Бахшҳо

САДО: “Савоби ду ракъат намозатонро ба Э.Раҳмон бахшед"

Домулло Абдуррауф, як шаҳрванди Афғонистон, аз минбари масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз ҷавонони тоҷик даъват намуд, то ба қадри сулҳу оромиш бирасанд ва ба гуфтаҳои бегонагон гӯш надиҳанд.

Ӯ, ки дар намози ҷумъаи рӯзи 7-уми июн дар масҷиди марказии Душанбе дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, “кош, Афғонистон низ ба мисли Тоҷикистон як раҳбари хирадманд медошт, то онро ба сулҳу субот мерасонд.”

Домулло Абдуррауфро муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон, Домулло Саидакбар, мурарифӣ карда ва пеш аз оғози намози ҷумъа риштаи суханро ба ӯ дод.

Ба қавли Домулло Абдуррауф, дар Афғонистон зиёда аз се даҳа мешавад, ки ҷанг идома дорад ва ин кишварро ба як озмоишгоҳи силоҳу маводи интиҳорӣ табдил додаанд: “Аз ин рӯ, аз ҷавонони тоҷик даъват мекунам, то ба ҳарфҳое, ки тариқи радио ва расонаҳои гуногуни хориҷӣ садо медиҳанд, гӯш накунанду сулҳро мисли гавҳараки чашму дили худ нигоҳ дошта шукронаи онро ба ҷо оранд.”



Ин шаҳрванди Афғонистон мегӯяд, ӯ тақрибан 12-13 сол пеш дар Тоҷикистон зиндагӣ кардаасту вазъ ва шароити сангини ин кишварро дар он солҳо дар ёд дорад: “Боре ба ёд оред, ки чигуна соатҳои 2 ва 3-и субҳ мехестем ба хотири гирифтани як нон пушти дари мағозаҳо рост меистодем. Баъзан баъди истодани соатҳо наметавонистем, як нонро ба даст орем ва ҳатто мешуд, ки зери латукӯб қарор мегирифтем. Ин сулҳу оромӣ ва сериву пурие, ки мебинен ин худ ба худ наомадааст, ин ҳама танҳову танҳо дар натиҷаи раҳбарии хирадмандонаю дилсӯзонаи раиси кишваратон, Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст.”

Абдуррауф таъкид кард, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аввалин коре, ки даст ба он бояд занад, ин хондани ду ракъат намоз дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон мебошад: “Аввалин коре Шумо бояд кунед, ин гузоридани ду ракъат намоз мебошад ва савоби онро дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон бибахшед. Худо гӯед, то ин оромӣ аз байн наравад, агар як бори дигар ин оромӣ аз байн равад, Шумо дигар наметавонед онро ба ҳам оред.”

Ба суоли мо дар ин бора ки ин нафар чигуна ба минбари масҷиди марказии Душанбе роҳ ёфтаву кӣ аст, муовини муфтӣ гуфт, баъдан дар ин бора хоҳанд гуфт. Зеро баъд аз анҷоми намози ҷумъа сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Абдулғафури Орзу, ба назди муовини раиси Шӯрои уламо рафта, дар бораи Домулло Абдуррауф сӯҳбат мекард.

Дар акс: Домулло Абдуррауф, ки баъд аз адои намози ҷумъа бошитоб аз масҷид берун шуд
Мӯҳр
Ҷумъа Ҷумъаев
Ин бародар танҳо зиндагии шаҳри Душанберо дидааст.
Мувофиқи фармон ягон имоми бегона ҳақ надорад дар минбари масҷид сухан кунад.

шумо аввал дар кишвари худ сулху амниятро баркарор кунед.баъд дигаронро насихат кунед!....,,,кош,Афгонистон низ ба мисли Точикистон як рахбари хирадманд медошт,,,,яъне ки Карзай бехирад аст???ба Ютуб дароед ва филми ,,ВАСНА-ВАZI,,-ро тамошо кунед!ана мавзуъ барои амри маъруфу нахий мункар!!!!

Ин мулло ба чои таъриф кардан аз 18-сола поён ба масчид нарафтан бо сатри аврат дар донишгохо намондан бо риши мусалмонон чакка шудан ин масаларо фахмонад намешуд ки ин гунохи кабираин мулло не хайфи номи муллоги

said
salom
ba in kas chi shudast oyo roh gum kardast ki dar vatani khud in harfhoro namezanad
dar okhir dar in jahon hama meoyad va meravad ammo oneki bo sari baland meravad in vaqt ham khuв rozi ast va ham nomash dar ta,rikh memonad pas kushish namood to sar buland zist

Астагфируллоху! Наход мардумро ба ширк даъват куни. То хол ягон инсон дар хакки паёмбаре а.с. як ракт хам нахондааст!

О чӣ магар руҳониёни мо моро ба шукргузорӣ даъват намекунанд?!! О магар намегуянд, ки ғамхори ҳамдинар бошед?!! О, магар намегуянд, ки дар ҳаққи Ҷаноб дуо кунед (аслан, мегуятанд)?!!! Албатта ва албатта мегуфтанд!!!! Мо дар ягон масҷиде Домуллоеро надидем, ки мардумро аз шукргузорӣ манъ кунанд!!! (Ин як буҳтони дигар нисбати рӯҳониёни кишвар аст!!) Лек чаро ин кас аз хориҷ омада, мардумро бар дуо кардан дар ҳаққи Президенет дастур мефармояд?!!! Зеро, ки ин кас дар берун аст (тоҷик нест) ва хабар надорад, ки ин Ҷаноб чӣ маҳдудиятҳоеро нисбати мардуми мусалмон овардааст!!! Баъд мехоҳанд, ки як фитнаву бадбинӣ нисбати воизон пайдо кунанд. Худованд оқибати мардуми тоҷикро ба хайр биёвар, ки ҷуз худат касе дигар намедонад чӣ мешуда бошад!!!

Аличон
Ин кадар душманони СУЛХ бисёр будааст.....!!!

Оила хурдтарин ячейкаи давлат аст, якхелои коментаршикхо аз ухдаи кори худ набаромада тарки хона карда ба Русия мераванд, давлат гунахкор аст гуфта гаштанд. Хол но ки мо аз худамон мегурезем, аз чанчоли занхо мегурезем. Ватани худатонро обод кунед, фарзандонатонро тарбия кунед, ба нимтаи нон каноат кунед. На мактаб, на масчид ба монади хона таълиму тарбия карда наметавонад. Якеш худаш базур намоз мехона боз даъвои сатр дорад. Шумо як ё ду бор одамонро ба намоз даъват кардед агар гапатонро нагирифтанд ин маънои онро дорад, ки худатон дар вакташ гапи хеч касро нагирифта будед. Баъд ин шармандаги аст, ки афгон моро даъват ба он кунад, ки раисичумхурро хурмат кунем, шукургузори кунем аз сулх ободии точикистон, хол он ки мо дар ин чо зиндаги дорем, хурсандию зикии худро бо хешу акрабо мебинем. Дар имтихо гуфтани хастам ки дар кучое, ки сулх, тенчи ва якдигарфахми аст серию пури мешавад, хурсанди мешавад ва дар охир НОШУКРИ мекунем, чуноне, ки аз коментарии Шумо бародарон мехонем. Дини Ислома пора-пора карден, бо равиахои худатон бо чи мехохен, агар чаноби оли намебуд Шуморо бародарон ба ханафи будан ва пайрави Эмоми Аъзам ташвик намекард, Худо худаш медонист дар хар хона агар 5 фарзанд медошт ба панч равия равон мешуданд баъд Сурия мешудем. Боз дигар хукумати совети аз сари нав намешавад, мо бояд механт кунем, обод кунем аз гиребони ягон кас нагирем ки моро хурон гуем. Шукрона кунем рафта намозхоямонро дар масчид хонем ба сиёсат кордор нашавем, мехнат кунем, рохаташа баъд бинем. Гайбат ва хасудхуриро аз дилхомон дур созем. Мо бояд хурсад бошем, ки одамони дигар, дигар давлатхо хаваси моро мехуранд ва мехнат кунем, ки боз хубтару нектар бошем. Дар панохи Худо бошед.

Асалому алайкум! Бародарон ин домуло мехмони хочи Акбар будааст, ва хамчуноне, ки мо медонем, айни хол муносибат байни оилаи хочи Акбар ва Э Рахмон онкадар вазъи хуб надорад... Пас аз кадом сабаб мехмони хочи Акбар ин гуна суханхоро раво дид?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)