Сафорати Амрико: Ҳар гирдиҳамоӣ дар Тоҷикистон метавонад бо зӯроварӣ анҷомад
Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе аз шаҳрвандонаш, ки дар ин кишвар иқомат ё сафар доранд, даъват кардааст, аз ҳузур дар ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд.
Дар иттилоияе, ки сафорат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҷой додааст, ба шаҳрвандони Амрико тавсия дода мешавад, ки зиракиро аз даст надиҳанд ва аз муҳити атрофашон пайваста огоҳ бошанд. Сафорат ҳушдор додааст, ки ҳар гирдиҳамоӣ дар Тоҷикистон, метавонад бо зӯроварӣ анҷомад ва бинобар ин зарур донистааст, "шаҳрвандони Амрико пайваста ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташонро бо худ бигиранд". Барои таъмини беҳтари амният сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш маслиҳат додааст, ки худро дар барномаи STEP дар интернет, ё худи сафорат сабти ном кунанд, то дар ҳолатҳои муташанниҷ бо онҳо дар тамос шаванд.
Соро Мародалиева, масъули бахши робита бо ҷомеаи сафорати Амрико дар Душанбе дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, ин ҳушдор ба тазоҳуроти 5-уми апрел дар назди сафорати Амрико ва дафтари Созмони Милал дар Душанбе марбут аст, ки дар пайи раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон аз боздоштгоҳе дар пойтахти Украина сурат гирифт. Тазоҳургарон аз он изҳори норозигӣ карда буданд, ки Амрико ба нафаре, ки дар Тоҷикистон барои ҷиноятҳои сангин муттаҳам мешавад, паноҳгоҳи сиёсӣ додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |