БДА: Мошинҳои худро ба зимистон омода кунед!
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон дар пайи эълони ҳавои номусоид ва бориши барфу борон аз ронандаҳо даъват кардааст, воситаҳои нақлиёти худро барои истифодабарӣ ба фасли зимистон омода намоянд.
Ин ниҳод бо такя ба иттилои Агентии бодуҳавошиносии кишвар гуфтааст, аз 19 ноябри соли равон дар қаламрави кишвар боришоти зиёди барфу борон пешгӯӣ шудааст. БДА ба ронандаҳое, ки тавассути ағбаҳо ва минтақаҳои мушкилгузар ҳаракат менамоянд, тавсия додааст, таҷҳизоти иловагии зиддилағшиш, яъне занҷир, болиштаки зиддилағшиш, аломати исти садамавӣ бо худ бигиранд: “Хуб мешуд, ки бе зарурат иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ дар ин рӯзҳо ба сафар набароянд”.
Аз ин пештар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон эълон кард, ки аз 19 то 26 ноябри соли равон ҳаво ноустувор хоҳад шуд. Ин ниҳод аз сокинони кишвар даъват кард, дар ин рӯзҳо ҳаракатро тавассути роҳҳои куҳӣ маҳдуд сохта, аз кӯчаву гузаргоҳҳо бо эҳтиёт ҳаракат намоянд ва ба хатти интиқоли нерӯи барқ бештар диққат диҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |