Зайд Саидовро барои бозпурсӣ ба Оҷонсии фасод бурдаанд
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва роҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” имшаб, 19-уми май, зимни бозгашт аз шаҳри Пориси Фаронса аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба Оҷонсии фасод барои бозпурсӣ оварда шудааст. Кормандони Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон Саидовро зимни фаромаданаш аз тайёра гирифта, бе он, ки ба касе аз пешвозгирандагон нишон диҳанд ба бинои Оҷонсӣ дар шаҳри Душанбе интиқол додаанд.
Баъдан Зайд Саидов худаш дар тамоси телефонӣ бо пайвандонаш таъйид кардааст, ки айни ҳол дар бинои Оҷонсии фасод қарор дорад ва аз онҳо даъват намудааст, ки хавотир нашаванд.
Масъулини Оҷонсии фасод дар суҳбат бо пайвандону атрофиёни Саидов, ки айни ҳол дар назди бинои оҷонсӣ ҷамъ шудаанд, изҳор доштаанд, ки ин боздошт набуда, танҳо бозпурсист. Бо вуҷуд ҳатто ба вакили дифоъ, Исҳоқ Табаров ҳам иҷозат надодаанд, ки бо Саидов мулоқот кунад.
Қаблан Оҷонсии фасод ширкати Зайд Саидов, “Тоҷсохтмон-байналмилал”-ро дар изофанависӣ зимни сохтумони бинои “Душанбе-Плаза” ва азхудкунии моли дигарон дар ҳаҷми калон муттаҳам карда, изҳор дошт, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Аммо баъдан масъулини Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ташреҳ доданд, ки “Аз натиҷаи санҷиш дар ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” барои азонихудкунии молу мулки ғайр ба миқдори махсусан калон ва сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Вале он нисбати Зайд Саидов ягон хел дахл надорад.Барои камбудиҳои ошкоршуда на муассис, ки Хайруло, писари Зайд Саидов мебошад, балки роҳбарияти ширкат бояд ҷавоб гӯяд.”
Ин парванда дар расонаҳо давоми маъракаи густурдаи мақомот алайҳи Зайд Саидов арзёбӣ шуд, ки баъди эълон дар бораи таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” роҳандозӣ гардид. Инчунин додситонӣ Саидовро дар серзанагӣ муттаҳам карда буд.
Бисёре аз коршиносон ин иттиҳомотро сохта ва супоришӣ унвон карда, ба талошҳои Саидов барои таъсиси ҳизб ва дахолат ба сиёсат марбут медонанд.
Зайд Саидов, моҳи апрели соли равон аз нияташ барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” иттилоъ дода, таъкид намуд, ки самти асосии фаъолияташ беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар хоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |