Туркҳо Отатурк доранд, эрониҳо -- Хумайнӣ. Мо кӣ дорем?
Халил ҚАЮМЗОД
Хонандаи гиромӣ, дуруд!
Биёед, дар бораи миллат ва фарҳанги тоҷик як баҳси солиму созанда биороем.
Оё мо ҳамчун миллат метавонем сарҷамъ бошем, ё хайр?
Оё мо метавонем барои обрӯи миллатро ҳифз кардан аз Сухан ба амал гузарем?
Оё аз дасти мо коре бармеояд?
Оё бо суханбозию шиорпартоӣ метавон миллатро ба пешрафт бурд?
Медонед, барои чӣ имрӯз Сухан қадру манзалати худро аз даст додааст? Ба фикри ман, Сухан аз ҳад зиёд шуд. Шумо чӣ фикр доред? Шакарро камаш хуб мегӯянд дар урфият. Ба гумонам, рост мегӯянд.
Мо бояд намуна бошем, то ки сухани мо вазну таъсир пайдо кунад. Сухан он вақт метавонад тақдирсоз бошад, ки онро бо амал бипайвандем.
Магар мешавад бо гуфтани дасти ман то ба ситораҳои осмон мерасад дастони мо дар воқеъ ба ситораҳо бирасанд? Магар аз Сухан хаста нашудаем мо?
Пас, чаро бо ин ҳама сухандонӣ мо аз бӯҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ баромада наметавонему натавонистем? Чаро ба дарди муҳоҷирон дармон намебахшем? Онҳое, ки морову давлати моро мехӯронанду мепӯшонанд. На суханони мо! Чаро ин ҳама сухандониҳо миллати моро аз нашъаҷаллобӣ, оҷиз будан дар назди хориҷиён наҷот дода натавонистанд? Чаро ин ҳама сухандониҳои мо моро ба мақсад расонда натавонистанд? Чаро…Чаро…Чаро?
Мо фарҳанги ғанӣ ва қадим дорем мегӯем, аммо дар бораи Самарқанду Бухоро ҳарфе намезанем. Мисле, ки агар ин корро бикунем, моро намефаҳманд ва ё девона мешуморанд. Баъд аз гузаштани чанд даҳсолаи дигар мо дигар ҳаққи даъво карданро ҳам аз даст медиҳем. Имрӯз узбакҳо бо фарҳанги тоҷикӣ мардуми оламро тасхир мекунанду мо ҳанӯз дар тӯфони суханбозӣ мечархем.
Миллати тоҷик миллати шаҳрнишин буд аз қадим, на миллати кӯҳистонӣ. Замони муборизаи фархангҳо даррасид. Кӯҳ дар Тоҷикистон ҳам кӯҳ асту дар Ҳиндустон ҳам ҳамон.
Чаро ин ҳама суханбозиҳои мо аз даруни мо як фидоӣ бароварда натавонист? Ягон нафар аз мо намехоҳад ва наметавонад ҷони худро барои миллат қурбон кунад. Дар мо ҳама чиз то ба ҳадди ифрот расидааст. Аввал Сухан, баъд дин, сиёсат, ҳокимият, ғорат, фиреб, номардӣ, танбалӣ, ҳасуд, нодонӣ, бечорагӣ…
Чаро туркон тавонистанд Отатуркро бипарваранд, эрониҳо Хумайниро, вале мо ҳеч касеро? Ё ҳасту хомӯшанд? Ҳануз бедор нашудаанд, то мардумро аз камдонишию камфарҳангӣ наҷот бидиҳанд? Шахсиятҳое мисли Хумайнӣ ва Отатурк дар қалби мардумашонанд ва бо гузашти ҳар ҳукумате акси онҳо ва номи онҳо, гуфтаҳои онҳо муҳтараманд
Миллати бечораем!?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |