Бахшҳо

Нигоҳи ҷавондухтари Тоҷикистон ба бисёрзанӣ

Галина Юнусова

"Бисёрзании Зайд Саидов ба “арзишҳои умумибашарӣ” зид аст», - гуфта мешавад дар изҳороти додситонии Душанбе.

Ин корҳо ба саҳнаи аҷибе мемонад, ки пур аз бозист.

Дар маҷмӯъ агар бингарем, бисёрзании ҷаноби Саидов кори шахсии ӯ, кори шахсии занҳо ва фарзандонаш аст. Арзишҳои умумибашарӣ чӣ дахл доранд? Агар ҳамаи онҳо – занону фарзандон – зид набошанд, агар худи ӯ розист – бигзор ҳамин тавр зиндагӣ кунанд! Дар бораи кадом арзишҳо метавон сухан ронд?

Ман ба сиёсат кордор нестам. Ман дар корҳои сиёсӣ сарфаҳм намеравам. Аммо ин қазия ба як ҷузъи ҳаёти шахсии инсон дахл дорад. Агар ҳамин тавр зиндагӣ барояшон маъқул аст, бигзор ҳамин тавр зиндагӣ кунанд...

Аммо чӣ гӯем, ки “арзишҳои умумибашарӣ”-и ҳукумати вақт ба ақли солим рост намеояд:

- Тӯли чанд сол аст, ки дар кишвар маҳдудияти нерӯи барқ ҷой дорад, ва борҳо ҳангоми қатъ шудани он “тибқи нақша”, дар таваллудхонаҳо навзодон аз сардӣ мурдаанд...

- Нафақахӯрон ва собиқадорони ҷанг мисли магас мемиранд, чун кӯшиши зинда мондан бо нафақаи микроскопии онҳо бенатиҷа аст...

- Ҳангоми рафту омади меҳмонон ё болонишинон, роҳҳои шаҳр тӯли чанд соат баста мешавад ва мардум маҷбуранд дар зери офтоби тафсон ё сардии зимистон аз як гӯшаи шаҳр ба дигараш пиёда раванд, ё муддати тӯлонӣ дар роҳ мунтазир монанд, то меҳмон назди ҳайкали Сомонї гул гузорад ё дар ягон вазорату сохтори дигари давлатӣ палов хӯрад...

- Маориф надорем. Фақат як сухан ҷоиз аст – НАДОРЕМ. Ҷои баҳс ҳам нест.

- Низоми тандурустӣ умуман вуҷуд надорад. Мурд, бухор шуд, маҳв гардид, ба гузаштагон пайваст. Омин!

- Дарахтони тануманду куҳансоли сояафкан бурида мешаванд...

- Биноҳое, ки арзиши фарҳангию таърихӣ барои шаҳр доранд, тахриб мешаванд, то ба ҷояшон иншооти бетону шишагӣ бардошта шаванд, ки ҳама арзишашон ба миқдори пули барои сохтмон сарфшуда маҳдуд мешавад. Андаке нагузашта, ошёнаҳои ин биноҳо ба ҳам меоянд, қисмҳои он меафтад, оби дар ошёнаи дуюм рехта пас аз панҷ дақиқа дар ошёнаи якум дида мешавад, чун аз болопӯши он мисли элак ба осонӣ мегузарад...

- Кӯдаконро дар кӯча танҳо гузоштан хавфнок аст – хурдтарашонро медузданд, калонтарашонро “облава” мебарад...

PS: АММО МИЛАИ ПАРЧАМИ МО ДАР ҶАҲОН АЗ ҲАМА БАЛАНД АСТ!!! Агарчи барои сохтани он пули ҳангуфт сарф шуда ва шабҳо, ба маҳдудияти барқ нигоҳ накарда, бо прожекторҳои фавқулиқтидор равшан карда мешавад.

Чӣ? Бисёрзана? ПАРОНДА ШАВАД!!!
Мӯҳр
марди худо
Ташаккури зиёд апачон. Дар вокеъ ХХДТ чихати пируз щудан дар интихоботи дар пеш истода хама гуна чорабинихоро гузаронидаистодааст. Тамоми монеахои садди рохаш бударо ба таври зури мехохад барканор намояд. Бинобарин дар чашни 40 солагии нахзат кушишхои зиёде ба субут расониданд. Аз чумла то бегох манъ кардани толибилмону муаллимон дар Донишкадаву Донишгоххо, надодани раводид ба мехмонон ва дигар корхое, ки хамагон ба хуби дар ёд доранд. Акнун муассиси хизби Точикистони нав Зайд Саидро, ки бисёр хам сохибкори бузург аст, ба нишон гиритфаанд ва бахонахое аз кабили бисёрзани ва намедонам якчанд проблемахои дигар, ки танхо баъди таъсиси хизб руи об баромаданд ва то ин вакт чаро касе дар ин бора харф намезад, суолест пардапуш. Хатто барои тахкики фаолияти кории Зайд Саид чор ниходи давлати тафтишот бурда истоддааст. Аз хамин мансабдорони давлати оё танхо Зайд Саидро ба бисёрзанияш ба чавобгари мехоханд бикашанд? Дар холе, ки хеч сару садо ва вокунише аз тарафи ягон зани Зайд саид рух надодааст.

ташакури зиед хохари азиз.бояд кайд кард,ки дар Точикистон холо сафи занхои бешавхар руз то руз зиед мегагдад,сабабаш норасоии зиндагию дурии мардхо, ва аз дину диенат дур будани занхо аст.хуб мешуд,ки фуруши дискхои амри маъруфро ичозат медоданду каме бошад занхои точик аз фоишагихо худдори мекарданд.ва бисер хуб мешуд,ки хукумат барои бисерзанагии мардхо ичозат медод,чунки бисер мардоне хастанд,ки зурашон ба 1,2,3 зан мерасад ва бигузор ин гуна мардхо гиранд зану чамъиятро аз фахшу фахшонияти дур созанд чи хеле ки мегуянд сатхи мутаахилин баланд равад чурму фассод дар чомеа кам мешавад ва иншоолох Точикистони азизамон ободу амони мешавад

Абдулло
Бисёрзании исломи як тачрибаи хал кардани мушкилоти гуногун, ба мисли биологиву ичтимоиву сиёсиву монанди он мебошад. Дар баъзе холатхои мушаххас аз он истифода бурдан мувофики мантик аст.

Дар сайти Озодагон маколаи Галина Юнусоваро хонда,чашмам ба симои часуронаи вазири маориф ки бисёр ба бовари ба суи фардои нек менигарад,афтод.Ба у саволи беихтиёре медихам,ки чаро туро барои бисёрзаният хеч намегуянду писарамаки маро харчанд вазир нест, мегуянд,ё ки агар у низ аз Дангара мебуд хайр...

Галина Юнусова РАХМАТ КУНАД ГУЗАШТАГОТА

замира
офарин, ба гуфтахои дар боло зикр шуда.На маориф дорем, на тандурустии дуруст--- аз хама окиб монда. Муаллим ва духтур, дар давлати демократи, ба гадои дипломдор муббадал гаштааст. Корупция плани кории худро бо доштани духтурон ичро мекунад. Ва хеч гапе нест, ки духтур хонаашро фурухта, аз корупция чонашро харида ба Яман ба кор равон мешавад. Агар дар тамоми дунье духтур ва муаллим яке аз бойтарин шахсиятхо ба хисоб раванд, дар давлати мо баръакс. Ва сад офарин ба З. Саидов, сохиби хамин кадар фарзанд асту аз Ягон занаш ва е фрзандонаш даст накашидааст!!!!!!

Хохари исломии мо сад дар сад суханони худову пайёмбарро гуфтед.

мошоаллох.. худованд сафи чунин духтарони акли солим доштаро дар точикистон ва умуман дар чахон зиёд кунад

Боло
Мебахши, хонума, худут ки шу дори Боре хам фикр намекуни, ки духтаро 40 сола шудаанд,,,, зиеданд, мусоидат кардан даркор, ки аз бероха будана зани дуюм бошанд

ГАЛИНА кулан, хакикатро навиштаанд, кош сафи чунин ГУРДОФАРИДСИФАТОН зиед шаванду Точикистони азиз ро аз макру фиреб, дуругу бухтон, махалгароиву худпарасти ва билохира аз бухрони маънавияту бухрони шахсият озод намоянд. Дастонат сабзу каламат бурро бошад Галиначон.

кобули
Бародар Мирзои Хочимухаммад, агар иблис хам ба хости дили Шумо сухан гуяд таъриф мекунед а? Мисли ин ки "Ботинаш зебост, Худованд хидояташ кунад ин бародарро (яъне Иблисро)"

Агар ин андеша андешаи зани тоҷик бошад, ки он ҳам ба масъалаҳои сиёмӣ сарфаҳм намеравад, оффарин сад оффарин бо ин тарзи нигоҳи солим.

Сафо
Тачрибаи бисёрзаниро дар Афгонистон дида истодаем... Аз безани афгонбачахо ба хар кор рафта истодаанд.... Чунки вакте як кас чор зан мегирад ин маънои онро дорад,ки хакки се дигарро гирифтааст. Гузашта аз ин агар хамин Зайд Саид дар вакти вазир буданаш бо чорзанаги дело мешуд боз хамин Шумо доду вой мекардед, вазирон чор зан гирифта кайфу сафо карда гаштаанд. Имруз ки Зайд Саидов дар сиёсат хамрох шуд дархол рулро тарафи у тоб додед. Агар бо мехнати халол чор занро хуронда пушонда шавад пас чаро дехкони бечора чор зан намегирад. Дар ин бора як бор фикр кунед. Вакте зан бисёр шуд ришвахури ва харомхури зиёд мешавад. Чунки хар зан ба худаш нозу нузи алохида дорад. Тасаввур кунед агар мансабдорони мо чорзани дошта бошанд лаббайгуякхо мачбуранд чор сеткаи тайёр кунанд... Ох метарсам кадом рузе чорзанаги ва ришмониро фарз мекунед.... Ин барои Шумо хело осон аст,чун Шумо барин одамон дар солхои 92-юм одамкуширо фарз карад будед.... Худо хидоятатон кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)