Раиси Кумитаи андоз: Қарз зиёд шуд, вазъи корхонаҳо хуб нест
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон имрӯз, 12 октябр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон бо таассуф изҳор дошт, ки қарзи соҳибкорону корхонаҳо аз андоз дар кишвар афзоиш ёфтааст.
Нусратулло Давлатзода, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”-ро муаррифӣ менамуд, гуфт, қарзҳо аз андоз тайи 9 моҳи соли равон 125 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, ба 825 миллион сомонӣ баробар шудаанд.
Ӯ афзуд, ки муттассифона корҳо дар самти ҷамъоварии бақияи андозҳо натиҷаи дилхоҳ надодаанд: “Вазъи корхонаҳо низ бо сабабҳои омилҳои берна чандон хуб нест”.
Давлатзода афзуд, ҳоло 30% соҳибкорон бақияи қарзи андозҳои худро надодаанд. Раиси Кумитаи андоз дар мавриди пардохтҳои ҳатмии андоз изҳор дошт, ки қаблан онҳо дар қарорҳои ҳукумат муайян мешуданд, аммо баъди қабули тағйиру иловаҳо мақомоти қонунгузорӣ низ ба ин раванд ҷалб мешаванд: “Ин масъулиятро дар пардохти андозҳо бештар мекунад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |