Шоҳидии Далер Бобоев, пурсишҳои қозӣ ва раддияи Зайд
Рӯзи ҷумъаи 13-уми сентябр дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав пурсиши айбдоршавандаҳо оғоз шудааст.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, нахуст Далер Бобоев пурсида шуд, ки ӯ нишондодҳои зимни тафтишот додаашро тасдиқ намуд. Бобоев порагирии Зайдро аз Сериқбол Окушев, соҳибкори қазоқ барои коркарди маодин дар кони Ҷоре тасдиқ намудааст.
Қудратов афзуд, дар додгоҳ асосан пурсиш аз рӯи моддаи 319, яъне иттиҳом ба порагирӣ сурат гирифт: “Баъд аз Бобоев бозпурсии Зайд Шерович аз рӯи иттиҳоми порагирӣ оғоз шуд ва ӯ қатъиян ин иттиҳомро рад намуд. Айни ҳол то рӯзи душанбеи 16-уми сентябр дар мурофиа танффус эълон шуд ва дар назар аст, ки бозпурсии Зайд Шерович он рӯз идома ёбад.”
Аммо Қудратов аз ифшои ҷузъиёти посухҳои Зайд Саидов ба далели муҳри махфӣ доштани парванда худдорӣ намуд.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам медонанд. Иттиҳомоте, ки Зайд Саидов тамоми онро рад кардаву худро бегуноҳ мешуморад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |