Бахшҳо
12 сен 2013 14:44Тоҷикистон / Сиёсат

Натиҷаи ташхиси ДНК ба нафъи Зайд Саидов набудааст

Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, дар мурофиаи нахустини додгоҳияш тамоми иттиҳомоти мақомот дар баробари худро бофтаву сохта донист. Ин мурофиаи додгоҳӣ таҳти раҳбарии додраси Додгоҳи олӣ, Шавкат Абдулхайров рӯзи 12-уми сентябр дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ ва паси дарҳои баста сурат гирифт.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, баъд аз анҷоми мурофиа дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, рӯзи панҷшанбе асосан корҳои омодагӣ сурат гирифта, дар назар аст, баррасии асосӣ аз фардо, 13-уми сентябр, оғоз гардад. Қудратов афзуд, дар мурофиаи нахустини додгоҳӣ ташхиси ДНК-ро нишон додаанд, ки гӯиё дар яке аз ташхисгоҳҳои хусусии Русия гузаронда шуда, натиҷаи он мусбат баромадааст. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, дар ин хулосаи ДНК омадааст, ки гӯиё Зайд Саидов эҳтимол падари кӯдаке мебошад, ки аз ҷониби духтари гӯиё таҷовузшуда ба дунё омадааст.

Ин вакили мудофеъ гузарондани ин ташхиси ДНК-ро ғайриқонунӣ дониста ва гуфт, “барои ташхиси ДНК бояд қарордод баста ва аз ҷониби Зайд Шерович имзо гардад.” Ба гуфтаи Қудратов, дар санади ташхиси ДНК, ки дар додгоҳ ироа шуд, аз куҷое имзои Зайд Шерович пайдо гардидааст: “Аз ин худи Зайд Шерович ҳам дар ҳайрат монд, чун ягон санадро барои ташхиси ДНК имзо накардааст. Ҳамаи мо аз ин ташхис бехабар будем.”

Қудратов дар баёни нахустин таассуроташ аз мурофиаи нахустини додгоҳии Зайд Саидов мунсифона баргузор шудани онро аз эҳтимол дур гуфт: “Мо далелҳои қатъии радкунандаи иддаои мақомоту ҷабрдидагонро дорем, аммо онҳо сарфи назар мешаванд. Дар ҳоле ки ваҷҳҳои ҷониби ҷабрдидагон бечунучаро қабул мегарданд.” Ӯ афзуд, дар мурофиаи имрӯза баробари Зайд инчунин Далер Бобоев низ ҳамчун ҷавобгар барои гирифтани ришва аз Сериқбол Окушев, соҳибкори қазоқ ҳузур доштанд. Аз ҷабрдидаҳо имрӯз 4 нафар дар мурофиа иштирок кардаанд ва дар назар аст, суолу ҷавоб бо онҳо аз фардо, 13-уми сентябр оғоз гардад.

Ин вакили мудофеъ гуфт, ба додгоҳ пешниҳод намудаанд, ки баррасии парвандаҳои Зайд, ба истиснои иттиҳоми таҷовуз ба номус ошкоро сурат гиранд: “Он ки дар ин парвандаҳо номи вазирон зикр шудаасту ба ҳамин далел парвандаҳо муҳри махфӣ гирифтаанд, асос шуда наметавонад. Мо ба судяҳо гуфтем, ки вазирӣ вазифаи ҷамъиятӣ аст ва он ки дар парванда эҳтимоли бозпурсии онҳо мавҷуд аст, барои махфӣ кардани парванда кофӣ нест ва ин ягон сирри давлатиро дар бар намегирад.” Қудратов илова намуд, эҳтимол фардо, ба мурофиаи Зайд ду нафар аз наздиконаш роҳ дода шаванд.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам медонанд. Иттиҳомоте, ки Зайд Саидов ҳамаи онро рад кардаву худро бегуноҳ мешуморад.
Мӯҳр
муслима питер
Чи кадар шармовар аст аз дуругу фитнаи ин хукумат ростиям хаста шудем аклан як бор гапи рости мегуфтед хукуматдорони мухтарам ба наздики дар як сомонае хонда будам ки дар кишвари мо худи санчидани днк набудаст холо чи тавр санчидед дафатан хулоса баровардед Хукуматдорони мухтарам зиед аз шумо хохиш дорам ки аз Худованд битарсед тухмат болои касе накунед ин мансаби шумо ду руза аст агар шумо наравед аз мансаб албатта марг шуморо мебарад ва назди худованд чавоб мегуед шумо пурсида мешавед ............

Бок нест. Анлдаки дигар монд ва ба таъбири Пушкин Оковы тяжкие падут, темницы рцхнут и свобода!!! Дар ин интихобот Рахмон пируз мешавад. Вале агар ислохоти сахт накарду Гулу Беку Алимардону дигар наздиконашро дур насохт, варианти араби ин боргохоро мунтазир аст...Ё акли комили асри 21 ва ё шикасти ногузир. Худашон бояд интихоб кунанд

dovud
chun onho vazirand va imzo karda pul giriftand naboyad obruyashon rezonda shavad(albatta obrue ham nadorand) ammo Zayd chun khudi nest harchi ki guftand boyad pushti darhoi basta muhri tasdik girad.
asosan charo inkadar kharojot karda dodgoh bargur mekuned bo dasturi raisi korupsiya ki ijrokunandai prokrotura, sud, vaziri dokhila, amniyat va tomulikhtiyor ast Zaydro mustakim bared zindon
dodgohro ham sharmanda kardedu konunro ham
BAR DUSTONI MILLATI MUSALMON(KI HAMONO DUSTI KHUDO HAM HASTAND) HARCHI RASHKU KINA VARZAND MUHABBATASHON BESHTAR MESHAVAD
dar arafai intikhobot kori khatarnoke bud az sui idorai korupsiya . Yak khizmati khirsona bud ba hukmat va pristizhi on

7777
Муслимабону ташхисс дар Руссия гузаронида шудааст, дуруст хон ва баъд фикратро баён намо.

agar -dnk-a dar russiya kardan durust ast..in rost boshad in zaid pastarin odam budaast.chi xel ba rui zanu farzandonash menigarad?

1000 рахмат рост гуфти Посух додан
муслима питер

фира
Чи дар Руссия духтуронро харидан мушкил аст?як шиша арак тии хамаи чи3а менавесан)у духтаре ,ки Саидов ба гуфти инхо тачовуз кардааст холо 35 сол дорад дар хучато солаша кам кардаанд..

Хисор
hisor,
мегум бародари ё хохари худата ё ба беакли мезани ё вокиъан беакли... о хон адвокат гуфтаст ку “Аз ин худи Зайд Шерович ҳам дар ҳайрат монд, чун ягон санадро барои ташхиси ДНК имзо накардааст. Ҳамаи мо аз ин ташхис бехабар будем.” пас маълум мешавад ки имзои Зайд Саид ро поделка кардагиян ва дар Москва фаршиви кардагиян ё пула калон додагиян то тухматашона рост кунанд.... окибата худо доно тараст

амина
магар дар точикистон дигар юрист е адвокат нест??
хама медонад ки ин адвокат тамоми казияхоро ба фоидаи хукумат хал мекунад
чаро коллегияи адвокатхо кудратовро токат мекунад?
барои он ки у одами хукумат аст - хама медонан ки факат бо хамсояхо чанг мекунад, зану кудаконашро мезанад ва ба хама дод мезанад ки тарсе надорад чунки пушти бакуват дорад

Зайд Саидова Озод кунед,ки онаи зортона мебинед дар рузи к,иёмат бо ин тухматхотон.

Зайд одами хубай .

7777,
Анализи ДНК-и Зайд Саидов дар Русия не балки дар кумитаи амнияти милли ва дар очонсии фасод ташхис шудааст......

Муслим
хукуматдорои мо фикр мекунанд, ки халк боваршон мекунад валле афсус хозир хама мефахманд, ки ин корхои шумо нисбати З ,Саидов бофта ва дуруг астанд, З.Саидов монда набошед

точик
масалаи анализи днк-ро набояд яктарафа хал мекарданд! малум ки хамааш сохта! бечора мардака говсуд карданианд! Худованд дар амонаш нигох дорад ин марди бегунохра!!

Исфара
hisor,
hisor,
hisor,
Пасттарин одам ин ту хасти,ки аз хаво гап мезани!Дар Руссия хар як дармонгохи шахси метавонад днк ро санчад ва харидани дармонгохи шахси ХЕЧ аст!Агар ДНКАро дармонгохи давлатии Руссия мекард ин эътимодбахш буд,вагарна аз суханони адвокатхои Зайд ташхис дар дармонгохи шахси гузаронидаанд.ВА маълум аст,ки он сохта аст!

Муслим
Салом! Худованд ба ман кумак кунанд то навиштаам бе мазмуну пуч набошад.
Эй касоне,ки зидди Зайд Саидов харф менависед, шумо аввалан аз солхои кабли ёд карда то имруз чикадар ин хукумат ба мо сохибони ин сарзамин зулм кард моро саргардону сарсон ба берун аз кивар бароварда мисли гуломи Руссхо ва дигарон карду худ ба мо тахнаомез мегуяд солхои гушнагиро аз ёд набароред! ва аз мавзу дур нарафта гуфтаниям ки мо мардони чун Зайд Саид ватандусту хизматгор зиёд доштему дорем )) Шукран! онон касонеанд, дилашон ба миллат месузад ба мо месузад ва хукумат,ки чунин касонро намехохаду кабулашон надоран онхоро ё ба катл мерасонад ё зиндони мекунад ё аз ватан пеш мекунад чунки имруз ин кудратро дорад! Зайд Саидов хам яке аз онон хаст! Ба тамоми мардуми Мусалмони Точик мерасонам,ки мо мардуми буздилу нодон набудаем дар тули таърих моро мехоханд чунин кунанд аммо мо бояд зирак бошем муйро аз хамир чудо кунем нагузорем ки моро мисли бозича истифода кунанд, аз хамма зарурияш барои мо ин номус аст! дигар нагуем, ин ман нестам ку ин Зайд Саидаст ин ман нестам Умарали Куватов аст. шарм аст барои марди мусалмону марди точик! барои чи шарм аст? барои он,ки ин мардон дар як замони зулм ва нохаки хомуш набуданд, харакат карданд ва чони худ ва фарзандонашонро зери хатар гузоштанд, барои миллат барои мо! сухан зиёд дорам вале бо хамин хотима мекунам. Бузурге мегуяд.
Як нукта бас аст агар шуъур аст,
В-ар на, чу чарог пеши кур аст.
Хамватанони азиз Имон номус ва ватанро эхтиёт кунед! (Муслим)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)