Муроҷиатнома ба Путин барои ҳимояи Емеляненко аз чеченҳо (ВИДЕО)
Шаҳрвандони Русия аз Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар дархост кардаанд, ки Фёдор Емеляненко, варзишгари маъруфи русро аз ҳамлаи бошандагони Чеченистон дифоъ кунад.
Дар пайи интиқоди Емеляненко аз муҳорибаҳои омехтаи кӯдакон дар Грозний, ки бо иштироки писарони Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон баргузор шуд, варзишгари рус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳадафи таҳқиру таҳдидҳо қарор гирифтааст. Фарохон барои ҳифзи Емеляненко дар торнамои Change.org ба роҳ андохта шуда, то ҳол 63 ҳазору 183 нафар аз он ҳимоят кардаанд. Дар матни фарохон омадааст: “Муҳтарам Владимир Владимирович! Аз шумо хоҳиш мекунем, ки ба қазияи Федор Емеляненко ва Рамазон Қодиров таваҷҷуҳ кунед. Федор варзишгари бузург ва намунаи мардонагӣ мебошад. Ӯ ба ҳайси раҳбари анҷумани муҳорибаҳои омехта ба нақзи қоидаи мусобиқа аз суӣ раҳбари ҷумҳурӣ вокуниш нишон додааст ва арзандаи чунин тавҳин нест. Умед дорем, ки шумо ба ин қазия дахолат ва варзишгару бародари имонии моро аз ҳамла ҳимоят мекунед”.
Дар пайи ин Федор Емеляненко, президенти Иттиҳоди муҳорибаҳои омехта (ММА)-и Русия бо нашри як изҳорот ин сабқатро танқид кард: “Баромади кудакони 8-сола бояд намоишӣ мебуд, аммо дар асл ба мусобиқа табдил ёфт. Мувофиқи қоидаҳои варзиши Вазорати тарбияи ҷисмонии Федератсия Русия варзишгарони 21-сола бояд ба майдони ҳарб бо шлем ва то 12 сола бо либоси махсуси варзишӣ бароянд. Ба кудакони то 12 сола баромад кардан аз рӯи қоидаҳои муҳорибаҳои омехта умуман манъ карда шудааст. Ҳодисае, ки дар сабқати Грозний ба вуқӯъ пайваст, ғайри қобили қабул аст”.
Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон мухолифати Фёдор Емеляненко, президенти Иттиҳоди муҳорибаҳои омехта (ММА)-и Русия алайҳи муҳорибаи кӯдакон дар Грознийро нодуруст хонд.
Қодиров дар саҳифааш дар Instagram навиштааст, ки “вокуниши Фёдор Емеляненко ба муҳорибаҳои намоишии кӯдакон дар мусобиқаи Grand Prix Akhmat-2016-ро мефаҳмид, агар ӯ аз сухани нек дар мавриди ин мусобиқа ва аҳамияташ оғоз мекард. Ҳамчун паҳлавон ва ватандӯст Чеченистонро бо ид табрик мекарду як бор меомад, медид, ки мо мусобиқаҳоро чи гуна мегузаронему барои рушди варзиш чӣ кор мекунем. Аммо наҳваи изҳороти ӯ суолбарангез аст”.
Раисиҷумҳури Чеченистон бо зикри гуфтаҳои Емеляненко, ки ҳар нафар бояд аз худ ва оилааш оғоз кунад, афзудааст, ки нашри акси кӯдакҳои бегона ва таҳрики шарҳҳо дар зери он худаш хилофи этикаю арзишҳои маънавист: “Мо аз кӯдакӣ ватандӯсту ҳомиёни Русияро тарбия мекунем. Фёдор Шумо ноҳақед. Паҳлавонҳои рус чунин намекунанд”.
Дар баробари Емеляненко Расул Боқиев, паҳлавони тоҷики муқими Русия низ гуфтааст, набояд кудакони то 8-сола ба муҳорибаҳои омехта ҷалб шаванд: “Ҳатто бо шлем мубориза дар чунин синну сол хатар дорад, кӯдакон бояд аз ҷиҳати ақлонӣ рушд кунанд, китоб хонанд на ба чунин навъи варзиши хатарнок машғул шаванд. Дар ин намуди рақобат як зарба метавонад кӯдакро то охири умр маъюб кунад ва ин барои аъзоёни оилаи онҳо дарди сахт хоҳад буд”.