Ташкили Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ барои интихоботи демократӣ
Мушовараи васеи намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсиятҳои сиёсӣ, ки ҳадаф аз он мушаххас кардани барномаву номзади ягона барои интихоботи президентии моҳи ноябр аст, ба Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ барои интихоботи демократӣ табдили ном кард. Ин қарор рӯзи 27-уми июл дар нишасти севуми аъзои Мушовара дар қароргоҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ гирифта шуд.
Қисмати аввали нишасти рӯзи шанбе ба интихоби ном ихтисос ёфта ва иштирокдорон ба мувофиқа расиданд, ки он Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ барои интихоботи демократӣ номгузорӣ шавад.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик ва иштирокдори нишаст гуфтааст, яке аз сабаби ҳушдори мақомот барои дар ин рӯзҳо аз манзилашон берун нашудан ба хотири гармои шадид, ширкат наварзидан дар ин ҷаласа аст. Вай ҳамчунин афзуда, ки “дар берун чанд нафар истода ва ба навор мегиранд, ки кӣ ба дафтари ҲНИТ ворид мешавад.”
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, гуфтааст, набояд дар тасмимгириҳо саросема шуд, чун то интихоботи президентӣ ҳанӯз вақт аст, аммо Шокирҷон мегӯяд, фурсат хеле маҳдуд мебошад.
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор шавад ва то кунун танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демокртаӣ эълон кардааст, ки бо номзади худ -- Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад кард. Инчунин, Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, низ чанде пештар дар ҷавоб ба саволи корбарони шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” эълон дошт, ки агар нерӯҳои демократӣ бихоҳанд, ба ҳайси номзади ягона иштирок мекунад. Аҳзоби дигар, аз ҷумла ҲНИТ ҳанӯз дар бораи шеваи иштирокашон суҳбат накарда, онро ба уҳдаи Анҷумани ҳизб гузоштаанд, ки баъд аз эълони санаи интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |