Бахшҳо

Чопи нахустин шеъри Бозор дар васфи Эмомалӣ Раҳмон

Нахустин мисраъҳои шеъри Бозор Собир, шоири тоҷик дар васфи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба нашр расид.

Ин шеъри Бозор Собир, ки он “Қаҳрамони ваҳдат” номгузорӣ гардида, дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон суруда шудааст, аз 24 мисраъ иборат буда, дар шумораи 90-уми “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 4-уми июл рӯи чоп омад.

Шеъри “Қаҳрамони ваҳдат”-ро, сарояндагони тоҷик инчунин рӯзи 27-уми июн дар маросими таҷлили Рӯзи ваҳдат дар Наврӯзгоҳи марказии шаҳри Душанбе хондаанд, ки чунин аст:

Чун халқи холиқи мо ҳар сӯ зи ҳам ҷудо шуд,
… Беҷо ба зери гардун барҷои мо зи ҷо шуд.
Ҳарфи муҳаббати ту, ҳарфи зи ваҳдати ту,
Бар ҷумла ҷони хаста, монандаи даво шуд,

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Номус парчамат шуд, бас ёди нанг кардӣ,
Дар роҳи сулҳи миллат бо чанг ҷанг кардӣ.
Садҳо гиреҳ кушодӣ, пайваста қалбҳоро,
Бо меҳр сад бағалро холӣ зи санг кардӣ.

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Ҳар роҳи ту чу роҳи бахти сафеди халқ аст,
Неругаҳат чу барқи чашми умеди халқ аст.
Чун марди ваҳдатовар, ҳастӣ саодатовар,
Ҳар рӯзи неки умрат, рӯзи саиди халқ аст.

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Сад минбари баландат маъвои роз бодо,
Иқболи халқи хешат, умре ниёз бодо.
Кӯтоҳ агар бигӯем, сӯи саодати халқ
Дастат дароз бодо, умрат дароз бодо!

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!


Дар лаҳзаҳои хондани ин шеър тариқи телевизион ду бор Бозор Собир ва як бор Эмомалӣ Раҳмон нишон дода шуд.

Ин дар ҳолест, ки Бозор Собир аз нахустин шоирони тоҷике ба шумор меравад, ки дар даврони Шӯравӣ аз сурудан ё навиштани шеър дар ҳаққи ҳизбу ҳукуматдорони коммунист худдорӣ намудааст.

Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки имсол ба синни 75 мерасад, пас аз нунздаҳ соли ғурбат бегоҳи 27-уми май барои иқомати доимӣ ба Тоҷикистон бозгашт. Ин шоири шинохтаи тоҷик, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд.
Мӯҳр
ozod
Шеър хеле чолиб ва дар сабки бозорист. Як замон Бозор Собирро бофахр устод мегуфтем, вале алъон аз гуфтани ин калима шарми кас меояд. Шеъри "Дар сугвории Пабло Неруда" кучосту ин шеър кучост. Чи шуд абете, ки шоир гуфта буд:
Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,
Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире.
Розиям чун Саъди Салмон бо гунохи шоири, дар чох зиндонам кунанд,
Чун Хилоли шеър дар лаб сангборонам кунанд.
Дар холи хозираи Бозор Собир метавон гуфт:
Бетамизихои мардум аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемагз агар лаб во кунад, расво шавад.

Шеър дуст
Дар ин Шеър на маъе ёфт мешавад на чизи дигар..ин (Молбозора) ма ба кули гуфта метавонам,ки шоирам нест ва инро шоир гуфтанхам куфр аст.

Агар наменавишт ин шеърро хонаро шапида мегирифтанд. На шеъраш дар кор на худаш.....

Бегараз Панд
Ачоиб мардум хастем! Хайрон мешавем то дируз хама дар таърифу тавсиф будед, ношукри мекунед миллатам аз Худованд битарсед ба якдигар бухлу кина адоват наварзед, худатон фикр кунед фарзанди шумо оромона то соати 10-11-и шаб дар назди хавлиатон бози мекунад..., оромонакадам мезанед нонатонро бе малол аз хар дукон дарёфт мекунед... аз ин магар шумо сер шудаед? Як чиро фаромуш накунед шохид хастед нафароне, ки аз 20 зиёд доранд бо чашми худ дидед нафароне ки фармонраво буданд (ба кавли худашон чиход карданд бар сари мусалмони худашон) модаронашон шабу руз аз гами фарзанд месузад ё ин ки он гумрохоне ки амри инхоро ичро мекарданд зану модару фарзандони онхо. Хар як нафаре ки дар хунаш калбаш хиси точик буданашро эхсос мекунад бояд фикр кунад баъд андешаву рафтору кирдор. Ман дар ин ботлок оромиро мехохам бас.

Охир чароБозор чунин накнад, агар ин шеъри мадхгунаро наменавишт ачиб буд. Хар касе дар 23 соли охир ба рузгори Бозор мурур кунад мебинад, ки ин мадхия хам давоми мантикии рузгори паси сар кардаи ин шоир аст. У 10 сол мукаддам барои ин ки ба академики зидаёд Шакури неш занад навишта буд, ки: "Шукуров забонашро лесида лесида Рамоновро хушомад гуфт", дар холе ки академик изхри ташаккур кард ки Президент дар хакки академикхо тараххум намуд. Акнун худ дар холе ин шеъри камарзишро менависад, ки мардуми точик ба хукумат боварияшро аз даст додааст. Хулоса, Бозор Собир нияти пок надорад, аз ин ру дар давраи пири чунин бадном шуд! Нузубиллохи мин казои суъ!

"Шеър дар ҳалқ бимирам ман.
Шоири халқ бимирам ман..."
Ин сатрҳо аз Бозор Собиранд. Акнун торихро бинед, ки ин нафаре, ки орзуи шоири халқ мурдан дошт, имрӯз ҳамчун шоири дарбор "мемирад". Лоиқ бо сатри "Саркори мо сар надорад" (Фарёди бефарёдрас) бо сари баланд рафт, Гулрухсор, Гурдофариди тоҷик, бо "Сакарот"-аш дар торих номи худро сабт кард, аммо Бозор бо мадҳияи пуче, ки сазовори мадҳшаванда аст, номи худро мегузорад.
Эҳ, Бозор, Бозор, туро пириву эҳтиёҷ шикаст!!!
Устод, бо мадҳияи худ хонаи хуб гирифтӣ, вале номат дар торих чӣ мешавад??? Аз ин андешидӣ? Аз авлоду пайвандони баномуси худ, ки сари онҳоро хамидӣ, андешидӣ?

Боз омадам то куфли зиндон бишканам!!! Бародархои гайбатчи ва кинатуз охир шоири точик кахрамони Точикистонро васф кардааст. Чи чойи бади дорад? Магар ЧО Имомали кахрамони ЧТ нест? Агар дар ин шабу руз мо кахрамонхое ки омодаанд чонашонро фидо кунанд надошта бошем, ба гуфтаи Нурмухаммади Ато волии шахри Балхи ЧИ Афгонистон моро мисли пода ба ЧУ хай карда мебаранд. Ё аз ба ягмо бурдани 2000 пода чихил гов ва панч чупони точик бехабаред? Модоме ки академики мо Шакури Предидентро ЧО гуфта ном бурд ва мо чапакзани кардем. Сипас бузургони миллат ба ЧО унвони баланди Кахрамони ЧТ доданд ягонтаашон ва ягонтоатон аз устод Бозор пурсида будед, ки тием ё надихем? Ин марди кухистонии точик кахрамонони миллаташро дар зиндагиашон васф мекунад ва бо ин мехохад нишон дихад, ки хар як инсонро дар зиндагияш бояд кадр кард. То кай феъли мурдапарастиву хасми чони хамдигарем......

Дарвеш
Барои чи мо номус ва вичдонамонро барои молу,сарвату,давлати дунё мефурушем? Барои чи мо хамаамон ин хосро ба худамон раво дидаем ва мебинем? Ва барои чи мо аз суханхои хак ва адолатнок мехаросем ва мегурезем ва хакикатро намехохем шунид? ЧАРО,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,,?

мурод
Эх Бозор, Бозор, нав фахмиди зиндагира. Аз хамон давраи совети таъриф мекарди Ленину партияро ин кадар азоб намекашиди.

Ман акнун дарк кардам, ки машхуртарин демократро, машхуртарин шоири дигарандешро, "аз тамоми шоирон як шоири зиндони"-ро низ бо як хона харидан мумкин аст. Дарего ки идеали мардуми равшанфикри точик, ки дар симои шоир Бозор Собир тачассум ёфта буд, аз байн рафт. Баъди шеъри Ленин ва баъди шеърхои баъдии тамаллуккоронааш дигар Бозор он Бозори мо нест....

Сорбони Ошик.РФ
dsf,Агар хазрати Мухаммад,шоиронро маддоху беномус мехонд.пас чаро шоирон дар васфаш газалхову нахту касидаву достонхоро навиштаанд."Усули дин бародар хашт кисм аст,бигуям бо ту хар якро чи исм аст?Аввал тавхид бошад эй мусулмон,дуюм бинои адл омузи ислом.Макоми сеюми бошад,набуввад,макоми чоруми бошад,имомат....инро магар ки навиштааст?.Пас чаро домуллохои рухони аз газалхои Хофизу Бедилу Соибу дигарон иктибосхо меоваранд?.Бозор Собир шоири хуб аст,аммо одами хуб нест.

Мирзо Хучанд
Аввалан бозор пир шуда аклу иродаашро хурдааст шояд аз сабаби бемории СТАРЧЕСКАЯ ДЕМЕНЦИЯ. Агар чунин аст, у маъзур аст. Вале эхтиёткориаш шубхаовар аст, дар мадхияаш номи касеро наовардаст, рузе гуфта метавонад ки ман ин шеърро ба раиси КОМ бахшида навиштаам....

erix
хай дарбор да як шоир кам буд ки пайдо шид lol

хай дарбор да як шоир кам буд ки пайдо шид(ё паёдо кардан) lol

хай дарбор да як шоир кам буд ки пайдо шид(ё паёдо кардан) wink

хай дарбор да як шоир кам буд ки пайдо шид(ё паёдо кардан)

хай дарбор да як шоир кам буд ки пайдо шид(ё паёдо кардан) wink

Рудакии бузург гуфта буд: Замона дигар гашту ман хам дигар....... Барои Бозор Собир, ки фахри халку миллат буд замона низ дигар гаштаасту у хам дигар шудааст. Аз шеъри у:
"Говест дар осмону номаш Парвин,
Як гови дигвр нуҳуфта дар зери замин.
Мо низ дар ин миёна гове дорем,
Ин говаки мо карда подаро рихин". то шеъри дигараш:
"Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!"
вакти зиёд гузаштааст, ки дар ин муддат "устод" кам-кам ба склероз хам гирифтор шудаанд.
Ёд дорам, ки дар бахсу мунозирахои солхои 92-то имруз гулу даронида аз шоири миллат тарафдори мекардем, ки бо як амали ночавонмарда эшон хамаи захматхои халкро барбод дод. Ин хам мегузарад. Шояд президенти нав ба у ягон неъмати дигаре инъом намояд у боз Рахмон-ро танкид карда ба мадхияи у гузарад.

ТОЧИКБАЧАИ КАТОРИ саломат бош бародар бо хам хамфикр хастем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)