Мақомот Зайд Саидовро дар "бисёрзанӣ" ва "азхудкунии моли дигарон" муттаҳам мекунад
Дар ҳоле, ки Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” шаби 10-уми май ба Фаронса рафтааст, мақомоти Тоҷикистон, рӯзи 11-уми май аз ифтитоҳи ду парванда алайҳи ӯ бо иттиҳоми бисёрзанӣ ва изофанависӣ хабар доданд.
Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо пахши як иттилоия изҳор медорад, ки ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал", ки ба Зайд Саидов тааллуқ дорад, зимни сохтмони баландтарин бинои кишвар, "Душанбе -Плаза" дар соли 2009-ум ба сохтакории санадҳо ва изофанависӣ дар ҳаҷми 1 миллиону 959 ҳазор сомонӣ даст задааст.
Тавре аз Оҷонсии мубориза бо коррупсия ба “Озодагон” иттилоъ доданд, санҷиши сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” ва “Ороиши дохилии (интерери ) ошёнаҳои 1-20, ҳамчунин таҳхонаву тавақуфгоҳи бино” собит намуд, ки зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ масъулини «Тоҷ-Сохтмон-Байналмиллал” дар иншооти мазкур ба изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмонӣ ба маблағи 1 миллиону 959 ҳазору 218 сомонӣ роҳ додаанд. Манбаъ мегӯяд оиди ҳолати мазкур санаи 10 майи соли 2013 аз тарафи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати шахсони масъули ҶДММ «Тоҷ-Сохтмон-Байналмиллал» барои азонихудкунии молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон ва сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Ин дар ҳолест, ки гуруҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав” бо пахши як изҳорот иттилоъ дод, ки хонаи раҳбарашон Зайд Саидов имрӯз, 11-уми май соати 13:55 аз ҷониби додситонӣ ва мақомоти умури дохилӣ мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтааст ва барои бозпурсӣ ҳатто атфоли хонавода, ки кўчактаринашон ҳамагӣ панҷ сол дорад, ба прокуратураи шаҳри Душанбе бурда шудаанд. Тафтишгарон иҷозаи расмии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо барои бозҷӯӣ дар даст доштаанд. Ин амали мақомот ба парвандаи дигари ҷиноӣ марбут дониста мешавад, ки ахиран алайҳи Зайд Саидов бо иттиҳоми бисёрзанӣ боз гардидааст.
Дар ҳамин ҳол “Тоҷикистони нав” менависад, худи Зайд Саидов, ки раиси Федератсияи тенниси рўйи мизи Тоҷикистон мебошад, дар садри дастаи теннисбозони ҷумҳурӣ айни ҳол дар шаҳри Пориси Фаронса қарор дорад. Ин гуруҳ мегӯяд, телефонӣ Саидовро аз қазия огоҳ кардаанд ва ӯ дар ҷавоб изҳор доштааст, ки ба риояи талаботи қонун аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бовар дорад ва ҳаммаслаконашро муътақид сохтааст, ки ин амали тафтишотӣ наметавонад барои таъсиси Ҳизб монеа эҷод кунад. Саидов таъкид кардааст, ки эҳтиром ба қонуну қонуниятро ҳаргиз нодида нагирифта, буду ҳама гуна кирдору гуфтореро, ки боиси адами эътимоди мардум гарданд, дар зиндагӣ раво надидааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 10-уми май гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” зимни як нишасти изтирорӣ аз таъқибу таҳдид ба ҷону моликияти роҳбарашон Зайд Саидов хабар дод.
Маҳмудҷон Қосимов, як аз ташаббускорони “Тоҷикистони нав” изҳор дошта буд, ки баъди эълони таъсиси ҳизби нав ба унвонии Зайд Саидов пайёмакҳое расидаанд, ки дар онҳо аз ҷумла таъкид шудааст, “агар ӯ аз таъсиси ҳизб даст накашад, ба ҳалокат хоҳад расид.” Қосимов таъкид намуд, ки ахиран мақомоти тоҷик тафтишоти корхонаю ширкатҳои Зайд Саидовро пурзӯр намудаанд ва ин ҳам ба таъсиси ҳизби сиёсӣ аз ҷониби ӯ марбут дониста шудааст.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиaтсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, рӯзи 6-уми апрел аз таъсиси ҳизби наве бо номи "Тоҷикистон нав" хабар дода, афзуд, ки талошҳояшон барои ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии кишвар равона хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |