Оҷонсии фасод аз иттиҳомоти нав алайҳи Зайд Саидов хабар дод
Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн бо пахши як иттилоия аз "ҳолатҳои нави содир шудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини коррупсионӣ аз ҷониби Зайд Саидов ва ҳаммаслакони ӯ" хабар дод.
Ин ниҳод мегӯяд, нисбат ба Зайд Саидов рӯзи 19-уми июни соли 2013 бо аломатҳои моддаи 247, қисми 4, банди «б»-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон парвандаи нав оғоз карда шуд.
Дар иттилоияи пахшкардаи Оҷонсии мубориза бо фасод иттиҳомоти нав алайҳи Саидов чунин оварда шудаанд:
"Моҳи октябри соли 2005 шаҳрванди Қазоқистон Окушев Серикбол Тулеханович - яке аз соҳибкорони муваффақи Қазоқистон, бо мақсади саромоягузорӣ дар истихроҷи коркарди тилло ба Душанбе омада, бо шаҳрванди Тоҷикистон Бобоев Далер Ҷӯрақулович, ки яке аз одамони эътимодноки Зайд Саидов буд, шинос шуд. Бобоев Далер дар навбати худ Окушевро бо собиқ Вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов дар утоқи хизматии охирон шинос намуд, ки дар он ҷо Зайд Саидов ҳуҷҷатҳои геологии кони тиллои «Чоре»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғдро ба сармоягузор Окушев барои омӯзиш дод.
Окушев С.Т. ҳуҷҷатҳоро ба сармоягузорон-роҳбарияти бонки «Турон Алем»-и Чумҳурии Казоқистон пешниҳод намуд, ки онҳо баъди омӯзиш, барои сармоягузории ояндадор ба маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ мактуби кафолати сармоягузории бонкиро доданд. Моҳи январи соли 2006 дар шаҳри Душанбе ҳангоми мулоқоти навбатӣ Окушев С.Т. мактуби кафолатии номбурдаро ба Саидов Зайд дод.
Саидов З. бо мақсади ғаразнок, бо суиистифодаи ваколатҳои мансабӣ, барои иҷрои амали муайян, яъне мусоидат намудан дар гирифтани иҷозатномаи Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон барои истихроҷи кони тиллои «Чоре»-и ноҳияи Айнӣ сараввал аз Окушев С.Т. маблағи 700 ҳазор доллари амрикоиро ба сифати пора талаб намуда, моҳи феврали соли 2006 ҳангоми дар шаҳри Алма-атаи Чумҳурии Казоқистон карор доштанаш дар ҳамиштирокии Бобоев Далер аз Окушев ин маблағро шахсан мегирад.
Тахминан моҳи июни соли 2006 Зайд Саидов аз маблағи гирифтаи пора конеъ нагашта Окушевро аз нав ба Душанбе даъват намуда, аз ӯ иловатан барои ҳалли масъалаи гирифта додани Иҷозатномаи дар боло зикршуда боз оварда додани 800 ҳазор доллари амрикоиро ба сифати пора талаб намуд.
Дар чунин ҳолати ногувор Окушов С.Т., бо назардошти он, ки аллакай маблағи 700-ҳазор доллари амрикоиро дода буд ноилоҷ розӣ шуда, ҳамзамон аз Саидов Зайд кафолати иҷроиши амали муайяни дар боло зикршударо хоҳиш намуд. Зайд Саидов ба сифати гарави иҷрои ӯхдадории дар назди Окушев С.Т. ба зимма гирифтааш, ҳуҷҷатҳои ЧСШК «Тоҷикатлас»-ро, ки қаблан аз зердасташ собиқ директории ЧСШК «Химзавод»-и шаҳри Исфара Чураев Низомхон ба сифати пора гирифта буд ба Окушев С.Т. пешниҳод кард.
Минбаъд Саидов Зайд малбағи 800-ҳазор доллари амрикоии ба сифати пора талаб намудаашро дар чанд лаҳза шахсан ва тавассути ҳаммаслакаш Бобоев Далер аз Окушев С.Т. гирифт. Дар маҷмӯъ Саидов Зайд аз Окушев С.Т. маблағи пораро ба миқдори 1-миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ҳамчун Вазири саноати Чумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани лоҳиаи қарори Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истихроҷи кони тиллои «Чоре»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд мусоидат менамояд.
19 июни соли 2013 оиди ҳолати мазкур нисбати Саидов З.Ш. ва Бобоев Далер Чуракулович бо аломатҳои моддаи 319 қисми 4 бандҳои «а,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои гирифтани пора, аз ҷониби шахси мансабдори давлатии Чумҳурии Тоҷикистон, шахсан ва ба воситаи миёнарав, такроран ба миқдори калон пешбини менамояд) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати Бобоев Д.Ч. низ чораи пешгири дар шакли ба ҳабсгири татбиқ карда шудааст.
Ғайр аз ин Саидов З.Ш. авалҳои соли 2011 дар Федератсияи Россия дар шаҳри Москва бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, такроран, ба миқдори махсусан калон бо шаҳрванди Украина Корецкий Иван Владимирович шинос шуда ба охирин худро ҳамчун тоҷир вобаста ба сохтмонҳои бузург дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ ба боварии Корецкий И.В. даромад.
Минбаъд Саидов Зайд бо суиистифода аз боварии Корецкий И.В.моҳи майи соли 2012 дар шаҳри Москва бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр аз Корецкий И.В. маблағи 1070000 (як миллиону ҳафтод ҳазор) доллари амрикоиро гӯё ба сифати қарз гирифт. Баъдан моҳи декабри соли 2012 Саидов З.Ш. аз маблағи 1070000 доллари амрикоии гирифтааш, маблағи 300000 (сесад ҳазор) доллари ИМА-ро ба Корецкий И.В. дар шаҳри Москва баргардонида боқимонда 770000 доллари амрикоиро тассаруф намуда, онро ба манфиатҳои шахсии худаш сарф намуд.
Дар натиҷа Саидов З.Ш. бо чунин ҳаракатҳои ғайриқонунии худ ба шаҳрванди Украина Корецкий И.В. зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонид."
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, тафтишоти пешакӣ аз рӯи ин ҳодисаҳо идома дорад.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад. Коршиносони тоҷик иттиҳомот алайҳи Зайд Саидовро супоришӣ унвон карда, ба азмаш барои ворид шудан ба майдони сиёсат марбут медонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |