Бахшҳо
28 май 2013 17:19Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

САВОЛИ ШУМО БА САОДАТ АМИРШОЕВА

Саодат Амиршоева, вакили парлумони Тоҷикистон ва муаллифи пешниҳоди манъи издивоҷҳои хешутаборӣ, омодааст, ба саволҳои хонандагони “Озодагон” посух гӯяд.

Пешниҳоди Амиршоева дар бораи манъи издивоҷҳои хешутаборӣ моҳи марти соли ҷорӣ дар Шӯрои Маҷлиси Намояндагон садо дода, мавриди истиқболи аксари депутатҳо қарор гирифт. Ӯ дар шарҳи пешниҳодаш гуфта буд, “ин масъала бояд 15 сол пеш дар Кодекси оила ворид ва бояд мавриди амал қарор мегирифт.”

Зеро ба бовари ӯ, издивоҷҳои хешутаборӣ бештар боиси бо нуқсон ба дунё омадани тифлон шуда, мояи азияти рӯҳии худи ин кӯдакон ва ҳам хонаводаи онҳо мегарданд. “Ҳадаф аз ин пешниҳод танҳо наҷоти миллат ва ба дунё овардани атфоли солиму бардам аст”,-таъкид дошта буд Саодат Амиршоева.

Ҳоло ин вакили Маҷлиси Намояндагон омодааст, дар робита ба ин масъала ва кораш дар парлумон ба саволҳои хонандагон посух бигӯяд. Вале бояд гуфт, саволҳо ва пешниҳодҳое нашр ва ба он посух гуфта мешаванд, ки таҳқири якдигар набошад.

Саодат Амиршоева соли 1953 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Узви фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагон ва узви Кумитаи ин маҷлис оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният аст.

Дорандаи ордени “Нишони фахрӣ”, ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 ва медали ҷашнии “20 -солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон”. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.
Мӯҳр
Dilshod
Oyo shumo ba quron kitobi olloh budanash va ruzi qiyomat bovari dored? Vaxto ki shumo ziddi irodai xudo qonun qabul karda istodaed az xudovand tarsu haros nadored? Shumo muhtara huquq nadored ki boloi mardumi musulmon inguna qonunhoi gayrisharivu beaqlona qabul kuned! Ba shumo yak savoli oddi az mayparastivu nashamandivu sigorkashi kudakoni nosolim ba dunyo meoyad yo az nikohi xeshutabori? Pas charo mashruboti spirtiro man' namekuned ? Chi demokratiya ? Pas bidoned ki nikohi xeshutaboriham demokratiyai dunyavivu demokratiyai islomist. Dar holeki quron man' kardaast mashruboti spirtiro shumo jurat namekuned az xalq metarsed ammo az xudo nametarsed?

Точикбача
Занонро бас аст як хунар .нишинаду бизоянд шерони нар .

Салом, хонум Саодат Амиршоева бисер шодем ки чунин занони фаъол дар Точикистони мо хам хаст.
1. Барои чи ба сатхи хизматрасонии табибон хеч назорат нест? (Беморхонахо саросар дар холати антисанитари карор доранд авал хусус "Карияи боло" Бепул бо бемор хато сухбат намекунанд.)
2. Барои чи сохторхои давлати (милиция) ба чои хизмат ба мардум хавобаландона гап мезананд ва чабр меоваранд (туда шуда дар боги "Рудаки" ба сайёхони хоричи пул талаб мекунанд.).
Аз пешниходи манъи издивочи хешутабори, сад дар сад бо шумо розиам
мувафакият дар корхои ояндаатон орзумандам!

Салом муаллимаи мухтарам.
Як пешниход доштам. Хуб мешуд барои ашхосе, ки кадпастанду касали хастанд барои таваллуди фарзанди зиёд барьерхо барпо мешуданд. Зеро насли имрузаи точиконро бубин хама харобу логару дардманд. Кани ун Рустам. Кани он Восеъу Темурмалик пахлавонхо?
Шояд хандаовар бошад, аммо хадди акал роххои хавасмандкунии серфарзандии ашхоси кави ва камфарзандии ашхоси аз чихати физики сустро дида мебаромадед.
Каблан барои пешниходи гайриоддиам аз хама хонандагон бахшиш мепурсам.

QODIR
DAR HAQIQAT VAKILI MARDUMI BISYOR IQDOMI NEKRO PESHAI KORI KHUD KARDAAST. ZERO IN IQDOM YAKE AZ ROHHOI TOZA KARDANI GENAFONDI MILLAT MAHSUB MEYOBAD.

Албата ман рози хастам, ва тарафдори ин лоиха мебошам чунки тагиротхое, ки ба Кодекси оилаи ЧТ ворид карда мешаванд, аз чумла дар моддаи 14 Кодекси мазкур аввалиндарача пешгири барои насли солим, насли ояндаи мо мебошад, чихеле, ки хамагон мо огах хастем 30% -35% аз ичдивозкунандагони хешу табори ба касалхои гуногуни нуксонхои бадан, (масалан фарк накардани рангхо, касалихои рахид, касалихои рухи ва гайрахо) сабаби ин ичдиводи хешу табори мебошад, вале мутасифона мо ба ин чам пушидем, ва хаминро илова кардани хастам, ки дар бисёр кишвархои дунё тавасути Конун ичдивози хешу табори манъ карда шудааст, ва минатдории худро ба вакили мухтарам Амиршоева С иброз менамоям. Ташаккур муаллимаи азиз!!!

Салим
Хонума Саодат Амиршоева ба Шумо савол:
Барои чи фасодкори дар Точикистон равнак ёфааст. Ба кучое,ки нарави хатман бояд ришва дихи,агар надихи корат анчом намеёбад.

jek
Сабаби асосии бемории ирсии кудакон гуруснагии модарон, набудани шавахарон дар наздашон, танхо чойу чапоти хурдан, махсулоти мухлаташ гузаштаи хитои аст на чизи дигар. Шумо икдом мекардед, ки хар соли 1000 нафар-1000 нафарро аз мухочират бармегардонидед, пешниходе барои амнияти озукавори мекардед, дар солимии насли оянда сахмгузор мебудед.

Ха вокеан, шумо ва хамаи мо 100% бовар дорем, ки ин гуна конун амал карда наметавонад. Шумо чи хел исбот карда метавонед, ки ду нафар оилабунёдкунанда хешу таборанд ва даххо пункти дигар. Пешниходи бепоя дар шароити мо. Ташвиши зиёдати, манбаи порахури барои як зумра одамон, дигар чизе нест

Салом муаллима. Вокеан Шумо конуне пешниход кардед, ки зидди ислом ва зидди Курон аст. Манзурам манъи хешу табори. Ба хамин хотир аз Шумо пурсидан мехохам:
Шумо дар кадом дин карор доред?
Агар мусалмонед чаро зидди дини мубини ислом ва навиштахои Курону худо овоз баланд мекунед?

Пулод
Муаллимаи азиз, лутфан мегуфтед, ки солиёни охир гурух гурух духтарони тоҷики мо намедонам аз нодори ва ё камии мард бошад ки ба шаҳрвандони хитоӣ издивоҷ карда истодаанд. Магар ин тамоюли хатарзо ба генофонди миллат зиён намекунад? Каблан сипосгузорам.

Савлому ъалайкум ва рахматуллохи ва баракотух!!! Ман аз шумо дар бораи авлоди худамон гуфтаниам. Мо Худамонро аз авлоди Паёнбари гироми С.А.В. мехисобем ва Сачараи авлоди мо то имруз бо далел хаст . Ва мо пас аз бобоямон Мухаммад С.А.В то имруз факат бо авлоди худ хонадор шудаем. Ва Шукронаи Аллохи бузург то имруз хамаамон солим ва тансихат хастем. Мехостам пеш аз оне, ки як конунро пешниход кунед аввал ба фармудахои Аллох ва таърихи ислом назар афканед, чунки Шумо хонуми мухтарам худро Мусалмон мехисобед. Агар дар бораи эшонхо маълумоте надошта бошед пас дар байни хамкасбони Шумо Эшон хастанд аз он кас метавонед маълумот бигиред. Вассалому ъалайкум ва рахматуллох.

Мухтарам С. Амиршоева ман сар дар сар тарафдори ин лоихаи пешниходкардаи Шумо њастам , агар шахсони солим дар ин чомеа бо назари покиза ва шафоф назар кунанд, бояд бидонанд, ки давлати мо, давлати хукукбунёд, демократи ва дуняви мебошад ва дин аз давлат чудо аст, дари ни бахс тонхо диндорон амал карда истодаанд, ки мо бояд ба далел ва фактхо назар кунем, чунки дар чомеаи мо руз то руз насли носолим (мачрух, инвалидон) афзуда истодаанд, ки ни хам ба сари оила ва давлат бор шудаистолдааст. Инро бояд чомеа нагз дарк кунад ва инро хама медонанд мо мардуми точик дидаю донита аз хакикат ру мепушем, агар дар насли аввали ичдивози хешу табори пайдо нашавад, ман шуморо бовар мекунонам, ки дар насли дуюм, яен наберагони онхо ба вучуд меояд, ман духтур хастам ва агар ин конун кабул шавад пешгирии хамаи ин касалихо мебошад, ва муалимаи мухтарм боз як бор ба шумо ташаккур!!!

1. Шумо фикр намекунед, ки бо ин пешниҳодатон низом - системаи оиладории миллати тоҷикро вайрон мекунед?
2. Медонед, ки ин хилофи дини ислом аст?
3. Ин озодии инсонҳоро маҳдуд намекунад?
3. Ягон мисол оварда метавонед, албатта, танҳо аз Тоҷикистон, ки ягон оилаи бо миллатҳои дигар издивоҷкарда нобиға таваллуд карда бошад? Ва ин нобиға хеле олӣ забони тоҷикиро донад?

мухтарама Амиршоева С. ташаккури зиёд барои шумо, барои захмату хизматхои шоёни шумо барои давлати азизамон Точикистон ва барои насли наврасон, чавонон !!!!

вакили мухтарам Амиршоева С. конуни пешниходшудаи Шумо ба манфиати чомеа ва чавонони мо ва насли наврас, аз чумла рохи пешгирии касалихои гуногунро гирифтан хаст, яъне пешгирии насли тоза, ва насли солим, гумон мекунам, ки чавонони зиёде хастан, ки тарафдори ин конуни пешниходкардаи шумо мебошанд......як чахон ташаккур барои хизмахои Шумо....

Эзоҳ илова кунед
Маълумот
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии к данной публикации.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)