Бахшҳо
27 май 2013 18:49Тоҷикистон / Сиёсат

Бозор Собир: “Дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд”

Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки имсол ба синни 75 мерасад, бегоҳи 27-уми май ба Тоҷикистон бозгашт.

Ӯ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо хабарнигорони расонаҳои мустақил сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дод ва гуфт, ин сафараш бо даъвати шахсии раисиҷумҳури Тоҷикистон -- Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Вале дар бораи зиндагии доимиаш дар Тоҷикистон, Бозор Собир гуфт, ҳанӯз дар ин бора тасмими дақиқе нагирифта ва намедонад чанд муддат дар кишвар ҳоҳад буд.

Аммо Бозор Собир афзуд, дар муқоиса ба сафарҳои пешинаш аз ин сафар бисёр хушнуд аст. Чун ба гуфтаи худи ӯ, “ҳар дафъа, ки меомадаму мерафтам, касе эътибор намедод. Аммо ин дафъа, ки сафар бо даъвати президент сурат мегирад, аз ман бештару беҳтар пазироӣ карданд.”

Ин шоири шинохтаи тоҷик, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд.

Бозор Собир: “Дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд”


Бегоҳи 27-уми май барои пешвози Бозор Собир дар баробари дӯстону ҳаводоронаш, инчунин Маҳмадсаид Пиров, мудири бахши фарҳангии дастгоҳи раёсати ҷумҳур, Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, Низом Қосим, шоир ва узви Маҷлиси Намояндагон ва Ибодулло Машрабов, раҳбари Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омада буданд.

Ин сафари Бозор Собир бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон панҷ моҳ қабл аз интихоботи президентӣ сурат мегирад. Ва бар хилофи дафъаҳои гузашта хабари бозгашти Бозор Собирро шабакаҳои телевизиони давлатӣ низ намоиш дода, шакли комили гуфтугӯи ӯро пахш карданд. Ин гуфтугӯ зоҳиран қабл аз сӯҳбати Бозор Собир бо намояндагони расонаҳои мустақил ва танҳо бо ҳузури хабарнигорони расмӣ сабт шудааст.

Ӯ дар ин сӯҳбати худ, шоми 27-уми май аз тариқи Шабакаи аввали Тоҷикистон пахш шуд, аз раисиҷмҳур изҳори сипос мекунад, ки бо вуҷуди масоили зиёди кишвар ба масъалаи ӯ ҳам машғул шудааст: “Бисёр ташаккур мегӯям. Мо саддарсад миннатдор. Қаблан аз тариқи хабаргузориҳои байналмилалӣ, мушаххастар аз интернет, бо вазъияти ҷумҳурӣ каму беш шиносам. Дар ин ҷо худсариҳои ҷамъиятӣ зиёд аст. Ҳизбҳои нодаркору ҷамъиятҳои нодаркор бисёранд. Мақсади ҳамаи мо як аст: мардуми замонавӣ бояд ба камол расонем, ки сазовори фахр бошад. Ҳар нависанда бо фахр гӯяд, ки ман мағзи халқам. Дар шакли алоҳида ҳеч чиз намешавад. Пеш аз ҳама бо чорабиниҳо ва кӯшишҳои бевоситаи президент мешавад. Як ман не, балки тамоми интеллегенсияи ҷумҳурӣ бевосита дар паҳлуи президенти ҷумҳурӣ бошем. Ҷамъияти бе контрол нест. Хусусан дар ҷамъияти мутаммадин, ҷамъияе, ки фарнҳангу илм дорад, ҳеч кас худсарона ҳеч кор карда наметавонад. Контрол ҳатмӣ, зарур ва мағзи корҳои дигар аст”

Бозор Собир: “Дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд”


Бозор Собир бори охир се сол пеш аз ин ба Душанбе омада, чанд муддат бо ҳамроҳии ёрону наздиконаш буд ва китоби "Хуни қалам"-аш ҳам дар он замон бо сарпарастии ҳафтаномаи "Нигоҳ" ва бо теъдоди 2 ҳазор нусха аз чоп баромад. Ӯ борҳо дар сӯҳбаташ таъкид мекард, ки бисёр мехоҳад як шаби эҷодияшро бо ҳузури бештари дӯстону наздикон ва ҳаводорон баргузор ва баъд аз он кишварро тарк кунад. Аммо натавонист ин шаби эҷодиро баргузор ва тамоми дӯстдорони шеърашро дар як базм ҷамъоварӣ намояд.

Вале чизе, ки ӯ баъд аз ин сафараш ба ёдгор гузошт, пешниҳод дар бораи бастани Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Бо ин ҳол, сари ҳар чанд вақт бархе аз сокинон бо навиштани нома дар нашрияҳову торнамоҳо бозгашти Бозор Собир ба Тоҷикистонро амри зарурӣ мехонданд ва борҳо дар ин маврид ҳукуматро танқид мекарданд.

Пештар аз ин, Акбари Турсон, донишманди тоҷик, ки понздаҳ сол дар Амрико зиста буд, бо даъвати раисиҷумҳур ба Тоҷикистон омад ва ҳоло раҳбарии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улумро ба уҳда дорад.

Бозор Собир 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1962, дар маҷаллаҳои “Маориф ва маданият” ва “Садои Шарқ” фаъолият кардааст. “Хуни қалам”, “Аз гули хор то симхор”, “Оташбарг”, “Бо чамидан бо чашидан”, “Чашми сафедор”, “Офтобниҳол” аз гулчини ашъори Бозор Собир аст.

Бозор Собир: “Дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд”
Мӯҳр
Хонанда
Бозор мо аз ту безор поят ба лаби гур расид баъд ватан ба ёдат расид!!!

Be Hizb
Janobi Bozor Sobir rost mega , "hami hizbhoi ziyoti chi darkor", "voopsheta hami ODAMOI nodarkoram biser shuday", hamiyoram chi darkor ( chorahoi zaruri amali kardan darkor )

акнун шаби эчодии шоир низ барпо мегардад. мавкеи зиду накизи у дар тазохуроти солхои 90 ба хама маълум аст. шоирон баъзан эхсоси ва сафсатугу мешаванд. ё шояд шоири мухтарами мо пир шудааст. хайр у хам хак дорад, ба ватан биёяд ва андешаашро ироа дорад, факат аз он суистифода нашавад. хак ба хакдор мерасад. агарчи мисли бозорхо садхо таблигарон хам биёянд.

мархама
як дас ба масхафему як даст ба чом гах марди халолему гах марди харом
моем дар ин гумбази фируза рухон на кофири мутлакему на мусулмони тамом. анами шер барои анами шоирай гох ису мезана гох усу ика вакт дар амрико чо мекади бояд хизмати халк накади ки грехти рафти имруз боша омадай ай хизбу сиесат гап мезани ту набуди ки мегуфти точикчстон тамом дигар обод намешавад шумо шоиро хаматон я кучара обод кунен мардум бинану ай шумо ранг гиран ак чуйбора тоза кунен дар я куча ба номи хутон кунену обод кунен бинем факат дар бораи сарватмандон шер менависену пул меканен неки ободитон нол. озодагон озод боши чоп кун

Бозор Собир инсони даркорист ва инро Президент аз дигарон бехтар медонад.

фуруг
Бозор, ки як инсони бемавке ва эхсоси аст шояд барои он даъват шудааст, ки бар зиди Зайд Саидов ягон чиз бигуяд

Дируз дар Файзобод будам, дар зодгохи камина гуё аз омаданаш хама кас ва хама чиз хушнуданд. Он манзараеро дидам, ки шоир дар шеъраш васф карда буд. Борон беист меборид ва роххо низ аз омаданаш тозатар мешуданд.

Бо арзи салом хидмати хамватанони азиз! Пеш аз хама Бозор мисли мо низ як инсон аст. Инсон доимо дар такуомул , тагйир аст. Бо таваччух ба ин, ки Бозор доимо мавкеашро тагир медихад мо бояд наранчем ин аз манкуртгарои дида бехтар аст. Мисли базехоро мебини фикр мекуни, ки оё ин шахс дар хакикат макурт аст ё худро чун манкурт намоиш медихад, ки ман содикона на ба мардум, балки ба фалон шахс хизмат мекунам. Дар хусуси он, ки Бозор Хукумати Шуравиро таъриф мекунад инро фахмидан мумкин аст, чунки бозор Амрикоро, Точикистон, кишвархои исломи ва дигар кишвархоро аз наздик дид ва бо давлати Шурави мукоиса карда, дарк кард, ки ягон давлат мисли давлати Шурави шахрвандонашро нигохубин намекунад. Барои мисол дар хамин Точикистон дар замони шурави як зан хомила мешуд кудак аз батни модар то таваллуд шудан тахти назорати духтурхо буд ва хамаи ин ройгон анчом дода мешуд.Шояд мехохан аз бозор то ба охр расидани интихобот истфода баранд ин ба манфияти мардум низ хаст, чунки Чихеле, ки мо медонем Бозор харзамон мавкеашро тагйи медихаду ба тарафи мардум мегузарад. Илтимос озодагон чоп кун!

Аз шаҳрванди Амрико, ки баробари омадан "ҳизбҳо даркор нест" мегӯяд, шармам меояд. Чаро ин шаҳрванди дигар кишвар ба воқеаҳои дохилии кишвари мо дахолат мекунад?
Пир шуд, муҳтоҷ шуд ва дастнигари Ҷаноби Олӣ шуд. Ҳайфи он Бозори пурғурур, ки ба касе сар намефуровард...
Ин шармандагӣ асту бас.
Устод ба Ватан бемаҳал баргашт ва бо ақидаҳои бехудоӣ баргашт, ки инро дигар ҷомеа, ки дар он 99 % мусалмон аст, намепарварад.

Дилам ба ҳолаш сухт, ки муҳтоҷиву пирӣ дастнигараш кардааст. Акнун ба ӯ хона медиҳанд ва чун минбар истифодааш мекунанд.

Акаи Бозор, хамин мегум хизби нахзата худут мебанди аку?

Одил
Бозор Собирро дигар мардум эътироф намекунанд, чун,ки вай шоири дарбори ва хукуматдорон шудааст.

Ин чи бехудоист Бозор мегуяд Худо хам чои Ленинро намегирад

шохруз
Афсус таърих шоирони маддохро бисёр дар ёд дорад.худованд миллати маро нигах дор аз фитнахои замон

Ali
Аз як сухани Бозор Собир дили нахзатихо дар ларза даромад, ки ин кадар дар пайи танкидаш даромадан))))))))))))

Аввал гуфтаниям, ки хуш омад ба ватанаш баъд аз он дар хотири хамон Бозор Собир хаст, ки чи гуфта буд дар вакти чангдозии ватанаш магар фаромуш кардааст.
Ва вайро касдан (специальна) президент даъват кардааст барои таъриф ва тарафдории худаш...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)