Бахшҳо

"Хап кы", "Чабргади лабргади…" ё "Ма имшаб тра мехом"?

Маҳбуби ГАНҶААЛӢ

Беҳрӯз Зеваров, продюсери маъруфи тоҷик, ахиран дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мазмуни таронаҳои овозхонҳоро ба баҳс кашид.

Ин мавзӯъ зоҳиран аз ёдҳо рафта буд. Бархе соҳибназарон мегуфтанд, танқидҳои зиёд дар расонаҳо овозхонҳоро маҷбур кард, то ба мазмуни таронаҳояшон аҳамият бидиҳанд. Бо ҳамин бисёриҳо умед доштанд, ки акнун ҷумлаи замоне мӯдшудаи «шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям» ба оҳистагӣ моли таърих мешавад.

Аммо вақте Беҳрӯз Зеваров ба ин мавзӯъ баргашт ва як нигоҳи сарсарии мо ҳам ба матни таронаҳо нишон дод, ҳоло низ шоу-бизнеси тоҷик аз гирдоби ҳарфҳои по дар ҳаво ва ғайримантиқӣ берун нарафтааст. Беҳрӯз Зеваров дар саҳифаи Фейсбукаш навишта, ки «ин чӣ мудест, сурудҳои бемазмун навиштан? Ҳамин тавр дар сари мардум ҷой мешавад: «Ту ках, ах, накы", "Бовар намекнм" ("Хап кы"), "Очата бгууу!"...?

«Очата бугу…» таронаи маъруфи Бобои Файз аст, ки чанд соли қабл иҷро кардааст. Аммо танҳо баъди чорабиниҳои аслии ҷашни Наврӯзи имсол дар Душанбе ба таври бесобиқа «мӯд» шуд. Вақте Бобои Файз «Очата бугу»-ро ҳамроҳ бо як хонум дар ҳузури президент иҷро кард, Эмомалӣ Раҳмон ӯро тавсиф намуда, аммо гуфт, ҳамон варианти аввалинаш беҳтар буд. Баъди ин телевизионҳои давлатӣ моломоли «Очата бугу» шуд. Дар мавриди Бобои Файз барномаҳо таҳия карданд ва таронаҳояш фаровон пахш гардид. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо сари ин тарона ва Бобои Файз баланд шуд. Бархеҳо онро як навъ фолклор арзёбӣ карданд, гуруҳе таронаи кӯчагӣ ва гуфтанд, ҷуз суханҳои бемантиқ ва хор кардани забони модарӣ чизе нест.

Аммо «Бовар намекнм» таронаи муосир аст, ки онро Нозияи Кароматулло хондааст.

Беҳрӯз Зеваров, продюсери хонандаҳои муваффақи поп, назири Парвин Юсуфӣ, Ҷонибек Муродов, Таҳмина Ниёзова ва чандеи дигар аст. Аммо гуфта мешавад, мазмуни таронаҳои ин хонандаҳо низ на ҳамеша олӣ ҳастанд. Аз ҷумла таронаи ахири Ҷонибек, ки мегӯяд: «Ма имшаб тра мехом».

Ба ҷуз аз истифодаи зиёди вожаҳои лаҳҷавӣ баъзан дар сурудҳои тоҷикӣ бо калимаҳое дучор мешавед, ки ҳеч тарҷумоне аз кадом забон будани онро муайян карда наметавонад. Барои мисол таронаи «Чабргади»-и Наимҷони Саидалӣ. Наимҷон дар ин суруд мехонад, ки:

“Ҳой чашми ман ба чашми он паричашм афтод, чабргади лабргади, лабргади лу,
Ҳой аз чашми парӣ ба чашми ман чашм афтод, чабргади лабргади, лабргади лу.
Ҳой гуфтам, ки ба чашми худ бубинам чашмаше, чабргади лабргади, лабргади лу,
Ҳой аз чор тарафе ба чашми ман чашм афтод, чабргади лабргади, лабргади лу.”

Ва нақарот:

“Чабргади лабргади, либргада, лабргада, лабргада, лубргада, либргада лу.”

(зиёд талош кардам, ки ин калимаҳоро дуруст нависам, агар ягон ҳарф ғалат шуда бошад, маъзарат мехоҳам)

Шояд, воқеан, ин лабргдадаву либргада, ки ба тезгӯяки мураккабе монанд аст, ягон маъное дошта бошанд, ки мутаассифона хабар надорам. Агар Шумо медонед, лутфан маънидод бикунед.

Як таронаи Парвина Шукруллоева, хонандаи муваффақи тоҷик ҳам замоне сабаби баҳсҳои гарм шуда буд, ки мегуфт,

«Доим садо мекуни маро, лали ҷал(в)ӣ,
Ҳастии ҳарфи туро бошад, лали, ҷалӣ.
Хазон мешавад барги дилат, лали, ҷалӣ,
Бар тану ҷонам мехонам, лали, ҷалӣ».

Ҳоло боз сарпӯши деги шоу бизнесро боз мекунем, бубинем, ин навбат дар кафлезамон чӣ бармеояд (фикр мекунам танҳо овардани матнҳо кофист ва ҳоҷат ба шарҳи ман нест. Аммо агар Шумо шарҳе доред, зери матлаб бинависед).

Рӯзибеки Файзалӣ дар таронаи «Телефон» мехонад:

“Хона таклифт кнм, якшаба меҳмонт кнм,
Номри тилфонта бте, Зебо, ки тилфонт кнм.
Ба Ту Зебо, ки дига мисли ма ошиқ мешава,
Номри телфонша намета оҳ, дилакм зиқ мешава. Номри тилфонта бте, номри тилфонма биги, Номри тилфонша намета, э Хдо ҷонша бигӣ.”

Зоири Икромзод бошад, дар суруди «А духтар» мегӯяд:

“А духта шидай т пухта,
Т ба ма ниго к духта.
Т нигоҳ кни ё накни,
Ма тра кадм шинохта»

Нақорот:
“А дхта, а дхта, ма тра кадм шинохта,
А дхта-йе, а дхта, ма тра кадм шинохта”

Намояндаҳои ҷинсҳои латиф ҳам аз мардон кам намеоянд. Миҷгонаи Мирзо дар суруди «Духтари тоҷик»:

“Манам духтари тоҷик,
Ба ишқат шуда ошиқ,
Сароям аз дилу ҷон,
Миёнам химчаборик…

…Занам сурма ба чашмам,
Ба тан куртаи зебо.
Ба абрӯ усмаи тар,
Ба гуш ҳалқаи тило.
Ба сар тоқии гулдуз,
Ба дастам гирам ҳино.
Ба зулфам мушку анбар,
Шавам зеби тамошо.”

Дар жанри РЭП низ суханҳои бемантиқ кам нестанд. Мо ба шеваи сароидани он ҳоло кор намегирем, чун хусусияти жанр ҳамин аст. Аммо дар бархе маворид суханҳои пайи ҳам барчида ба ҳам мувофиқ нестанд. Дар бештари ҳолатҳо рэпсароҳо маънии калимаҳоро намефаҳманд ва ин сабаб мешавад, онро ғалат истифода кунанд. Масалан дар муаррифии таронаи «Ишқи оригинал»-и Mc Fedya «Истеҳсолоти Ҷадидон» мегӯянд. Ба эҳтимоли қавӣ инҳо «истеҳсоли Ҷадидон» гуфтанӣ ҳастанд.

Дар ин тарона ташбеҳи хеле аҷибе аст (воқеан ба мавзӯи ташбеҳҳо дар матлаби дигар бармегардем, ҳоло танҳо бо овардани ду намуна ва он ҳам аз жанри рэп иктифо мекунем). Mc Fedya мегӯяд, «ишқи ма бд аргинал, ишқи т бд хитоӣ». Баха-84 бошад, ҷое «Ма хирсу ту асалӣ» мехонад.

Ин матлабро дуру дароз навиштан мумкин аст, аммо мақсад ин нест. Барои ислоҳ танҳо намунаҳо басандаанд ва ин ҳам чанд намуна буд, ки навиштем.
Мӯҳр
Дар таърих бисёр забонҳову миллатҳо аз байн рафтанд. Ин ҳам як роҳи гум шудани забони тоҷикӣ аст. Барои чӣ чунин сурудҳо рӯи саҳна меоянд? Барои он, ки сарояндагону шахсоне, ки ба ин сарояндагон дар пахши сурудҳояшон кӯмак мекунанд, ҳамин қадар мефаҳманд, ҳамин қадар медонанд ва бадбахтона, ҳамин қадар завқ доранд. Завқ бошад, - худодод аст. Барои чӣ устод Ҷӯрабек Муродов чунин сурудҳо насароид? Барои он, ки завқи худодод дорад, ба забони модарӣ эҳтиром мегузорад, китоб мехонад.
Вазорати фарҳанг ҳам ҳамин қадар завқ дорад.

Ҳар кас, ки забони модариро гум кард,
Боист, ки гум шавад зи хоки падарон.

Худованд ба ҳамаи чунин сарояндаҳо ақлу фаросату завқу ва кам-кам китобхониро ато фармояд! Омин!!!

Точики Озод
Як сурд аст намедонам сарояндааш ки аст лекин сурудро гуш мекун ягон хазл гуш кардаистодаи фикр мекуни
КАМАК КАМАК КАМ КАМАКЕ https://topvideo.tj/music/128497.html тамошо кнен мана шеру мана сароянда ба Бехруз низ тавсия дода мешавад то як каме вакти худро гущ гузаронад бо ханда албата ки.

Самиябону
Рости, пас аз мутолиаи ин мавод хеле хандидам, хандаи дарднок. Вокеан хам, пурра метавон гуфт, ки эстрадаи имрузи точик ру ба таназзул нихода истодааст. Чаро, ки дигар назорат нест, ба кавле хамаашро бо пул хал мекунанд. Вале дар як чиз хайронам, ки вазорати фарханг пас кучоро менигарад? Оё ин вазорат ягон шуъбае надорад, ки пахни чунин сурудхои бемаъниро манъ намояд? Имруз санъат хор шуд, дигар дар осмон ситора намонд, ба кавле хамаи онхо ба замин фаромаданд. Навиштаат маъкул шуд, МАХБУБ, ки ба риштаи танз кашидаи онхоро. БРАВО!

изхор
Хамин шеърхоеро, ки мавриди барраси гирифтед, як бор аз хамун сароянда пурсед, ки аз кадом шоири маъруф бо чанд сум харидааст((((?????

Офарин апаи Махбубаи Ганчаали. Бехтарин макола, худо нигахбонати туву шавхарату фарзандонат бошад.

Очата бугууууу,очата бугууууу эээээъ!!!
Очата бугу дига мара думод нага.
Дар хар ду пати бинит сияхбод нага.
Очата бугууууу.

Tojik
Boz man fikr kardam, ki tanho manam in bandai besavod in hammai she'rhoi dar bolo zikr shudaro namefahmam

ба фикрам пешбурд, тараккиёт ва офаридани санъатро дар махди чорчубае, хох забон бошад ва чизи дигар номункин аст. чун, ки санъат ин махсулоти озодист, озоди аз сиёсат, дин ва хазорон хазор шарту шароити дигар. тараккиёти санъати муосир пахлухои зиёд дошта тамоми имконоти забон ва фарханги имрузаро дар бар мегирад, аз чумла забонхои хоричи ва лахчахои кучагии забони точикиро хам.

РОСТ АСТ ОНЧИ ГУФТЕД БАРОДАР! МАН ДАР ШАЪНИ ИНХО ЧИЗИ ЗИЁД НАМЕГӮЯМ, ЧУНКИ КУЛЛИ АЙБ ДАР ЧУНИНҲО НЕСТ. МАН САБАБИ АСЛИРО ДАР МАСЪУЛИНИ ҲУКУМАТӢ МЕБИНАМ, ЧУНКИ ҲУКУМАТ МАРДУМРО БА ИН КОР ТАРҒИБ МЕКУНАД. БУБИНЕД ТЕЛЕВИЗИОНУ РАДИО САРОСАР РАҚСУ СУРУД ПАХШ МЕКУНАД. МИСЛИ ИНКИ ТАНҲО ҲАМИНҲО ОНҶО ҲУҚУҚИ БАРОМАД ДОШТА БОШАНД. БОЗ АСАДУЛЛО РАҲМОНОВ ШАРМ НАДОШТА ТАЪРИФ МЕКУНАД, КИ БАРНОМАҲОИ МО БАЁНГАРИ ОНАНД, КИ МО ТАРАФДОРИ ҲУКУМАТИ РАҲМОНЕМ. ЯК НУКТАИ МУҲИМ: ВОИЗОНИ ҲАҚИҚИЕ, КИ СУХАНИ ХУДОВУ ПАЁМБАРРО МЕГӮЯНД, ОНҲОРО МАВРИДИ ТАҲҚИР ҚАРОР МЕДИҲАНД, ДАҲОНАШОНРО МЕБАНДАНД, ДАР ТЕЛЕВИЗИОН РОҲ НАМЕДИҲАНД. АММО АГАР ВОҲИМАҲАМ ШАВАД ҲАРРӮЗ 6 ТО ҲОФИЗУ ҲОФИЗАИ ҒАЙРИҲИРФАӢ РӮИ САҲНА МЕБАРОЯДУ НОМИ МИЛЛАТРО ПАСТ МЕКУНАД, КАСЕ ЧИЗЕ НАМЕГӮЯД.

aseel
salom
rosti hammai in surudho yo ashulaho baroi fasodnamudani jomea ast ki inro vazorati farhang tashviqu targhib mekunad
joi taassuf ast ki mo inu on meguem vale ru ba fasodu fahsho meorem
EY FARHANG KUJORO MENIGARI

Саид
чабргади лабргади, лабргади лу-ро ним аср шодравон Зафар Нозим сароид касе эрод нагирифт, як сарояндаи чавон ки сароид эродхо сар шуд. Баъдан Бехруз Зеваровро "продюсери маъруфи точик" гуфтаед, ки нодуруст аст. Ягон маъруфияти вижа надорад.

Маколаи зур вале ин гуфтахо бародар Беҳрӯз Зеваров бефоида аст чунки ту мегуи вале рохи инро, ки мегирад а бародар увода хозир гуфти худат Шоубизнесан хамаш аи худшонаи бародар барои амин дуруст аст, ки мегуи чунки мумкин ки онхо аз ин рох бар мегарданд. Вале як чизи дига манхам аминро нафахмидам, ки суруди «Чабргади»-и Наимҷони Саидалӣ. ин чи маъно дорад .
“Ҳой чашми ман ба чашми он паричашм афтод, чабргади лабргади, лабргади лу,
Ҳой аз чашми парӣ ба чашми ман чашм афтод, чабргади лабргади, лабргади лу.
Ҳой гуфтам, ки ба чашми худ бубинам чашмаше, чабргади лабргади, лабргади лу,
Ҳой аз чор тарафе ба чашми ман чашм афтод, чабргади лабргади, лабргади лу.”
Махсусан амин т калима "чабргади лабргади" . Суханхои бемаъни ку.

Хохари азиз Шахлохон.Ба фикри ман хатои аз хама бузург аз шумо гузаштааст ва нависандаи ин сатрхо мард аст,бо номи Махбуби Ганчаали.

хамай хами хофизора да я копча пур када дар таи хаму копча номошона навистан даркор лекин Ба хар як ном сад хофиз рост меоя холи ягона инистуте ки баъди тамомкуни чои кор меёви инстути санъатай хамару бандан Хофиз камтар меша бакадр мешаванд баъдан суруди хубам ёфт мешава ки гуш куни

мисоли дига Бобо Рачаб яг суруди хуб дора
Биё брем дашт кадом дашт ЛЮБОЙ дашт ки лайли хайма дора
мисоли дигаш Шабнами Сурайё БУМ-БУМ-БУМ ноздора Халили Бахил

Хамин суруди Наимчонро овозхони махбуб щодравон Зафар Нозим хондааст. Чабргарди ё лабргади ин калимахои киргизи ё казоки ё туркмани будааст , ба гуфти як коршинос . Холи сурудхои Зафар Нозимро гуш кунед, дар байни сурудхош хзамин хам аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)