Таҳдиди Русия барои қатъи парвозҳо ба Тоҷикистон ва посухи Душанбе
Русия таҳдид кардааст, ки агар Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ин кишвар аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе иҷозат надиҳад, аз ҳафтаи оянда алоқаи ҳавоӣ миёни ин ду кишвар комилан қатъ хоҳад шуд.
Дар ин бора расонаҳои Русия аз қавли Вазорати нақлиёти ин кишвар иттилоъ дода, афзудаанд, ки ин иқдом посух ба саркашии мақомоти Тоҷикистон аст.
Ба иттилои масъулини Вазорати нақлиёти Русия ҷониби Тоҷикистон барои парвозҳо аз фурудгоҳи нави Жуковск ба Душанбею Хуҷанд иҷозат надодааст, ба он далел, ки Русия тариқи яктарафа мехоҳад саҳмашро дар бозори мусофирбарии ду кишвар зиёд намояд: “Барои анҷоми парвозҳо аз Жуковск ба Душанбею Хуҷанд ширкати русии “Уралские авиалинии” таъин шудаст, аммо мақомоти Тоҷикистон мухолифи ин иқдоманд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, Жуковск чорумин фурудгоҳи Маскав хоҳад буд, ки аз он ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом дода мешаванд ва ин тариқи яктарафа зиёд намудани саҳми Русия аст. Барои иҷозати парвоз бояд созишномаи дуҷониба дар умури алоқаи ҳавоӣ бозбинӣ шавад”.
Аммо Русия иддао дорад, ки ба Маскав фурудгоҳҳои Внуково, Домодедово, Шереметево рабт доранд ва фурудгоҳи байналмилалии Жуковск, ки моҳи майи соли равон мавриди истифода қарор гирифт, ба Раменск шомил аст.
Русия иддао дорад, ки талоши Тоҷикистон барои муайян намудани мақоми фурудгоҳ дахолат ба умури дохилии мақомоти Русия мебошад. Русия ҳушдор додааст, ки дар сурати пофишории мақомоти тоҷик ба мавқеашон аз 8-уми ноябри соли равон алоқаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон қатъ хоҳад шуд.
Аммо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, баррасии ин масъала даҳаи сеюми моҳи ноябр дар назар аст. Ба иттилои манбаъ айни ҳол дар самти Маскав ду ширкати тоҷикистонӣ ва ду ширкати русиягӣ парвозҳоро анҷом медиҳанд: “Парвозҳо аз фурудгоҳи нави Жуковск метавонанд барои ширкатҳо зараровар бошанд. Ин масъала дар асоси созишномаи дуҷониба бояд ҳал шавад”.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои анҷоми парвозҳо ба ширкатҳои Русия то моҳи марти соли равон иҷозатнома додаанд, аммо ҷониби Русия дар мавриди додани иҷозатнома ба ширкатҳои тоҷикистонӣ таъхиркорӣ мекунад: “Муҳлти иҷозати ширкатҳои тоҷикистонӣ охири моҳи равон анҷом меёбад. Баррасии ин масъалаҳо моҳи даҳаи сеюми моҳи ноябр дар назар аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |