Ш. духтари ӯро ба занӣ гирифта, шароити зиндагонияшро таъмин мекунад. Саидов З.Ш. ӯро тарсонда таҳдид менамояд, ки дар акси ҳол онҳо нисбати ӯ чора андешида наметавонанд ва худро беобрӯ месозанд.”

Масъулини Оҷонсӣ меафзоянд, “сипас, Саидов З.Ш. бо мақсади он ки кирдорҳои ғайриқонунии ӯ ошкор нагардад, моҳи августи соли 2012 шаҳрванд «Б»-ро 1300 доллари амрикоӣ дода, боз ба ӯ маблағи пулии зиёд ваъда карда, ба издивоҷ кардан бо шаҳрванд «А» моил менамояд ва ба ӯ ваъда медиҳад, дар сурати розӣ кунонидани шаҳрванд «А» ва оила барпо карданашон, барои онҳо аз ҳисоби худаш ҳавлии истиқоматӣ харида, туйи домодию арӯсии онҳоро бо дараҷаи олӣ дар беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе мегузаронад.”

Ба гуфтаи масъулини Оҷонсии зидди фасод, духтурони генеколог ба шаҳрванд “А” тавсия додаянд, ки баъди барзиёд анҷом додани исқоти ҳамл мумкин аст, ӯ безурёт шавад: “Бинобар ин, баъд аз маротибаи чорум ҳомиладор шуданаш аз Саидов З.Ш. пинҳон шуда, фарзанд таваллуд мекунад, ки ин фарзанди ӯ ҳоло семоҳа мебошад.”

Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав иттиҳоми нави Оҷонсии зидди фасод дар бораи таҷовуз ба номусро рад кардааст. Дар ин бора Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи оқои Саидов, ба “Озодагон” хабар дод. Вай гуфт, Зайд Саидов дар посух ба суоли муфаттишони Оҷонсӣ гуфтааст, духтареро, ки аз болои ӯ ба иттиҳоми таҷовуз ба номус шикоят бурдааст, намедонад ва робита ҳам надоштааст.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Қаблан мақомот алайҳи Саидов иттиҳомот ба сӯистифода аз мансаб, пора, қаллобӣ ва бисёрзанӣ пеш гузошта буданд.
Мӯҳр
Пеш аз хама гунахкор шахсони дахлдор дар ин кор (кормандони тиб,модар ва...),агар ин кор хакикат бошад .Лекин тухматхои беасос асар надоранд.Ин танхо ноухдабарории хукумати Точикистон аст ки ,шахсро дар махкама дошта , аз болояш айбхоро катор карда истодаанд.

Dev
ohir Оҷонсии зидди фасод magar kore nadorad,ki hususi tajovuz harf mezanad ! In ba salohiyati u nest ! pesh az on ki yak nihodi davlati lab vo mekunad boyad sad dar sad mutmain boshad va hususan mardumro mutmain karda tavon,ki hakikatro gufta istodaast.Davlatdoron naboyad ehsosoti boshand, chun okibatash handavu warta ast ! Bolonishinon kununi boyad dark kunand,ki vakti vohimahoi pojdarhavo guzasht , pesh az suhan kardan hub mebud varakai DNK dar dast medoshted , to akalan 30 %-i mardum bovar mekard,ki in varaka tashhisi beishtiboh ast.

озоди ин матлаби моро чоп кун ......
оё хукуматро аз ин тухматашон шарамашон наомад,? магар хамин аст мардонагиву сиёсатмадор будан, ки болои як мазлум тухматхои беасос ва бепоёнро руи хам оварда истодаанд. вой бар холатон ки баъди аз мансаб рафтанатон холи шумо чи мешавад,

muhojir
Az Xudo bitarsed hukumatdoron to ki dar gazabi Xudovand giriftor nawaved bo in tuhmatu buhtonhoi be asos boki ba barodar Z Said sabri jamil xohonam az dargohi ilohi

Garib
Ojonsii ziddi fasod fikr mekard, ki Zayd Saidov boyad ba modari rafiqa A pora nadoda bo rafiqa A khobu khez mekard ammo Ojonsii ziddi fasod didaast, ki janobi Zayd Saidov ba modari in rafiqa A pora dodaast chi? Az pushti in jinoyat shudast :D In ojonsii ziddi fasod neyu KGB shuda raftas ku :D

Mo dar asri 21 zindagi mekunem ba in khotir isbot kardani farzand az oni KI budanash khelo va khelo oson meboshad ba in khotir muhtaram rafiqon khudro sharmanda nasozedu janobi Zayd Saidovro javob dihed!!!

Ba khotire, ki beshtar besavod dar ojonsi kor mekunand hatto yak drammae, ki ba rost aqalan monand boshad bofta natonistaand :D

Оё онхо кору вазифаашонро медониста бошанд. Аз хамин фахмед, ки дар он чо кирхо шиштааст. Бубинем боз чи тухмате бофта мебароварда бошад.

Озодагон агар дар хаикат озодаи чоп кун. чандин маротиба менависа чоп намекуни сабаб чист? Ё ту хам очонси шудаи?

Як чизро ман намефахмам, чаро ки Зайд Саидов вакте, ки сари сари кор буд, барои номашу бо у салом карданба одамон бо ифтихор рост меистоданд ва хурсанд мешуданд, ки онхоро Зайд мешиносад.
а ин шахрванд "А"-е ки шикоят овардааст, ин аник аст, ки як шаттохи дигар аст. Кадом модари точик худаша дошта метавонад, вакте ки фарзанди 13-14 солаашро бад ин хол гирифтор кунанд. Ва як суоли мантикии дигар, чаро ки зайд саидво бисёрзана будаасту боз тачовузкор. Ин кадар кувва дар одами якдаста аз кучо аст?
Аз Худо тарсидан даркор, Одаме, ки 40-50 сол барои обруяш чон канд, аммо имруз чинояткору тачовузкор ва ба дигар корхо муттахамаш медонанд. О агар ки дар вокеъ Зайд чиноят мекард, пас аник ки у танхо набуд. Барои ба у кумак кардану дар сатхи чумхурияви чиноят содир карданаш мансабдорон хам кумак кардаги шояд хастанд. Но Бахдо Зайд Хуб саграй шердил бдай, ки аз Франция омаду худаша бо ду дасти адаб ба чанголи шерон афканд. У хам метавонист ки тарки Ватан кунад пулхои доштаашро дар хорич як хаёт хурда гардад. Вале накард.

ГГГГ
Духтархо кам буданду, ЗС ноболигро тачовуз кардаст, чи хел хандаовар..... Кинохои амрикоиро зиёд тамошо мекунанд айбдоркунандагон..... ягон обвинение ачибтар набуд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)