Кормандони мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ се сокини пойтахтро бо иттиҳоми сӯйиқасд ба куштор дастгир карданд.
Тавре аз ин вазорат ба Озодагон иттилоъ доданд, инҳо Шералӣ Муродови 21- сола, сокини кӯчаи Гогол, Камолиддини Тошзодаи 19-сола, сокини кӯчаи Мирзо Турсунзода ва Абдулазиз Шарифҷони 22- сола, сокини кӯчаи Энергетик мебошанд.
Бино ба қавли манбаъ, боздоштшудагон рӯзи 26-уми августи соли равон, соати 23:30 дақиқа, дар назди тарабхонаи «Бешаи Палангон» бо Сорбон Музаффарбеков, сокини кӯчаи Борбад, Даврон Нозимови 22-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Ҷамшед Ибодови 22 сола, сокини кӯчаи Борбад муноқиша карда, онҳоро лату кӯб намуданд. Ҳамзамон, Шералӣ Муродов бо корди дар дасташ буда, якчанд маротиба ба узвҳои бадани Сорбон Музаффарбеков задааст. Бар асари захмҳои бардошта, Сорбон Музаффарбеков дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки Шералӣ Муродов, қаблан бо моддаи 237 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гашта буд.
Мӯҳр